БАҲОДИҲИИ ҲОЛАТИ ИҚТИСОДИИ МУАССИСАҲОИ ҒАЙРИБУҶЕТИИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ТАҚВИЯТ ЁФТАНИ ОН ТАВАССУТИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТӢ

Бинанда: 68 | Санаи нашр: 04 Январ 2025

Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қайд гардид, ки “кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод”.

Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ дар солҳои охир иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати баланд рушд намуда, заминаи устуворро барои тақвият ёфтани тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми мамлакат мегузорад, ки он дар асоси сиёсати суботкоронаю бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат ва меҳнати садоқатмандонаи халқи мамлакатамон ба даст омадааст.

Дар Паём ироа гардид, ки “ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”.

Оре, рушду нумуи соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари асосии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои амалисозии ин раванд пайваста дар баромадҳои худ ёдовар шуда, дастгирии соҳаро бо роҳи ҳамасола бештар намудани маоши кормандони он амалӣ менамоянд.

Афзоиш ёфтани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, алалхусус буҷети давлатӣ ба боз ҳам маблағгузории бештари соҳаҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад, ки дар шароити кунунӣ басо муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Дар ин росто, бо маблағҳои зарурӣ таъмин намудани соҳаи маориф басо муҳим арзёбӣ мегардад, ки он сол то сол рӯ ба афзоиш ниҳода, ба нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Ба ақидаи мо, барои боз ҳам рушд ёфтани соҳаи маориф ва афзоиш додани вазни қиёсии маблағгузории он нисбати хароҷоти буҷети давлатӣ боз ҳам шароиту имкониятҳо мавҷуданд, ки онҳоро дар оянда бояд хубтар истифода бурд.

Алалхусус, дар барномаю стратегияҳои давлатии рушди соҳаи маориф дар солҳои минбаъда афзоиши маблағгузорӣ пешбинӣ карда шудааст, ки он имкон медиҳад шароити кормандони соҳа боз ҳам беҳтар карда шавад.

Аз фароҳам овардани шароити мусоид барои кормандони соҳаи маориф пешрафти мамлакат вобастагӣ дошта, дар ин раванд бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи июли соли 2023 маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи мариф 40 дарсад зиёд карда шуда, дар моҳи сентябри соли 2025 боз 30 дарсади дигар афзоиш додани маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф дар назар аст. Инчунин, дар Паём қайд карда шуд, ки “дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд”

Албатта, баланд намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, алалхусус кормандони соҳаи маориф ба он боис гашт, ки нуфузи омӯзгор дар ҷомеа ҷойи худро гирад ва ҷавонон рӯ ба фаъолияти педагогӣ биёранд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар оянда барои интихоби касби муаллим ҷавонон зиёдтар шавқ пайдо менамоянд, ки ин барои рафъи мушкилии норасоии кадрҳои педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилотии тамоми зинаҳо метавонад боис гардад.

Ба ақидаи мо, бо тақвият ёфтани муассисаҳои ғайридавлатии соҳаи маориф метавонад ба рушди музди меҳнати кормандони тамоми соҳа боис шавад. Ин ақида дар он асос меёбад, ки имрӯз муассисаҳои ғайридавлатии соҳаи маориф дар умум фисади камтарро ташкил намуда, он қариб ба 10 дарсади ҳаҷми умумии тамоми муассисаҳои соҳаи маориф баробар буда, миёни муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ ба 10.4% баробар аст (аз 48 муассисаҳои олии касбӣ ҳамагӣ 5 адади онҳо дар асоси худмаблағгузорӣ фаъолият менамоянд).

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қисман аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, аммо низоми андозбандиашон аз муассисаҳои худмаблағгузор фарқкунанда мебошад, ки ин асосро барои таснифоти онҳо ҳамчун муассисаҳои таҳсилоти олии касбии буҷетӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайрибуҷетӣ  фароҳам меоварад.

Дар суръати зиёд гаштани муассисаҳои таҳсилоти дар асоси худтаъминкунӣ фаъолияткунандаи тамоми зинаҳо, хароҷоти буҷети давлатӣ асосан ба самти муассисаҳои буҷетии таҳсилотӣ равона карда шуда, маблағгузорӣ низ ба маротиб метавонад афзоиш ёбад.

“Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст”.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва шумораи донишҷӯён низ афзоиш ёфтааст, ҳамчунин ба сатҳу сифати таълим бояд диққати ҷиддӣ дод, ки ин нуқта ҳангоми ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.12.2024 баррасӣ карда шуд.

“Бояд гуфт, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд”.

Яъне, баҳри ташкили шароити хуби таълимӣ истифодаи тамоми воситаю имкониятҳои муосири техникиро бояд истифода намуд, ки ба ақидаи мо имрӯз ҳамаи имкониятҳо барои амалӣ намудани талаботи Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар мавҷуд буда, бо роҳи таъмини шароити мусоид баҳри фаъолияти муассисаҳои олии касбии кишвар новобаста аз шакли онҳо метавонад муяссар гардад.

Дар ҳамин радиф зиёдтар додани диққат ба дастгирии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайрибуҷетӣ бобати пардохти андозҳоро чораҳои ногузир мешуморем. Зеро, имрӯз онҳо чун ташкилотҳои тиҷоратӣ андозбандӣ карда мешаванд.

Барои дастгирии давлатии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайрибуҷетӣ озод намудани онҳо аз андозҳои даромади шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз моликияти ғайриманқул, ки ҳамасола афзоиш меёбад, зарур мешуморем.

Хулоса, барои боз ҳам тақвият ёфтани иқтисоди миллӣ тамоми заминаҳо мавҷуд буда, сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия, барнома ва консепсияҳои давлатие, ки барои рушди бомароми мамлакат қабул карда шудааст ва меҳнати софдилонаи ҳар як сокини мамлакат ба он метавонад боис гардад.

Қурбонов Абдукарим Раҳимович, муовини аввал, муовини ректори ДДТТ оид ба таълим, н.и.и., дотсент

Маҳмаризозода Бадриддин Маҳмаризо, муаллими калони кафедраи андоз ва суғуртаи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top