Паёми Роҳбари кишвар дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳим буда, муайянкунандаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28.12.2024 ироа гардид, дар қатори таҳлилу баррасии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус ба соҳаи маорифи кишвар дода шуда, нишондиҳандаҳои соҳа таи солҳои соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Таърих гувоҳ аст, ки дар пешрафти соҳаи маорифи кишвар заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беандоза арзёбӣ мегардад. Заҳматҳои пайвастаи Роҳбари маҳбуби миллатро мо дар нишондиҳандаҳое мебинем, ки дар Паёми ба Маҷлиси Олӣ ироагардида мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сарвари кишвар вазъи соҳаро таҳлил намуда, нишондодҳо ва рушди онро бо рақамҳо ва далелҳои мушаххас баён намуда, таъкид карданд, ки танҳо низоми пешрафтаи маориф метавонад рушди тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳуриро таъмин намояд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки «то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳад монд» ва илова намуданд, ки «аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад».
Зимни ироаи Паём қайд карда шуд, ки соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст. Дастовардҳои дигар дар он зоҳир мегарданд, ки имрӯз дар мамлакат 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 ҳазор хонанда, инчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 ҳазор донишҷӯ фаъолият доранд. Мисоли дигар он аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд.
Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Аз нигоҳи мазмун ва муҳтаво Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат мавзӯъҳоеро дар бар мегирад, ки барои рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум аҳамияти муайянкунанда доранд.
Ҳамин тавр, Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва дорои мантиқу сохтори мушаххасе мебошад, ки бо мақсади муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои соли минбаъда мебошад. Дар ин чаҳорчўб, Паёми ироанамудаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мушаххаси консептуалӣ буда, стратегияи рушди давлатдориро барои марҳилаҳои минбаъда муайян менамояд. Вобаста ба ин, ҳар яки мо ҳамҷун шаҳрванди ин кишвар вазифадорем, ки Паёми Пешвои миллатро дар меҳвари кору фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор дода, ба халқи азиз ва барои низоми давлатдории миллӣ содиқонаву софдилона хизмат намоем.
Кабутзода Қурбоналӣ Мирзо, н.и.и., декани факултети молия ва қарзи ДДТТ