ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ – САМТИ МУҲИМИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 187 | Санаи нашр: 02 Январ 2025

28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд. Ин Паём, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар мегирад, дорои як қатор маълумоти муҳим дар шакли рақамҳо мебошад: Муносибатҳои байналмилалӣ: Тоҷикистон бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро 192 давлат расман эътироф кардаанд. То имрӯз, бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расидааст, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, амният ва дигар самтҳо фаро мегиранд. Созмонҳои байналмилалӣ: Тоҷикистон узви фаъол дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мебошад. Ташаббусҳои байналмилалӣ: Соли 2025 Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд. Ин ташаббус дар доираи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо амалӣ мегардад. Мероси фарҳангӣ: Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Аз ҷумла, соли 2003 «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд. Соли 2010 шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мусаввараҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардид. Соли 2018 ЮНЕСКО «Чакан»-ро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид намуд.

Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳамкориҳои байналмилалии худро пайваста густариш медиҳад.

Эъломияи Куруши Кабир, ки аз фарҳанги ориёӣ ва ақидаҳои инсондӯстӣ сарчашма мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст ва ин ҳуҷҷат соли 539 пеш аз милод аз ҷониби Куруш ба тасвиб расида буд. Ин санад яке аз бузургтарин ислоҳоти иҷтимоӣ ва Эъломияи таърихии ӯст, ки дар шакли паём ба сокинони гуногунзабону гуногунмазҳаби қаламрави паҳновараш ирсол намуда буд ва аз ҷониби олимони ҳуқуқшиноси ҷаҳон ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон эътироф гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар асари пурарзиши худ «Чеҳраҳои мондагор» баён намуданд, ки Куруши Кабир 2500 сол аз ин муқаддам ба тарзи давлатдории дунявӣ асос гузоштааст.

Ин ташаббуси навбатии Пешвои миллат метавонад таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи ҷаҳонро аз мавҷудияти таъриху фарҳанги бойи миллатамон, мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои муҳимми таърихӣ, ба монанди ин Эъломия ва ба ин васила барои эҳтиром, эътироф ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ ҷалб намояд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба рушди илм ва маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Сарвари давлат таъкид карданд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ, ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳадаф аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, бахусус наврасону ҷавонон мебошад.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки рушди соҳаҳои дигари хоҷагии халқ аз соҳаи илму маориф вобастагии амиқ дорад. Дар ин замина, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат нисбати кормандони соҳаи илму маориф эҳсос мегардад. Кормандон ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ масъалаҳои вобаста ба соҳаи мазкурро, ки дар Паёми Сарвари давлат баён гардид, мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, дар амалинамоии он саҳмгузорӣ менамоянд. Ин таъкидҳо нишон медиҳанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди илм ва маориф аҳамияти хосса дода, онҳоро ҳамчун заминаи асосии пешрафти кишвар мешуморад.

 

Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Машокиров Ҷ.Н.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top