ПАЁМИ САРНАВИШТСОЗ

Бинанда: 81 | Санаи нашр: 02 Январ 2025

Дар паёме, ки Пешвои миллат 28-уми декабри соли 2024 ироа намуданд, саршори нуктаҳои муҳим, фикрҳои нав, тарҳҳои стратегӣ, пешгӯиҳои илмӣ ва маслиҳатҳои роҳнамо дарҷ шуда буданд. Пешвои миллат бо диққат камбуду муваффақиятҳои солонаро дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, иҷтимоиёт ва фарҳангу маориф таҳлил карданд ва барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ дастуру супоришҳои муфид доданд. Аз таҳлил ва маълумотҳое, ки дар паёми имсола баён шуданд, бармеояд, ки фаъолияти яксолаи ҷомеаи Тоҷикистон қаноатбахш ва умедбахш мебошад.

Таҳлилҳо ва далелҳо, ки дар паёми имсола дар бораи бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ оварда шудаанд, нишон медиҳанд, ки фаъолияти яксолаи гузашта дар Тоҷикистон қаноатбахш ва умедбахш буда, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 миллиард сомонӣ дар соли 2019 то ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024 нишон медиҳанд, ки шароити зиндагии мардум беҳтар шудааст.

Паёми имсола низ, мисли паёмҳои солҳои пешин, дорои арзишҳо ва аҳамиятҳои хос буда, муҳим арзёбӣ мешавад. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас муайян мегардад. Илова бар ин, паём шомили муҳимтарин суханронии иттилоотию ҷамъбастӣ буда, сирату сурат ва самтшиносии Президенти кишвар дар назди халқу намояндагони парлумон чун роҳбари мардумӣ ироа шуда, раванду рўйдоди муҳими давлатию сиёсиро аз диду мадиди гуногун мавриди муҳокимаву машварат қарор медиҳад. Дар ин зимн, бояд ишора кард, ки паёмҳо дорои ду нуктаи муҳим - яке ҳисоботдиҳанда ва дигаре риояи қонуну низоми меъёрҳои демократӣ ва идорӣ мебошанд.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат ба масъалаи зарурати тарбияи кадрҳои баландихтисос таваҷҷӯҳи махсус доданд ва аҳли маорифро ба ин масъала ҷалб намуданд. Муайян гардид, ки сарнавишт ва сарбаландии миллатҳо дар ҷаҳони муосир аз тасаллут ба технологияҳои электронӣ ва истифода аз ҳуши маснуъӣ вобаста аст. Миллатҳое, ки дар ин соҳаҳо рушд накунанд, дар оянда ва дар тасмимгириҳои низоми байналмилалӣ ҷойгоҳе нахоҳанд дошт.

Ба ин далел, барои тавсеа додани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад. Дар Паём ишора шуд, ки Ҳукумат барои амалӣ намудани ин тарҳ чораҳои зарурӣ ва иловагиро низ пешбинӣ кардааст.

Дар ин замина, тасмим гирифта шуд, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои мазкур дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад. Ин донишгоҳ дар оянда пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисон дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ хоҳад шуд.

Дар идомаи Паём Пешвои муаззами миллат эълон намуданд, ки Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди худ ворид гардидааст ва нақшаҳои бузурги созандагӣ амалӣ мегарданд. Барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва саноатикунонии мамлакат, нақшаҳои дигаре, аз қабили таъсиси корхонаҳои нав, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисоди сабз, баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ ва электронӣ, тақвияти эътимоди мардум ба низоми бонкдорӣ, таъсиси махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи технологияи зеҳни маснӯъӣ низ амалӣ мешаванд. Ҳамаи ин ҳадафҳо дар доираи нақшаҳои панҷсола аз тарафи вазоратҳо ва ниҳодҳои дахлдор барномарезӣ мешаванд.

Бо ташаббусҳои бевоситаи Президенти кишвар, таваҷҷӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба олимон ва рушди илму маориф ба таври назаррас афзудааст ва онҳо пайваста дастгирӣ меёбанд. Ҳар як сокини Тоҷикистон имрӯз имкон дорад, ки на танҳо дар дохили кишвар, балки дар донишгоҳҳои машҳури ҷаҳонӣ таҳсил намояд, касбу ихтисос омӯзад ва барои ватану миллати худ хидмат кунад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ, зиёда аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди Тоҷикистон барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд. Ҳамзамон, 42 ҳазору 400 нафар ҷавонон дар 42 давлати муттарақии ҷаҳон таҳсил мекунанд ва аз ин шумора 30 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар маҷмуъ, ташаббусҳои созандаи кишвар ва мероси таърихию фарҳангии олимони Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мешаванд, ки заминаи асосӣ барои таҳкими риштаҳои дӯстӣ ва меҳру муҳаббати халқҳои ҷаҳон дар партави рушди дипломатияи фарҳангӣ фароҳам меоваранд. Тоҷикистон муосир аз таҷрибаи ин марди камоли илму адабу сиёсат ва тавсияҳои самимонаи Президенти кишвар хуб истифода бурда, марказу гӯшаҳои омӯзиширо таъсис дода, робитаҳои геофарҳангӣ ва таърихии худро дар соли 2025 беҳтар ба роҳ монда, тавсеа хоҳад бахшид.

Хулоса, мо бояд аз Паёми Президент ва ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дарс гирифта, баҳри ободии халқу Ватан ва мардуми сайёра саҳми сазовор гузорем. Дар нахустин рӯзҳои соли 2025, бо чунин Паёмҳои муждарасону илҳомбахши Президенти муҳтарами кишвар, ки аз фарзонагону ҷасурони миллат ва ҳомии забону фарҳангу илму дониш мебошанд, ба худ чизе бардошта бошем ва дар партави сулҳу созандагиву шоистасолорӣ Ватанро озоду ободу ором нигоҳ дорем.

Сафаров Темурмалик Ниёзович, муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top