ШАБИ ҶАШНИ САДАРО ҲУРМАТИ БИСЁР БУВАД…

Бинанда: 108 | Санаи нашр: 28 Январ 2025

Таҷлили ҷашнҳои миллӣ, ки муаррифгари тамаддуни ориёитаборон ба ҳисоб мераванд, гувоҳи зиндаву пойдор будани суннатҳои баланди тоҷикон аст. Эҳёи дубораи ҷашну маросим ва суннатҳои мардумии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон, Сада ва даҳҳои дигар дар замони Истиқлолияти Тоҷикистони озод гувоҳи равшани ба асолату расолати таърихии худ бозгаштани миллати мо буда, ин ҷашну маросимҳо таҷассуми одобу хирад, фарҳангу маданият, хуллас, симои маънавии мардуми куҳанбунёди тоҷиканд.

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд: “Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд”.

Аз зумраи он мероси аҷдодӣ одату ҷашнҳои суннатӣ - Сада, Наврӯз ва Меҳргон маҳсуб ёфта, дар рушди маънавиёти ҷомеа саҳмгузоранд. Яке аз вижагиҳои муҳимми ҷашнҳои ориёӣ ин аст, ки бар хилофи бисёре аз миллатҳои гуногун, баргирифта аз дастурҳои динӣ ва мазҳабӣ набуда, бештар аз падидаҳои иқлимӣ, иҷтимоӣ ва кайҳонӣ мебошанд. Яъне, ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргонро ба ягон дин, махсусан ба дини зардуштӣ, алоқаманд донистан мутлақо хатост.

Сада дар радифи ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ва арзишҳои дигари волои фарҳанги миллӣ ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора зинда ва таҷлил мешавад ва ин иқдом, яқин, дар таҳкими пояҳои худшиносии миллӣ таъсири амиқ мегузорад.

Ниёгони мо - ориёиҳо Садаро фасли зимистон ҳангоми оғоз ёфтани чилаи хурд мутобиқ ба 30-юми январи соли мелодӣ (10-уми моҳи Баҳман) ҷашн мегирифтанд. Вожаи “Сада” марбут ба рақами сад аст, яъне фосила аз аввали зимистон то даҳуми баҳман - ҷашни Сада 100 рӯз ва аз Сада то Наврӯз 50 рӯз ва 50 шаб будааст.

Имрӯзҳо боз як ҷашни дигари таърихиву асотирии миллати мо - ҷашни Сада эҳёи дубора меёбад. Эҳёи дубораи Сада, истиқболи гарму пурмуҳаббати мардум аз ин ҷашни нуру рӯшноӣ мебошад. Ҷашни Сада яке аз қадимтарин ҷашнҳои инсоният аст ва то ба ҳоло дар ниҳоди мардуми мо фурӯзон мондани он гувоҳи бешаки қадимӣ будани тоҷикон аст, зеро пайдоиши ин ҷашн ба кашфи оташ аз ҷониби инсон марбут аст.

Перомуни маъно, муҳтаво ва сабабҳои пайдоиши ин ҷашн ривояту нақлҳои фаровон ва ҳатто мухталиф мавҷуданд, аммо хулосаи қатъӣ он аст, ки Сада нишон аз меҳрпарастӣ, арҷгузорӣ ва иззат ба гармӣ, нур, меҳр ва рӯ овардан ба рӯшанӣ мебошад. Бубинед, ин ҷашнест, ки дар замони аввалин кадхудои Замин - Каюмарс бунёд ёфтааст ва бунёдгузору кошифи он Ҳушанг- набераи чаҳоруми ҳазрати Одам будааст.

Сада яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми эронинажод аст, ки бо номҳои Барсада ё Навсада низ маълум буд. Мувофиқи солшумории имрӯза он ба 30 январ рост меояд. Дар ин рӯз мардум хурсандиҳо мекарданд, зеро табиат аз нав зинда ва хунукиҳои зимистон сипарӣ мешуданд. Пайдоиши ҷашни Сада ба оташ иртиботи ногусастанӣ дорад.

Дар байни қавмҳои ориёӣ ривоят ва достонҳои зиёд дар бораи Оташ ва чи тавр пайдо шудани он мавҷуданд ва роиҷтарини онҳо ривояти Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» мебошад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе бо сад ҳамсафараш ба кӯҳҳо рафт. Мори азиме ба ӯ ва ҳамроҳонаш ҳамла кард. Ҳушанг сангро ба сӯи мор андохт. Санге ба санг омад ва аз бархӯрди ду санг оташ пайдо шуд ва мор сӯхт. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди кашфи оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истеҳсоли филизот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, бар зидди аҳриманзодаҳову девҳо аслиҳа сохт. Дар “Шоҳнома” омадааст:

          Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

          Сада номи он ҷашни фархунда кард.

          Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

          Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Маросими бузургтарини ҷашни Сада афрӯхтани оташ дар шаби даҳум ба ёздаҳуми баҳманмоҳ (30 ба 31-уми январ) аст. Тибқи нигоштаи Абурайҳони Берунӣ, мардум ба муносибати «аз дӯзах ба рӯйи олам баромадани зимистон» оташ афрӯхта, Садаро ҷашн мегирифтанд, хушбӯиҳо бухор мекарданд, то аз сармои зимистон ба инсонҳо зиёне нарасад. Яке аз вижагиҳои Ҷашни Сада ба таври дастаҷамъӣ ё ҳашар анҷом додани корҳо мебошад. Дар гузашта аз рӯйи анъана барои ҷашн ҳезум ва хору хошокро дастаҷамъона гирд меоварданд, то ки зудтар оташ афрӯхта, қувваҳои аҳриманиро заифу нобуд созанд ва ҷашнро хушу хурсандона таҷлил намоянд.

Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ («Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», 2006, С.263) ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст:

«Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».

Ҷашни Сада дастархони ба худ хосе дошт, ки асосан аз мошу кичирӣ, лӯбию нахӯд, кашк, далда, ширрӯған, қурутоб, дуғ, ҷӯшӣ, умоч, кочӣ ва ғайра иборат буд. Баъзе аз олимон ба онанд, ки пайдоиши Ҷашни Сада ҷанбаҳои нуҷумӣ дорад. Аз ин айём ба тадриҷ шабҳо коҳиш ёфта, кӯтоҳтар ва рӯзҳо тӯлонитар мешаванд. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани Ҷашни Садаанд, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам барҷоанд. Ин амал аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ бошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад.

Ҷашни аҷдодии Сада, ки мо дар арафаи он қарор дорем, барои мардум пайғоми аз байн рафтани зимистон, омадани баҳор, гармӣ ва намии хок мебошад. Садаро деҳқонон ҳамчун муждаи омад - омади Наврӯз дониста, ба такопӯ даромада, ба баҳор омодагӣ мегиранд. Дар ин муддат кишоварзон як зумра тадбирҳо - омодасозии тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, поксозии замину боғҳо, шудгор ва кишти зерзимистонаи зироатҳо, пошидани нуриҳо, тозагардонии заҳкашу заҳбурҳо, яхобмонии боғу токзорҳо, обшӯйкунии хокҳои шӯр, нармкунии бехи дарахтон, мубориза бар зидди ҳашарот ва касалиҳо, нигоҳдории барф ва захираи намӣ, хокпошӣ, захира намудани сӯзишворӣ ва нуриҳои минералию органикиро анҷом медиҳанд.

Рӯйоварӣ ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақбардорӣ аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагонамон амали хайрест барои имрӯзиёну ояндагон. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи «Тоҷикон дар оинаи таърих» навиштаанд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин, марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи аҷдодӣ, расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳӣ надорад, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди баруманди замони худ шуда наметавонад».

Ифтихор дорем ва шукргузорӣ мекунем, ки имрӯз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои Пешвои муаззами миллат ҷашнҳои миллӣ дубора эҳёву таҷлил мешаванд. Сада низ басо пуршукӯҳу хотирмон ҷашн гирифта мешавад ва бешубҳа, боиси таваҷҷуҳи аҳли диёр, хосса насли наврас, ба гузаштаи басо бою рангини илмию фарҳангӣ ва маънавии аҷдодонамон мегардад.

Хуллас, бо гузашти айём ин ҷашни миллии мо ба кунҷи фаромӯшӣ рафта, ба таври зарурӣ қайд намегардид. Маҳз дар замони Истиқлол бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгон ҳамчун ҷашни миллӣ аз нав эҳё гардид. Мо бояд анъанаҳои ниёгонамонро идома дода, расму оинҳои хоси ҷашнҳои миллиро пос дошта, ғанӣ гардонем ва баҳри амалӣ гаштани онҳо мусоидт намоем. Бояд гуфт, ки ҷашни Сада бештар иди барзгарон, аз ҷумла иди касбии соҳаи кишоварзӣ низ ба шумор меравад. Яке аз оинҳои ҷашни мазкур ҷамъбаст ва натиҷагирии соли гузашта мебошад. Ҳамчунин дар замони соҳибистиқлолӣ ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид.

Мояи ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои мардуми кӯҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст, зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои маънавӣ ҳифз намуд.

Махсумзода Нигина Давлат, муаллими калони кафедраи андоз ва суғуртаи ДДТТ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top