Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад. Эмомалӣ Раҳмон. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024.
Ҳисси ватандӯстӣ, ки яке аз рукнҳои ҳувияти миллии мардуми тоҷик аст, омили асосии эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таҳдидҳои замони муосир ба ҳисоб меравад. Дар ҳама давру замон ватандӯстӣ яке аз асосҳои марказии маънавиёту ахлоқ буда, қодир аст, ки ҷомеаро муттаҳид созад ва рушди онро бо ёрии қонун ҳамчун воситаи танзими тамоми соҳаҳо таъмин намояд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд. Ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархӯрдор бошанд, ки онҳоро барои манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд».
Далелҳои таърихии пайдоиш ва инкишофи ғояҳои ватандӯстӣ, ҳамчун як принсипи муттаҳидкунандаи халқи тоҷик баромад мекунанд, зеро шаҳрвандонро ба эҳтироми меъёрҳои қонун, амалисозии ҳуқуқҳо, иҷрои самараноки вазифаҳо ва рафтори ҳуқуқӣ ташвиқ менамоянд. Бинобар ин, тарбияи ватандӯстӣ дар айни замон ҳамчун яке аз вазифаҳои пешбари давлат муайян карда мешавад. Тарбияи ҳувияти ватандорӣ пеш аз ҳама дар муҳити ҷавонон зарур мебошад, зеро соҳибихтиёрӣ ва давлатдории ҳар як миллат маҳз аз ҷавонон вобаста мебошад. Аҳамиятнокии тарбияи ватандӯстӣ мунтазам дар сатҳи олии кишвар қайд мегардад. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 чунин қайд намуданд: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».
Инкишоф ва нигоҳ доштани ғояҳои ватандӯстӣ бевосита дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора гардидаанд: «… худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда…» . Тавре дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 қайд гардидааст: «Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад»
Дар адабиёти ҳуқуқӣ мафҳуми ватандӯстӣ ба таври гуногун шарҳ дода мешавад. Ҳамин тавр, муҳаққиқ Чудаев А.К. ватандӯстиро ҳамчун «қарз ва масъулияти шаҳрванд оид ба ҳимояи Ватан» муайян менамоянд. Ба ақидаи А.К. Чудаев агар шахс амалҳо ё беамалии мухталиферо анҷом надиҳад, ки ба ҳимояи Ватан ва беҳбудии Ватан нигаронида шудаанд, пас ӯ ватандӯст нахоҳад буд. Ватандӯстӣ ҳамчун ҳолати шахс фаҳмида мешавад, ки дар он шаҳрванд амалҳои фаъол ё ғайрифаъолро ба манфиати давлат ва ҷомеа анҷом медиҳад. Яъне, мувофиқи андешаи пешниҳодгардида, аломати асосии ватандӯстӣ ин ба манфиати ватани худ иҷро намудани амале мебошад, ки дар раванди созандагӣ нақши муайянеро иҷро намояд.
Дар адабиёти илмӣ, инчунин мафҳуми ватандӯстии конститутсионӣ низ ба назар мерасад. Ҳамин тавр, И.Н. Бартситс мафҳуми «ватандӯстии конститутсионӣ»-ро ҳамчун низоми тадбирҳои дастгирии давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандӣ баррасӣ менамояд. Ба ақидаи ӯ, ватандӯстии муосир «на бар асоси таърихи муштарак ва ё пайдоиши муштараки қавмӣ, балки бо принсипҳои умумии дар Конститутсия муқарраршуда асос меёбад». Истилоҳи ватандӯстии конститутсионӣ метавонад шакли муттаҳид сохтани миллат дар асоси принсипҳои конститутсионӣ амалӣ гардад, ки ҳамаи аъзои ҷомеа вазифадоранд онро иҷро намоянд .
Ватанпарвари ҳаққонӣ шахсеро ҳисоб кардан мумкин аст, ки ба таври доимӣ вазъи саломатии ҷисмонӣ ва маънавии худро мустаҳкам менамояд. Ватанпарвар шахси бо тарбияе мебошад, ки оилаи солим дорад, фарзандонро дар самти анъанаҳои хуби гузаштагон ба воя мерасонад ва тарбия мекунад, тарзи ҳаёти солимро ташаккул медиҳад, фарҳанги рафтору кирдорро риоя менамояд, барои манфиатҳои Ватани азизу дӯстдораш кор мекунад .
