Боиси хурсандӣ ва сарфарозист, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28 уми соли 2024 оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар бинои нави Парлумон ироа гардид. Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ пеш аз ҳама ба масоили байналмилалӣ дахл намуданд. Чунки таззодҳои замони навин ягон шахси равшанфикрро дар канор гузошта наметавонад.
Дар замони муосир ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун организми бутун муносибатҳои байни якдигариашро тарзе амалӣ намуда истодааст, ки дар сурати ноҷурӣ дар ин ё он минтақааш хоҳ нохоҳ таъсири манфиаш агар назаррас ҳам набошад ба дилхоҳ давлати дигар мерасад. Дар ин замина Сарвари давлат эҳсос менамоянд, ки имрӯз Тоҷикистон ҳадафи чандин гурӯҳҳои бадхоҳу бадсиришт қарор дорад ва мудом таъкид менамоянд, ки “ Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем”.
Таъкиди Сарвари давлат ба мардуми шарифи Тоҷикистон бесабаб нест,чунки миллати тоҷик бо бохтани ҷони ҳазорон нафар ҷавонон, иқтисодиёти фалаҷгардида, маънавиёти косташуда истиқлолиятро ба даст овард. Бо вуҷуди ҳамаи мушкилот миллати барӯманди тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои бузург дар соҳаи илм, иқтисод, иҷтимоиёту маънавиёт ва дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ноил гардид. Имрӯз ягон нафар чи аз дохил ва чи аз хориҷ ҳуқуқи маънавии халал ворид намудан ба оромию сулҳу суботи кишварро надорад. Бе сабаб Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ диққати аввалиндараҷаро ба масъалаи амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисоди мамлакат равона накардаанд. “Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Дар баробари ин нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.
Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон.
Сарвари давлат дар баромади худ мардуми шарифи Тоҷикистонро бори дигар бовар кунониданд, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодаанд. Мусаллам аст, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан пеш аз ҳама ба кайфияти руҳии мардум, яъне шароити беҳтари зиндагӣ рабт дорад. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019 – ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расид. Яъне, нишандиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфтааст. Ноил гардидан ба чунин имкониятҳо шаҳодат аз он аст, ки сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат мақсаднок буда, ҳадафаш некуаҳволии мардум ва рушди кишвар мебошад.
Иқдоми навини Сарвари давлат ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ин ҳам бошад баланд бардоштани музди маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф дар ҳаҷми 30% ва маоши вазифагии кормандони дигар соҳаи маориф ба андозаи 20% ба ҳисоб меравад.
Хулоса, ғамхориҳо нисбати соҳаи маориф аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Сарвари давлат шаҳодат медиҳад. Пешвои миллат аз омӯзиш ва бархурдор буданашон аз таҷрибаи давлатҳои тараққикарда пешрафту инкишоф ва рушду нумуи кишварро танҳо дар заминаи тайёр намудани мутахассисони соҳибмаълумот мебинанд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи бештари Сарвари давлат ба соҳаи маориф равона гардидааст.
Сайфулло Афғонов, сардори раёсати тарбияи ДДТТ