Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогир ба ҳама самтҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли мардуми кишвар ироа мегардад. Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Нигоҳ накарда ба тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳонӣ кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон мардуми тоҷик ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Дар паёми имсолаи Президенти кишвар дастовардҳои Тоҷикистон дар панҷ соли гузашта баён гардида, ҳамчунин, вазифаҳо барои таҳким бахшидану афзун гардонидани онҳо ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлати мо мавҷуданд, мушаххас карда шуданд.
Тавре, ки Пешвои миллат қайд намуданд, кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар давоми панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дода, соли 2024-ум ММД-и кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, 3,6 фоизро ташкил намуд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Дар ин замина ҳарчи зудтар таъмин намудани ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ зикр гардид.
Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
Дар робита бо гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ, ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ самтҳои афзлиятнок муайян ва асоснок гардиданд.
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод карда шуда, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд буда, дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамасола чорраҳои мушаххас андешида мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи иҷтимоӣ равона гардидаанд.
Ҳамзамон, Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2025 зиёд намудани маоши вазифавӣ, музди меҳнат, стипендияҳо ва нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.
Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ муайян гардида, дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ таъсису барқарор карда шудааст. Вобаста ба ин дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав пешбиниӣ гардидаст.
Паёми Сарвари давлатро Паёми рушди кишвар номидан ба мақсад хело мувофиқ аст, зеро дар он тамоми дастоварду муваффақиятҳои ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар ва самтҳои ояндаи рушди онҳо, аз ҷониби Сарвари давлат баён гардиданд, ки дар маҷмӯъ ба рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.
Тоҷикистон бо тағйир додани маҷрои рушди иқтисоди миллӣ, барномаҳои нави давлатӣ, сохтори давлатдорӣ, ки асоси онро адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.
Лоиқ Ҳалимов, н.и.и., мудири кафедраи фаъолияти бонкии ДДТТ