РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ

Бинанда: 108 | Санаи нашр: 08 Январ 2025

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои тозаистиқлол аст, ки дар соли баохиррасидаи 2024 сиюмин солгарди нахустин Конститутсияи давлатии худро таҷлил намуда, дар ҳамин сол ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба бештар аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуд ва суръати рушди иқтисодӣ 8.4 % - ро ташкил дод. Боиси тазаккур ва ифтихор аст, ки дар давоми панҷ соли охир чунин раванд ба таври муътадил идома ёфта, ҳаҷми миёнаи рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра ба 7.7% баробар шудааст, ки дар миқёси ҷаҳони имрӯза нишондиҳандаи хеле баланд аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври пайваста иқтисоди миллии худро инкишоф дода, ҳамасола мавқеъ ва симои худро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақа болотар мебарад. Ҳукумати кишвар ҳамасола ҳамкориҳои бисёрҷониба ва дуҷонибаро бо мамлакатҳои гуногун ва созмонҳои байналмилалӣ тавсеа дода, дар ҳаллу фасли масъала ва проблемаҳои глобалӣ саҳм мегирад.

Дар ҷаҳони муосир як силсила зуҳуроти хатарноки ҷомеа вуҷуд доранд, ки коррупсия яке аз онҳо мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои коррупсионӣ ба раванди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа, инчунин ба мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонанд. Ин падида ҳамчун «вабои аср» шинохта шудааст ва масъалаи мубориза ва муқовимат бар зидди он, инчунин пешгирии ин зуҳурот, ҳамеша аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳим эътироф гардидааст.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муқовимат ба коррупсия, ки 31-уми октябри соли 2003 қабул гардид, барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар сатҳи байналмилалӣ таъсис ёфтааст. Рӯзи 9 декабри соли 2003 конфронси сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Меридаи Мексика баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 100 давлат иштирок карданд. Ин конфронс ба кишварҳо имконият дод, ки ба Конвенсия ҳамроҳ шаванд ва дар муборизаи глобалӣ бо коррупсия саҳм гузоранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муқовимат ба коррупсия 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт. Ин ҷонибдорӣ 16-уми апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар тасдиқ гардид. Бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва муборизаи бевосита бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро ба раванди муқовимат ба коррупсия ҷалб намояд. Дар ин замина, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин агентӣ вазифадор аст, ки фаъолияти зиддикоррупсиониро дар кишвар ташкил ва роҳбарӣ кунад, инчунин механизмҳои самаранок барои пешгирии коррупсия ва таъмини шаффофият дар фаъолияти давлатро таҳия намояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими сиёсати зиддикоррупсионӣ ва устувор кардани асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии муқовимат ба коррупсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ қабул ва ба иҷро гузошта шуданд. Масъалаи мубориза ва муқовимат ба коррупсия аввалин бор бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005, №100 танзим гардид. Сипас, бо таъсиси Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» аз 20 марти соли 2008, №374, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, №1714, фазои зиддикоррупсионии ҷумҳурӣ ва асосҳои ташкилию ҳуқуқии он мустаҳкам гардид. Дар ин самт, қабул шудани санадҳои умумидавлатӣ, ба монанди «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» (26 январи соли 2008, №34), «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» (30 августи соли 2013, №1504) ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (3 августи соли 2021, №222) заминаи воқеӣ ва ҳуқуқиро барои муборизаи қатъӣ ва коҳиш додани сатҳи коррупсия дар кишвар фароҳам овард. Бо иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияҳои мазкур, барои тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои кирдорҳои коррупсионӣ ва ошкору пешгирии чунин кирдорҳо, заминаҳои боэътимод фароҳам оварда мешаванд. Масалан, барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт, Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо таъсис ёфтанд.

Дар ин раванд, ба назар мерасад, ки арзёбии ин масъала сол ба сол ташаккул ёфтааст. Иваз шудани истилоҳи мубориза бо коррупсия ба истилоҳи муқовимат ба коррупсия дар солҳои охир аз он шаҳодат медиҳад, ки дар мамлакати мо заминаҳои  пешгирӣ аз ин ҳодисаи номатлуб ба стандартҳои ҷаҳонӣ баробар карда шудааст. Манзур ин аст, ки агар истилоҳи мубориза бо коррупсия ин вазифаро асосан ба зиммаи мақомоти қудратӣ гузорад, дар ҳолати муқовимат ба коррупсия доираи амалиётҳо хеле васеъ шуда, ин вазифа ба зиммаи ҳар як узви ҷамъият, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва тамоми шаҳрвандони кишвар гузошта мешавад.

Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин нуктаро чандин маротиба дар доираи суханрониҳои худ ва вохӯриҳо бо намояндагони мухталифи қишри ҷомеа қайд намуда, борҳо таъқид варзидаанд, ки вазифаи муқовимат ба коррупсия ва пешгирии он вазифаи ҳар як шаҳрванд ва узви ҷомеаи кишвар ба ҳисоб меравад. 

Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025–2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд.

Бояд тазаккур дод, ки дар солҳои охир ташаккул ва рушди иқтисоди рақамӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал гаштааст, ки истифодаи имкониятҳои зиёди он беҳбуди бештари ҳаёти ҷамъиятӣ ва зиндагии мардум таъсири мусбат мерасонад. Яке аз чунин таъсироти мусбат истифодаи зарфиятҳои иқтисоди рақамӣ барои муқовимати ҳамаҷониба ба заҳуроти номатлуби коррупсия ва ришваситонӣ мебошад.

Дар ҳамин замина барои татбиқ ва пешбурди иқтисоди рақамӣ дар солҳои 2025 – 2030 иҷрои вазифаҳои зерин дар назар дошта шудааст:

  • такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ;
  • инкишофи инфрасохтори рақамӣ бо истифодаи шабакаҳои панҷ –ҷӣ (5G), рушди марказҳои коркарди маълумот ва таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот;
  • рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ;
  • рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилооотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;
  • истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ;
  • андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот;
  • ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

Дар мавриди таъмини заминаҳои ҳуқуқӣ бояд қайд кард, ки то ба ин давра як қатор Қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ қабул карда шудаанд ва минбаъд ин заминаро вобаста ба вазифаҳои дар боло зикр шуда, аз ҷумла инфрасохтори иқтисодиёти рақамӣ бояд такмил дод. Масъалаи рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ бошад усулҳои бюрократиро аз байн бурда, боиси барҳам хӯрдани ришваситонӣ ва ҳодисаҳои номатлуби коррупсионӣ дар ин ҷода мегарданд. Масалан, ба усули пардохтҳои ғайринақдӣ гузаштани хизматрасониҳои давлатӣ, ки ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 –юми июни соли 2023 ба тасвиб расид ва аз 1-августи соли 2023 шурӯъ шуд, як таҳаввулоти наверо дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Дар рӯзҳои аввали ни маърака як қисми ҷомеа ва баъзе идораҳо  каме ба таҳлука ҳам афтоданд, вале баъд аз як муддати кутоҳ онҳо ин усулро омӯхтанд ва ба он одат намуданд. Ва имрӯз бо камоли мамнуният ин навгониро, яъне пардохтҳои ғайринақдиро истифода мекунанд, зеро ин намуди хизматрасонӣ кори мардумро хеле сабук ва осон гардонидааст. Умедвор меравад, ки қадамҳои навбатӣ, аз ҷумла рушди сармояи инсонӣ ва омӯзишу бозомӯзии кадрҳо, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ, таъсиси махзанҳои маълумот, таъмини амнияти киберӣ ва ташаккули соҳибкории рақамӣ ба ин раванд таъсири мусбӣ гузошта, дар якҷоягӣ ба ояндаи ҷомеаи бар иқтисодӣ рақамӣ асосёфта мусоидат менамоянд.

Дар банди 16-уми Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030, ки соли 2021 қабул карда шудааст, зикр гардидааст, ки барои амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои ин Стратегия чунин тадбирҳо роҳандозӣ карда мешаванд:

  • муайян намудани роҳҳои муосири пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия;
  • баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ин замина фароҳам овардани шароити тоқатпазири ҷомеа ба падидаи коррупсия;
  • бо назардошти пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ мунтазам такмил додан қонунгузории зидди коррупсия;
  • муайян намудани самтҳои афзалиятноки муқовимат ба коррупсия;
  • пешбинӣ кардани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии коррупсия, инчунин муайян намудани иҷрокунандагон ва муҳлати он;
  • муайян намудани тартиби назорати иҷрои чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ;
  • тақвияти низоми ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия;
  • муайян кардани шаклҳои баҳодиҳии вазъи коррупсия дар ҷумҳурӣ;
  • баланд бардоштани самаранокии тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт;
  • ташаккули мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандон барои ҳалли масъалаҳои коррупсия;
  • муайян, ошкор ва кофтукови даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва мусодираи он, тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт;
  • татбиқи меъерҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсия дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ин рӯ, масъалаи рақамикунонии иқтисодиёт ва таъмини сартосарии гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ як марҳилаи нав дар ҷомеа ва иқтисоди миллии Тоҷикистон хоҳад буд. Ин таҷриба дар мамлакатҳои мутамаддини дунё, бахусус дар кишварҳое, ки дар онҳо сатҳи коррупсия хеле паст аст, татбиқ карда шудааст.

 

Қодирова З. Ҳ., профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ

Исматуллоев И.У., дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ

Қодирова З.Т., унвонҷӯи кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top