Ватанпарастии ҷавонон арзиши муқаддас ва аз ҳама муҳимтарини тарбия мебошад, ки он дар мафҳумҳои гуногун, аз қабили диёр, макон, кишвар, сарзамин, Ватан низ ифода меёбад. Ҳамаи унсурҳои дигари тарбия ба ҳамин унсури тарбия иртибот доранд ва садоқатмандии ҷавононро ба ватани худ дар бар мегиранд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «...сатҳи донишу маърифати мардум, хусусан, наврасону ҷавононро баланд бардоштан, ҳисси ифтихори миллии наслҳоро бедор сохтан ва дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ асолат ва арзишҳои миллиро ҳифз кардан рисолати ҳар як зиёии ватандӯст ба шумор меравад... Дар даврони ҷаҳонишавӣ зарурати гиромидошти фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули насли наврасе, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи ояндаро ба уҳда мегирад, ба маротиб меафзояд.
Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 чунин иброз намуданд: «Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад». Ҳамин аст, ки дар соли 2024, 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд ва ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 фоиз мебошад.
Дар ин замина вобаста ба зиракии сиёсии ҷавонон, награвидан ба ҳаргуна гурӯҳҳои радикалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола қадйд намуданд, ки “Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад”. Дар асоси ин андешаҳо насли ҷавони кишварро, ки зиёда аз 70 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд зарур аст, дар раванди бархурди тамаддунҳо ҳисси ватандӯстии худро бозҳам болобурда дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ мутаҳид гарданд.
Дар масъалаи танзими меъёрии ватандӯстии аҳолӣ, ки аз Конститутсия сарчашма мегирад як низоми томи ҳуқуқӣ мавҷуд аст. Бояд қайд намуд, ки тибқи моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» стандартҳои давлатии таҳсилот – маҷмӯи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту муҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон ифода намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунанд . Бинобар ин, дар оянда, рушди низоми тарбияи ватандӯстӣ дар муассисаҳои таълимӣ бояд барои муносибатҳои мутақобилаи байни инҳо шароит фароҳам оранд:
1) муассисаи таълимӣ ва кӯдак;
2) муассисаи таълимӣ ва волидайн;
3) волидайн ва фарзанд – барои иҷтимоигардонии бомуваффақонаи ӯ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт.
Дар айни замон, ягон заминаи ҳуқуқӣ ва таълимие вуҷуд надорад, ки дар сатҳи давлатӣ амал кунад ва раванди тарбияи ватандӯстии кӯдакони томактабиро ба танзим дарорад. Барои ҳайати омӯзгорон дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ на дастурҳои меъёрӣ ва на методӣ пешниҳод карда намешаванд. Дар стандарти таҳсилоти ибтидоӣ барномаҳои тарбияи ҳуқуқӣ-шаҳрвандӣ пешбинӣ нашудаанд.
Ҳамзамон, дар санадҳои гуногуни меъёрӣ мавҷуд будани истилоҳи «ватандӯстӣ» аз аҳамиятнокии он барои давлат гувоҳӣ медиҳад. Дар низоми санадҳои байналмилалие, ки сиёсати давлатии давлатҳои аъзои ИДМ-ро дар соҳаи ваҳдати миллӣ ва рушди фарҳанги ҳуқуқӣ фаро мегиранд, «Қонуни намунавӣ дар бораи тарбияи кӯдакон ва ҷавонон» ва «Кодекси намунавии таълим барои давлатҳои аъзои ИДМ»-ро қайд намудан ба маврид аст . Қонуни намунавӣ дар масъалаи ватандӯстӣ ба чунин ҳолатҳо диққати махсус медиҳад:
1) принсипи фароҳам овардани шароит барои ташаккули арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ дар ҷавонон, тарзи ҳаёти солим, тарбияи шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ, масъулиятнокӣ, меҳнатдӯстӣ ҳамчун яке аз заминаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ;
2) самтҳои сиёсати давлатӣ дар тарбияи ватандӯстӣ, тарбияи шаҳрвандон дар давлатҳои муосири ҳуқуқбунёд, демократӣ, иҷтимоӣ, дар рӯҳияи эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои шахс, ахлоқи баланд, таҳаммулпазирии миллӣ ва динӣ, муносибати эҳтиромона ба забонҳо, анъанаҳо ва фарҳанги халқи худ ва дигар халқҳо, инчунин ҳангоми муқаррар кардани ҳамоҳангӣ дар муносибатҳои байни инсон ва ҷомеа, инсон ва табиат, инсон ва давлат.
