Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола, ҳамчун ҳуҷҷати муҳиме, ки дурнамои солонаи рушди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварро муайян мекунад, боиси дастгирӣ ва омӯзиши пайвастаи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар гардидааст.
Ҳар як нуқтае, ки дар Паём ироа мегардад пеш аз ҳама ба оммаи васеи халқ нигаронида шуда, мазмуни фарогири сиёсию тарбиявй дорад. Дар баробари ин ба соҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар, аз қабили иқтисод, илм, маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Ҳар сол мо шоҳиди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегардем. Пешври муаззами миллат имсол, 28-уми декабри соли 2024 бори дигар Паёми худро, ки мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва масъалаҳои тарбияи насли наврас, илму маорифро баён мекунад, пешниҳод намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ қайд намуданд, ки дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ин яке аз муҳимтарин мақсад ва самти афзалиятноки сиёсати иқтисодию иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Ташаккули тафаккури солими миллат аз маориф маншаъ мегирад ва муҳаё намудани шароити мусоид аз иқтисодиёт вобастагӣ дорад. Зикр кардан лозим аст, ки сармоягузорӣ дар рушди нерӯи инсонӣ ва бунёди давлату Ватани ободу тарақикарда аз ғамхории соҳаи маорифи кишвар вобастагӣ дорад.
Вобаста ба таъмини рушди минбаъдаи кишвар, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар, ки аз суръатбахшии фаъолияти иқтисодӣ вобастагӣ доранд, хусусан дар шароити ҳозира рақамикунонии иқтисодӣ ҳамчун омили калидӣ метавонад мусоидат намояд.
Вобаста ба масъалаи номбурда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатиашон зикр намуданд, ки “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”.
Ба хусус қайд карда шуд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
- такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
- то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
- рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
- рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
- истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
- андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
- ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Бо ин мақсад, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.
Инчунин дар Паём пешнињод гардид, ки љиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Ба вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон бо ин, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.
Дар маҷмуъ зикр намудан дозим, ки Паёми Сарвари давлат ҳамчун ҳуҷҷати муҳиме, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандии мамлакатро фаро гирифтааст, дар раванди рушди минбаъдаи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар на танҳо дурнамои рушди минбаъдаи кишварро аник муайян намуда, нақши муҳим дорад, балки самтҳои нави кору фаъолияти давлату ҳукумат ва ҳар як шаҳрванди мамлакатро муайян менамояд.
Холаҳмади Сайалӣ, н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи молияи ДДТТ