28-уми декабри соли 2024 дар толори Парлумони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олӣ ироа намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро баррасӣ карданд. Дар Паём Пешвои миллат ба рушди босуръати соҳаҳои гуногун, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Маҳз зарурати омода намудани мутахассисони соҳибихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотиро ҳамчун вазифаи афзалиятнок таъкид карданд.
Дар ин раванд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" эълон шуда, дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Дар мақолаи мазкур баъзе паҳлуҳои рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Муаллиф зимни баррасии мавзӯъ ба таҳлили назарияҳои муосири рақамикунонии иқтисодиёт диққат дода, заминаҳои эътимодноки ташаккули онро бо дарназардошти таҷрибаи пешоҳанг пешниҳод намудаанд. Инчунин, дар натиҷаи омӯзиш бо истифодаи оморҳои соҳавии институтҳои байналмилалии иқтисодӣ ҳолати рушд ва сатҳи рақамикунонӣ дар кишварҳои ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муқоиса карда шудааст. Ҳангоми таҳлил тамоюли рушди истифодаи бастаҳои интернетӣ вобаста ба соҳаҳо ва минтақаҳои олам пешниҳод гардидааст.
Ба андешаи мо рушди устувори иқтисодиёти миллӣ аз бисёр ҷиҳат ба татбиқи шаклҳои нави технологияи рақамӣ вобастагӣ дорад. Бояд зикр намуд, ки татбиқи равандҳо ба рушди бомароми иқтисодиёти рақамӣ таъсир мерасонад. Вобаста ба ин масъала дар меҳвари мавзӯи мазкур таҳқиқи асосҳои назариявӣ ва амалии ташаккул ва рушди иқтисодиёти рақамӣ қарор дода мешаванд, ки дар шароити муосир яке аз масъалаҳои баҳсноки илми иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки яке аз унсурҳои асосии рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ин татбиқи технологияҳои рақамӣ ва марҳила ба марҳила гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ мебошад. Таҳлили адабиёти иқтисодии аз тарафи пажуҳишгарони илми иқтисодиёти ватанию хориҷӣ ба нашррасида шаҳодат медиҳад, ки тамоюли мазкур ба рушди устувори соҳаи хизматрасониҳо низ таъсири ҷиддӣ расонида, дар густариши иқтидори иқтисодии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Рақамикунониро дар самти рушди иқтисодиёти зудрушдкунандаи муосир падидаи нав номидан мумкин аст. Дар заминаи рушди устувори он имконият фароҳам меояд, ки иқтисодиёти миллӣ бо роҳи истифодаи технологияҳои пуриқтидори рақамӣ ташаккул намояд. Мавриди зикр аст, ки соли 1995 мутахассис дар соҳаи бизнес ва машваратчигӣ аз кишвари Канада Доналд Тапскотт барои ифода намудани раванди нав дар иқтисодиёти ҷаҳон мафҳуми (digital economy) «иқтисодиёти рақамӣ» - ро пешниҳод намуд. Дар таҳқиқотҳои худ Д. Тапскотт нишон медиҳад, ки чӣ тавр дар зери таъсири технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ пеш аз ҳама, робитаи миёни одамон ба таври фосилавӣ, новобаста аз мавқеи географӣ ва соҳаи фаъолият, зисту зиндагии одамон тағйир ёфт ва меёбад.
Рушди босуръати робитаи иттилоотӣ, яъне робита тавассути интернет, асоси иқтисодиёти навро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз иқтисодиёте, ки ба технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ асос карда шудааст, иқтисодиёти рақамӣ номида мешавад.
Мувофиқи ақидаи Тапскотт рушди иқтисодиёти рақамӣ муҳаррики раванди ҷаҳонишавӣ мебошад. Ӯ якчанд ҷунбишҳои технологӣ, аз ҷумла татбиқи ҳамаҷониба ва дастрасӣ ба Интернет, гузариш ба таъминоти барномавии кушод, нерӯи сунъӣ ва ғайраро номбар мекунад, ки рушди иқтисодёти навро таъмин менамоянд. Бояд қайд намуд, ки ин ҷунбишҳои технологӣ дар солҳои 2017-2018 ба амал омаданд ва боиси рушди бисёр соҳаҳои иқтисодиёт гардиданд.
Рушди иқтисодиёти рақамӣ ба рушди дигар соҳаҳо, аз ҷумла соҳаҳои ба технологияи рақамию мобилӣ алоқаманд оварда мерасонад. Инҳо пеш аз ҳама онлайн - савдо (e-commerce), хизматрасониҳои молиявӣ (онлайн-банкинг), хизматрасониҳои иҷтимоии интернетӣ (шабакаҳои иҷтимоӣ, онлайн – бозиҳо), маориф ва тандурустӣ (таҳсилоти фосилавӣ ва варақаҳои тиббии электронӣ) ва ғайра.
Асоси иқтисодиёти рақамиро соҳаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ташкил медиҳад. Ба ин соҳа ширкатҳои истеҳсолкунандаи воситаҳои техникӣ ва барномавӣ, инчунин ширкатҳое дохил мешаванд, ки хизматрасониҳои электронӣ ва консалтингиро иҷро мекунанд.
Ба ақидаи як қатор муҳаққиқони тоҷик иқтисоди рақамӣ ба туфайли ҷамъоварӣ, истифода ва қобилияти таҳлили миқдори зиёди иттилоот тариқи мошин (маълумоти рақамӣ) дар бораи қариб ҳама чиз бо суръати бениҳоят баланд рушд мекунад. Хусусиятҳои сохтани моделҳои муосири тиҷорат боиси эҷоди миқдори бениҳоят зиёди маълумот гардид, ки ба таври экспоненсиалӣ афзоиш меёбад. Чунин маълумоти рақамӣ дар асоси таҳлили «изи рақамӣ» ҷамъоварӣ карда мешавад, ки дар платформаҳои гуногуни рақамӣ дар натиҷаи фаъолияти шахсони алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ё тиҷоратӣ боқӣ мемонанд.
Шамсов Фатҳиддин Тоирович, н.и.т., дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории ДДТТ