Яке аз вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар самти тарбияи кӯдакон ва ҷавонон тибқи Қонуни намунавӣ «Дар бораи тарбияи кӯдакон ва ҷавонон» тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар давлатҳои муосири ҳуқуқбунёд, демократӣ ва иҷтимоӣ аст, ки ба эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахс ва ахлоқи баланд асос меёбад .
«Кодекси намунавии таълим барои давлатҳои аъзои ИДМ» бошад, яке аз ҳадафҳои асосии кишварҳои узви ИДМ-ро тарбияи ватандӯстии аҳолии кишварҳои худ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар давлатҳои муосири ҳуқуқбунёд, демократӣ ва иҷтимоӣ, дар рӯҳияи эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахс, ахлоқи баланд, таҳаммулпазирии милливу мазҳабӣ, эҳтиром ба забон, анъана ва фарҳанги халқҳои дигар муайян менамояд.
Бандҳои 2 ва 6 моддаи 8-уми Кодекси намунавӣ афзалиятҳои асосии давлатҳоро дар соҳаи маориф, ба даст овардани ҳадафи баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ ва таҳияи чораҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии иҷтимоию иқтисодии сармоягузории захираҳои инсонӣ ва молиявӣ дар соҳаи маориф ишора мекунад. Ба андешаи мо ноил шудан ба ҳадафҳои пешниҳодшуда бевосита бо раванди ҷорӣ намудани ғояҳои ватандӯстӣ ба системаи маорифи Тоҷикистон алоқаманд аст. Зеро, танҳо ҷавононе, ки дар соҳаи интихобкардаи худ дониши амиқ дошта, қонун, давлат ва ҷомеаро эҳтиром мекунанд, метавонанд амалҳоеро анҷом диҳанд, ки ба худи соҳа, ҷомеа ва давлат фоида расонад. Дар санади мазкур ватандӯстӣ ҳамчун яке аз принсипҳо асосии раванди таълим арзёбӣ гардидааст ва зарурати дар қонунгузории миллӣ танзим гардидани ин масъала ишора шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ватандӯстиро ҳамчун вазифаи асосии сиёсати давлатӣ ва танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд .
Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи рушди саводнокии ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқӣ дар асоси принсипи робитаи мутақобила бо тарбияи ватандӯстӣ, меҳнатӣ, экологӣ ва дигар намудҳои таълим дар заминаи умумии ахлоқӣ ташаккул ва амалӣ карда мешаванд. Махзани асосиро дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар робита бо татбиқи ғояҳои ватандӯстӣ санадҳои Президент ва Ҳукумат ташкил медиҳанд. Фармонҳои Президент зарурати эҳёи арзишҳои анъанавии маънавӣ ва ахлоқиро нишон медиҳанд.
Ҳамин тариқ, принсипҳои асосии сиёсати давлатии миллӣ, ки мавҷудияти ғояҳои ватандӯстиро дар Тоҷикистон таъмин мекунанд, на танҳо дар Кодекси намунавӣ ва қонуни намунавии аз ҷониби кишварҳои узви ИДМ қабулшуда таҳия шудаанд, балки аз ҷониби мақомоти давлатӣ фаъолона дастгирӣ карда мешаванд ва дар сиёсати дохилӣ татбиқ карда мешаванд.
Қонунгузории муосири Тоҷикистон сиёсати давлатиро дар соҳаи ватандӯстӣ муайян мекунад ва он маҷмӯи чораҳоеро, ки ба бедоршавии ҳисси муҳаббат ба Ватан таъсир мерасонанд, танзим мекунад. Дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 22-юми декабри соли 2022 қабул гардид ки заминаи асосии ҳуқуқӣ дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мебошад ва арзишҳои оилавӣ ва фарҳангиро, ки асоси ваҳдати миллӣ ва тамомияти арзии давлатро ташкил медиҳанд, фаро мегирад. Аммо, дар санадҳои меъёрии баррасишуда механизмҳо ва тавсияҳое, ки ба ноил шудан ба ҳадафҳо ва ҳалли вазифаҳои гузошташуда мусоидат мекунанд, мушаххасан муқаррар нагаштаанд.
Дар маҷмуъ аз таҳлилҳо бармеояд, ки нақши Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва умуман аҳолӣ беназир арзёбӣ мегардад.
Алиев Фарух Шарифович, н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