ПАЙКИ ОБОДИИ ФАРДОИ ВАТАН БОШАД ПАЁМ

Бинанда: 241 | Санаи нашр: 24 Январ 2025

Дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, сухани самимии Роҳбари кишвар ба ҳар як ҳамватан пайғоми пурифтихори наслҳои имрўзу оянда дар роҳи рушди устувори давлатдории тоҷикон мебошад.

Паём ҳуҷҷати сарнавиштсози мамлакат буда, дар доираи манфиатҳои миллӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат амалӣ мегардад ва тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии миллати тоҷик аст.

Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки дастоварду пешравиҳои то имрўз ноилгардидаи мо пеш аз ҳама натиҷаи талошу заҳмати мардуми кишвар мебошад ва мо бояд сарҷамъу муттаҳид бошем, ватанамонро дўст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда, ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои муҳимми созандаро роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаи буҷетӣ чор маротиба, солҳои 2020, 2022, 2023 ва 2024 дар маҷмуъ ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Яъне дар ин давра маоши кормандони соҳаи буҷетӣ ба маротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд.

1. Рушди иқтисоди рақамӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ

Ҷаҳон дар пеши назари мо тағйир ёфта, технологияи рақамӣ тадриҷан ба ҷузъи ҷудонашавандаи тамоми соҳаи ҳаёти рўзмара табдил меёбанд, ки асоси онро гузариш ба иқтисоди рақамӣ ташкил медиҳад.

Рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ташаккули Ҳукумати электронӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дошта, дар Паём ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шавад.

Ҳамзамон ба ин, дар низоми таълими муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ, равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ, барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Дар самти рақамигардонӣ дар мамлакат “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар ҶТ”, “Барномаи миёнамӯҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар ҶТ барои солҳои 2021-2025”, “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар ҶТ барои давраи то соли 2040”, “Барномаи савдои электронӣ дар ҶТ барои солҳои 2025-2029 мавриди амал қарор доранд”.

Бояд гуфт, ки иқтисоди рақамӣ ин рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тавассути истифодаи васеи технологияҳои муосири рақамӣ мебошад, ки барои баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолот, тачҳизот, дастрас намудани молу хизматрасониҳост. Рушди иқтисоди рақамӣ аз тамоми соҳаҳои иктисодиёти миллӣ бахусус, маориф, молия, таҳсилот, тиб, фарҳанг, комплекси агросаноатӣ вобастагӣ доранд.

Пойдевори иқтисоди рақамиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзиши фанҳои технологияи информатсионӣ ва барномаи электронии “EDONISH” - и соҳаи маорифи ш. Душанбе ташкил намудааст, ки заминаро барои гузариш ба таҳсилоти рақамӣ мегузорад.

2. Маориф - пояи давлати соҳибистиқлол

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад, маҳз барои ҳамин ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ дода, онро соҳаи калидӣ эълон доштам.

Дар панҷ соли оянда, бо истифода аз ҳамаи барномаҳои маблаггузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда, барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ, бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаҳои таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

Таи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон, 3225 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошанд, пас имрӯз 4037 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 170 литсейю гимназия, яъне мактабҳои типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Соли 1991 дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард, ҳоло дар мамлакат 48 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 214000 донишҷӯ фаъолият мекунанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ, беш аз 117000 ҷавонони боистеъдоди кишвар барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 мамлакати пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд.

Мусаллам аст, ки рушди маориф ба пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад.

Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбиятӣ баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.

3. Фарҳанг - ҳастии миллат

Иқдоми дар замони соҳибистиқлолӣ амалӣ намудаи Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшидааст.

Таи сию се соли истиқлоли давлатӣ дар мамлакат 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат мекунанд. То имрӯз беш аз 100 ёдгориҳои таърихию фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалидоштаро таъмиру азнавсозӣ намудем. Дар шаш сол дар озмуни “Тоҷикистон- ватани азизи ман” 21500 нафар иштирок намуда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Дар озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, ”Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” ду миллиону шаст ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар аз ҷумла, наврасону ҷавонон иштирок намуда, қариб 1000 нафари онҳо соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардиданд.

