Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ бо баромаде, ки саршор аз меҳру муҳаббат ва панду ҳикмат буд, таъкид намуданд, ки зан-модар ва ишқи ӯ ба фарзанд муқаддастарин эҳсос дар олам аст. Танҳо модар аст, ки дар ҳама ҳолат хоҳишҳои фарзанди худро болотар аз ҳама чиз медонад ва барои расидан ба ҳадафҳои олияш дуогӯву мададрасон аст. Модар барои хушбахтии фарзандаш тамоми ҷидду ҷаҳди хешро равона мекунад, то парвардаи ӯ миёни халқ соҳиби иззату икроми хос бошад. Бузургии модар фақат дар он нест, ки бузургони ҷаҳонро зодаву ба камол расондааст, балки дар он аст, ки барои мувафффақ шудани пайванди ҷонаш аз баҳри орзуҳову нақшаҳои худ гузаштааст.
Бобати аҳамияти эҳсонкорӣ ва некӣ ба падару модар кардан дар китоби муқаддаси Қуръон чандин маротиба сухан ба миён омадааст ва аҳамияти он то ҷое мебошад, ки баъд аз тавҳид ва парастиши Парвардигор некӣ ба падару модар аз муҳимтарин супоришҳои Худованд аст. Шукргузорӣ аз падару модар дар канори шукргузорӣ аз Худованд ёд аст. Хидмати накӯйӣ кардан ба волидайн сифат ва яке аз хислатҳои хубӣ паёмбарону расулон буда, накӯйӣ ба падару модар беҳтарин ибодат ва асли тоатҳо мебошад, ки инсонро роҳнамоӣ ба сӯйи ҷаннат мекунад. Подоши накӯйӣ ба падару модар аз он аст, ки накӯкору эҳсонкорро ба чаннат роҳсипор месозад. Амр ибни Ос овардааст, ки марде назди Паёмбар (с) омада гуфт: Ман бо ту паймон мекунам, ки ба хотири савоб хамроҳат ҷиҳод ва ҳиҷрат кунам. Фармуд: Оё яке аз волидайни ту зинда аст? Гуфт: Бале, ҳар ду зиндаанд. Фармуд: Ту мехоҳи савоби Худоро дарёбӣ? Гуфт: Бале. Гуфт: Ба назди волидайни худ баргард ва накӯйӣ бикун!». Аз ин ҷост, ки хидмату эҳтироми сазовор ба падару модар далели комили имону имондории эшон ба ҳисоб меравад. Онҳо ду мавҷуди муқаддасеанд, ки инсон бояд пештар аз ҳама эҳтиромашонро ба ҷо биёрад. Зеро ҳар ки дар эҳтироми падару модар кӯтоҳӣ кард, ба фармудаи Худованд муқобил баромадааст. Ва ҳар ки онҳоро хор кард, дер ва ё зуд худаш ҳам ба хорӣ мубтало мегардад.
Касе имкон надорад, ки иззату эҳтироми падару модарро поймол намояд то ҳама ба волидайн эҳтиром дошта бошем. Зеро бузургон низ фармудаанд, ки биҳишти хонадон модар асту сутунаш падар. Рафтору муносибатҳои калонсолон метавонанд барои онҳо чун намуна хизмат кунанд. Падару модар вазифадоранд, ки тибқи арзишҳои миллӣ ба фарзандони худ номи нек гузоранд, барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд ва фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, эҳтироми падару модар ва риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намуда, барои онҳо шароити хуби таълиму тадрисро фароҳам оваранд.
Хушбахтона баъди ба даст омадани Истиқлоли гаронарзиши тоҷик масъалаи беҳтаргардонии шароити занон дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифт.
Масъулияти асосии тарбияи фарзанд ба дӯши падару модар аст. Ин ду мавҷуди муқаддас новобаста аз замону ҳолат ҳеҷ гоҳ имкон намедиҳанд, ки пайвандонашон нобакору нохалаву каҷрав бошанд. Зеро нақши аввалро дар тарбияи шахсияти ҳар инсон падару модар мегузорад ва он нақш то охирин нафас дар вуҷуди шахс боқӣ мемонад. Ин масъулияти бузург фарзандонро вазифадор месозад, ки дар пиронсолӣ баробари нигоҳубину парасторӣ накӯйиву эҳсонкориро нисбати падару модар ва дигар наздикони хонавода дареғ надоранд. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромад таъкид намудаанд: «Хизмат ба падару модар аз тоату ибодат ва рӯзаву намоз болотар аст ва пурра баргардонидани ин қарз ба волидон ғайриимкон аст. Аммо, ягона амале, ки мо дар ин ҷода карда метавонем, ин ризоят ва дуои нек гирифтан аз онҳост”.
Ҷамила Ғафурова, роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон