ПАЁМ - ДАСТУРИ РАҲНАМО ВА ҲИДОЯТКУНАНДА

Бинанда: 88 | Санаи нашр: 31 Январ 2025

Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, метавон дастури раҳнамо ва ҳидояткунанда ҷиҳати пешбурди тамоми соҳаҳо ва шукуфоии кишвар барои як ва якчанд соли оянда арзёбӣ кард.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии хешро бо ёдрас кардани мушкилоти вазъи иқтисодии ҷаҳонӣ оғоз намуда, пеш аз ҳама, вазъи бархурдҳои манофеи сиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, инчунин паёмадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон, яроқнокшавии бошитоб ва халалёбии низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳоро ҳамчун воқеъияти вазъияти кунунии ҷаҳон бозтоб намуданд.

Роҳбари кишвар новобаста аз мушкилоти мавҷудаи сатҳи ҷаҳонӣ соли сипаригардидаро барои мардуми шарифи кишвар соли бобарор арзёбӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки Паём роҳҳои таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакатро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намуда, шароити амалӣ кардани онҳоро аз лиҳози мантиқӣ бо истинод ба усул ва роҳкорҳои таҷрибавии иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои сифатӣ ва миқдории макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Дар Паёми Роҳбари давлат қайд гардид, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфта, дар ин давра маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Сатҳи таваррум бошад, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дода дар панҷ соли охир 29 фоизро ташкил кард, ки андозаи маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардида, бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём ба он ишора шуд, ин давра ба давра беҳтар кардани вазъи зиндагии мардум ва батадриҷ бароварда кардани ниёзҳои аҳли ҷомеа, рушди соҳаҳои саноату хоҷагии қишлоқ тавассути афзудани истеҳсоли молу маводи ватанӣ, ҳамчунин кам кардани ҳаҷми воридот бо такя ба илму маориф ва неруи зеҳниву татбиқи фановариҳои навин буд.

Сарвари давлат ба масъалаи саноатикунонии мамлакат низ эътибори махсус доданд. Таъмини рушди устувори иқтисодӣ, аз ҷумла сохтани корхонаҳои саноатӣ, бунёди шароити беҳтари инфрасохторӣ дар ин соҳаҳо аз вазифаҳои муҳимми давлатӣ дониста шуд.

Пешвои миллат илму маорифро пойдевори низоми давлатдории дунявӣ хонданд. Ба ин далел, тазаккур доданд, ки давлат ва миллат бидуни илму маориф ҳеҷ аст ва ҳузури фаъоли маорифчиёну зиёиён, ки муаррифгари давлат ва миллатанд, дар умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ амри бебаҳс аст. Бахусус авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Роҳбари давлат ба он ишора фармуданд, ки роҳбарияти маорифи кишварро зарур аст, сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардорад. Ҷалби наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣ ва таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои табиию риёзӣ ки аз мушаххасоти давр ва ҷаҳони муосир аст, таъмин намоянд. Мушкилоти дар ин самт ҷойдошта таҳлил гардид ва дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таҳсилотӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамин тавр, Сарвари давлат зимни ироаи Паём масъалаи манфиатҳои миллиро ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рўзҳои нахустини давлатдории тоҷикӣ ҳадафи меҳварӣ маҳсуб меёфт, ба самъи ҳозирин расонида, дар ин замина, таъкид доштанд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю талошро баҳри ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ расонидани ҷумҳурӣ анҷом медиҳад ва дар ин кор саҳми мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр бузург хоҳад буд.

Зафар Маҳмадуллоев, н.и.ф-м., сардори раёсати таълими ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top