Миллати тоҷик аз рӯзи ба арсаи таърих қадам ниҳоданаш дорои давлату давлатдории азим будааст ва инро давлатдории муосири тоҷикон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар исбот намуд. Таърих нишон додааст, ки давлатдории намунавиро миллате карда метавонад, ки дорои дониш ва хиради мукаммал аст ва боз ҳам тоҷикон ҳамеша аз ин ду хазинаи ганҷ баҳравар будаанд. Миллати мо дар тӯли таърих тавассути дониш ва хирад, рафтору муносибати худ маҷмуи ҷашну маросимҳоеро ба вуҷуд овард, такомул ва таҳаввул дод, ки онҳо ба маҷмуи дастурҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ табдил ёфтанд. Рафта-рафта, ин ҷашну маросимҳо сарҳади миллиро убур намуда, ҷаҳонӣ шудан гирифтанд ва мардуми олам аз баракати миллати мо саршори хушиҳои ин ҷашнҳо гардиданд. Магар Иди бузурги Наврӯз аз ин қабил ҷашнҳо нест, ки бо ибтикор ва ташаббусҳои Пешвои миллат мартабаи ҷаҳонӣ гирифт!?
Дар қатори Наврӯзи оламафрӯз, ҷашнҳои Сада, Тиргон ва Меҳргон низ эҳё гардиданд ва ин эҳёшавии онҳо низ ба хайри Истиқлоли Ватан ва ташаббуси фарзанди фарзонаи он Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Ӯ аст, ки ҷашнҳои миллии моро эҳё кард. Дар ин гузориши кӯтоҳ роҷеъ ба чанд ҷанбаи ҷашни Сада, ки имрӯзҳо мардуми мо онро дар саросари кишвар таҷлил менамоянд, муроҷиат мекунем.
Пеш аз ҳама, ҷашни Сада низ чун ҷашнҳои дигари бузурги миллӣ таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, худогоҳию хештаншиносӣ, ахлоқу меҳнатдӯстӣ, иртибот бо табиату қонуниятҳои он ва амсоли ин мебошад. Ин ҷашн миллати моро дар тамоми давраҳои таърихӣ ҳамроҳ будааст то ба имрӯз. Вале то ба мо расидани ин ҷашн, вай ҳазорҳо сахтиву пастиву баландиро аз сар гузарондаст.
Ҷашни Сада дар масири таърих ташаккул ёфта, байни халқ маҳбубияти хоссаеро касб кардааст. Тавре сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, Сада ҳанӯз дар давлатҳои Пешдодиёну Каёниён васеъ таҷлил мегардид. Муаррихон ва ҳаводорони таърих қайд мекунанд, ки ҳанӯз дар аҳди Каёниён дар шаҳри Балх, ки пойтахти ин давлат ба шумор мерафт, гулхани баланди Сада фурӯзон шуда, мардумон бо нишоти том ҷашнро пешвоз мегирифтанд. Шоҳони Каёнӣ - Луҳросп ва Гуштосп бошанд, ҷашнгирии Садаро ба бараҷаи баланд бардоштанд. Онҳо то дараҷае ба он дилбастагӣ доштанд ва онро чунон мегузаронданд, ки мардум бовар дошт, маҳз ҳамин подшоҳон асосгузори ҷашни Сада буданд. Бинобар ахбори то ба мо расида, Луҳросп пас аз Кайхусрав шоҳи давлати Каёниён гардида, атрофи шаҳри Балхро девор гирифт ва мардумро аз ҳуҷуми душманон эмин нигоҳ дошт. Ба навиштаи Ҳаким Фирдавсӣ ӯ барои таҷлили ҷашнҳои Меҳргону Сада ва Наврӯз майдону оташкада ва дӯкону растаҳо кушод.
Суннати падарашро шоҳ Гуштосп низ идома дод. Мақому манзалати ин ҷашн ҳамчун суннати ориёӣ дар замони давлати Ҳахоманишиҳо, ки аз солҳои 550 то 330 пеш аз милод давом карда буд, кам нашуд. Аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ, таҷлили ҷашнҳои миллии мо дар замони ҳукмронии Куруш (550 – 530 пеш аз милод) ва Дориюши I (522 – 486 пеш аз милод) ба таври хосса мегузашт. Дар ин давра дар шаҳри Персополис (Тахти Ҷамшед) растаҳо, бозор ва толорҳои барҳавое барои таҷлили ҷашнҳои ниёгон, аз ҷумла Сада, бунёд намуданд. Аз рӯи ривоятҳо, дар Ҷашни Сада шоҳон бештар эҳсонкорӣ менамуданд. Замони ҳукмронии сулолаҳои Ашкониён (247 пм – то 223 мелодӣ) ва Сосониён (224 – 651 мелодӣ) ин ҷашнҳо хело густарда таҷлил мешуданд. Бузургоне чун Абурайҳон Берунӣ ва Имомуддин Закарёи Қазвинӣ маълумотеро низ овардаанд, ки тибқи он бунёдгузори ин ҷашн гӯё асосгузори давлати Сосониён Ардашери Бобакон (224 – 241) бошад. Бинобар он, ки Ардашери Бобакон ҷашнҳои бостониро бошукӯҳ таҷлил менамуд, баъзе аз солноманависони вақт ӯро асосгузори ин ҷашнҳо номидаанд.