Соли 2025 ба ғолибони ин озмунҳо ҷоизаҳои пулӣ 100 фоиз зиёд карда шуд, ки беандоза шумораи иштирокдорон зиёд мегарданд. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Бо ин мақсад Вазорати корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550 солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода сохта, ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд. Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки аз фарҳанги ориёӣ ва ақидаи инсондустӣ сарчашма мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст.

Миллати тоҷик дар масири таърих борҳо ҳуҷҷатҳои бунёдиро дар самти ҳуқуқи инсон ва низоми давлатдорӣ қабул намудааст, ки онҳо то ҳол моҳияташонро гум накардаанд ва ҳамчун сарчашма барои қонунгузории давлатҳои муосир хизмат менамоянд.

4. Ҷавонон қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа

Пешвои миллат дар Паём қайд карданд, ки дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад. Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо маъсулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба душ хоҳанд гирифт. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба ватани маҳбуб меҳру муҳаббати самимӣ доранд, ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд. Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд ва дар хизмати давлатӣ 49 фоиз ҷавонон фаъолият доранд. Ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эъмин нигоҳ доранд. Барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.

Боварӣ дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо, минбаъд низ ба илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва сайъу талоши навҷуёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

5. Нақши зан - модар дар рушди давлатдорӣ

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба масъалаҳои марбут ба мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Масоили пешбурди сиёсати гендерӣ, дастгирии иҷтимоии занон, нақши занон дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, дастгирии фаъолияти иқтисодии занон, баланд бардоштани нақши занон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ дар меҳвари назари Роҳбари олии мамлакат қарор дорад.

Занон қувваи бузурги рушд ва пешрафт барои ҷомеа ба шумор рафта, барои занон як қатор барномаҳои мушаххас амалӣ шудаанд, ки ба рушди таҳсилоти духтарон, махсусан дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, фароҳам овардани шароити соҳибкорӣ ва дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок, ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии занон дар ҷойҳои корӣ, таъмини баробарии гендерӣ нигаронида шудаанд.

Таҳсилоти босифат, яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занон ба шумор рафта, дар давраи истиқлолият зиёда аз 280000 нафар духтарон муассисаҳои олии кишварро хатм намуда, имрӯз дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд.

Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Дар зарфи 28 соли охир 11600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро тибқи квотаи президентӣ хатм намуданд.

Зиёда аз 35000 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм намуда, соҳибмаълумот гардиданд. Ҳоло дар 48 муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 214000 нафар донишҷуён таҳсили илм доранд, ки аз онҳо 90000 ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд. Мо бо азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик, ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Ҳамин тавр, Паёми навбатӣ чун дигар Паёмҳои Пешвои миллат саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, ҳуҷҷати сабзи ормонҳои миллии мардуми тоҷик аст, ки яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз панҷҳазорсола мебошад.

Мо омӯзгорон вазифадорем, ки ҳар як нуқтаи дар Паёми Пешвои миллат ироа шударо мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, дар баробари баланд бардоштани сатҳу сифати дониши шогирдон, маҳорат, малака ва эҷодиёти эшонро ривоҷ дода, дар тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб, инчунин дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, худогоҳию худшиносӣ, ормонҳои миллӣ арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ тарбия намудани ҷавонон сайъу талоши доимӣ намоем. Хулоса, аз забони шоир гуфтаниам, ки:

Ифтихору фахри аҳли анҷуман бошад Паём,

Сарфарозии нави халқи кӯҳан бошад Паём.

Бо каломи Пешво аз минбари боэътибор,

Пайки ободии фардои ватан бошад Паём.

Муҳтавои ҳар қадамаш давлати созандагист,

Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо.

 

Шодмонов Ориф Ортуқович, муаллими калони кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top