Маълум аст, ки рушди ҷомеа ва умуман ояндаи кишвар аз вазъи соҳаи маориф вобаста аст. Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму маорифро ҳамчун захираҳои стратегии пешрафти кишвар арзёбӣ мекунанд ва барои маърифатнокии аҳолии мамлакат ва тадриҷан беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи илму маориф мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Зиёд кардани музди меҳнати кормандони соҳаи илм, маоши омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бо сифати баланд интишор ёфтани китобҳои дарсӣ, густариши корҳои сохтмонӣ ва таъмири мактабҳо, инчунин бо лавозимоти зарурии компютерҳо таъмин намудани онҳо, аз ҷумлаи иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи самарабахши насли наврас мебошад.
Имрӯзҳо мо омӯзгоронро мебояд, ки ба сифати мутахассисон аҳамияти ҷиддӣ диҳем ва онҳо бояд ба талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошанд.
Бидуни густариши соҳаи маориф ба рушди иқтисодиёти пешрафта ноил шудан душвор аст. Тарбияи наслҳои нав - ояндаи миллат ба шароити истиқлолият ва мушахассоти миллӣ ҷавобгӯй бояд бошанд ва он бояд бо як ҳадаф хизмат ба халқ, тарбияи инсони нави аз лиҳози маънавиёту ахлоқ пешрафта, дорои ҷаҳонбинии нав, ватандӯст, худшинос ва худогоҳ бояд равона карда шавад.
Ҷавонони мо бояд ҳамқадами замон бошанд, шинохти дақиқ ва комилро фаро гиранд, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, дурандешиву эҳтиёт ва камоли ватандӯстиро барои татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ровона намоянд.
Моро имрӯз зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардорем, барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои илмию бадеӣ ташвиқ намоем, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшем.
Баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” худ гувоҳӣ онанд. Бо ташвиқу тарғиби мо омӯзгорон бояд китобхонаҳо ба маркази илму фарҳанг табдил дода шавад, чунки китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву, суханрониро сайқал медиҳад, доираи ояндаи тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамояд.
Дар ин ҷода Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои шоистаро ба анҷом расонид: китобҳои зиёди бадеӣ ба нашр расидаанд, 38 ҷилд китоби “Ахтарони адаб” бо теъдоди 190 ҳазор нусха чоп шуд, шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, ба ҳар як оилаи кишвар тӯҳфа карда шуд. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки мо фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бояд муаррифӣ намоем.
Тамоми мушкилоту камбудиҳоро мо танҳо ба заҳмати ақлонаву содиқонаи мардуми сарбаландамон бартараф месозем ва Тоҷикистони маҳбубамонро ободу пешрафта мегардонем ва обрӯю нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорем.
Қудрати созандаву офарандаи мардуми сарбаланди тоҷик қодир аст, ки рушду устувори босуботи кишварамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони тоҷикро аз имрӯза беҳтар гардонем. Истиқлолиятро чун неъмати муқаддаси ҳаётамон гиромӣ медорем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода ҳастем.
Дар ин зимн, Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз 1-уми сентябри соли 2025:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда мешавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шуданд;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.
Дар баробари ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шуд.
Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Яъне, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин бояд намоянд.
Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ бояд андешанд.
Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.
Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.
Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.
Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106000 донишҷӯ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.
Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба ин масъалаҳо бояд тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд.
Мусаллам аст, ки рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024-ум бо аҳли илм ва маорифи кишвар ду маротиба мулоқот карда, мушкилот ва дурнамои соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намуданд ва барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Ҳоло амалисозии онҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда бомаром идома дорад.
Илова бар ин, Пешвои миллат қайд карданд ки вазорати маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030”-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат бояд пешниҳод намоянд.
Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд.
Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.
Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешанд.
Ҳамаи ин гувоҳи онанд, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд.
Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад.
Маҳз, барои ҳамин аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳанд ва ин мо – омӯзгоронро водор мекунад, ки саҳми хешро барои таълиму тарбияи насли наврас, ки ояндаи миллат дар дасти онҳост эътибори ҷиддӣ диҳем.
Бале, пояи рушди иқтисодиёт ин густариши соҳаи маориф аст.
Масъуд Қаҳҳоров, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забонҳои ДДТТ