Ҷашни Сада дар замони Сомониён шукӯҳи беандоза дошт ва аз ин ҷиҳат, он пас аз пошхӯрии ин давлатдории овозадор дар муҳити давлатҳои турктабори Ғазнавиён (963 – 1186), Қарахониён (992 – 1212), Салҷуқиён (1038 – 1190) ва Хоразмшоҳиён (1127 – 1220) низ пойбарҷо монд. Барои ин хулоса ёд намудан аз осори шоирони ин давраҳо ба мисли Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асадии Тӯсӣ, Низоми Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ даҳҳо нафари дигар бас аст, ки онҳо ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Садаро бо эҳтиром ва тавсифҳои махсус месароиданд.
Яке аз маросимҳои ҷашни Сада, ки дар сарчашмаҳо аз он ёди зиёд мешавад, шаби Ялдо аст, ки чун анъана ва чун нишоне аз ҷашни Сада дар миёни мардум боқӣ монд ва таҷлил мегардид. Барои мисол, шаби Ялдо, чиллаи калон ва чиллаи хурд, моҳи ҳут, ки ба Сада алоқаманданд дар солшумории мардумӣ ворид шудаю садсолаҳо мардум аз он то ба имрӯз, истифода мекунанд. Ҳамин таъсири ҷашни Сада буд, ки дар миёни тоҷикони минтақаҳои кӯҳистон шабнишиниҳо доир мегардиданд ва онҳо маҳз аз шаби Ялдо ба мерос мондаанд. Шабнишиниҳои мазкур бо фазлу ҳазл мегузаштанд ва дорои характери тарбиявӣ буданд.
Ҷашни Сада аз сипарӣ шудани фасли зимистон, наздик омадани фасли баҳор ва аз оғозёбии кори деҳқон мужда мерасонад. Фарорасии ин ҷашн аз рӯйи солшумории ҳиҷрӣ ба даҳум рӯзи Баҳманмоҳ ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба рӯзи 30-юми январ рост меояд. Сада пас аз ба охир расидани 40 рӯзи шаби Ялдо ҷашн гирифта мешавад, ки гувоҳидиҳандаи пирӯзии гармӣ бар сардӣ аст.
“Сада” вожаи форсӣ аст ва дар манбаъҳо ба маънои рақами “100” омадааст. Фосилаи миёни ҷашни Сада ва Наврӯз 50 шабонарӯз, яъне 50 рӯз ва 50 шабро ташкил медиҳад, ки ба ин хотир номи онро Сада гузоштаанд. Иди Сада пас аз сад рӯзи ҷамъоварии ҳосили кишоварзӣ ва панҷоҳ рӯз то таҷлили Наврӯз рост меояд. Моҳияти вожаи садаро ин арҷгузорӣ ба неъматҳои бузурги табиат - оташ, гармӣ ва рӯшноӣ ташкил медиҳанд.
Ҷашни Сада ҳамчунин, ба хотири гиромидошти неъмати бузурги табиат - оташ таҷлил мегардид. Чунон ки гуфтем, мардуми қадимаи ориёитабор ҷашни Садаро бо афрӯхтани оташи бузург барпо менамуданд. Онҳо бо ин амали худ бовар доштанд, ки замони сардӣ ба охир расидааст ва гармиву нармӣ вориди рӯзгори мардум мегардад. Хушҳолии худро аз гузаштани фасли сардӣ бо афрӯхтани оташ, ки рамзи рӯшноӣ ва гармӣ буд, иброз медоштанд.
Таърихи начандон дури мо гувоҳ аст, ки бовуҷуди таърихи қадима доштанаш, ин ҷашн муддате аз назарҳо дур монда буд. Ва аз баракати файзи истиқлоли Ватан ва ташаббуси Пешвои миллат ин ҷашн чанд сол пеш ба ҳаёти мардуми тоҷик дубора баргашт. Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” дар баробари дигар ҷашну оинҳои миллӣ, ҷашни Сада дубора эҳё гардид. Ҳоло иди Сада рӯзи 30-юми январ дар Тоҷикистон ҳамасола бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни Сада, ҷашни дилгармӣ ва муҳаббат, ҷашни дилсӯзию меҳрубонӣ барои кулли мардуми мо муборак бошад!
Давлатмо Зайдуллоева, мудири китобхонаи илмии ДДТТ