ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ФАРОҲАМОВАРИИ ЗИНДАГОНИИ ШОИСТА

Бинанда: 200 | Санаи нашр: 31 Декабр 2024

                                        «То вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд».

                                         (Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ оид ба муваффақияту дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаришудаи 2024 аст.

Дар амалияи иқтисоди бозоргонӣ омилҳои асосии ягонагии ҳимояи давлат ва миллат дар рушди соҳаи маориф, боло бурдани иқтидори мамлакат ва фароҳам овардани афзалиятнокии иқтисодиёти миллӣ баҳри муҳаё намудани зиндагонии шоиста барои мардуми ҷумҳурӣ буда, доимо таҳти таваҷҷуҳи Ҷаноби Олӣ, Прзиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Бо ин мақсад, ба воситаи Паём ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон пиёда намудани иқдомҳои башардӯстонаи худ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муҳаё намудани зиндагонии шоиста пешниҳод намуданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 барои маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Дар баробари ин, музди меҳнати амалкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.

Инчунин бо супориши Президенти мамлакат аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд ва индексатсия карда мешаванд.

Ҳукумати мамлакат, шахсан Президенти мамлакат ба рушди соҳаи маориф аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Боиси ифтихор аст, ки бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, Президенти мамлакат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Паём супориш додаанд, ки  бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешида, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

Инчунин ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шудааст, ки дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар амалия ҷорӣ намоянд.

Мавзӯи дигаре, ки Президенти мамлакат диққати тамоми мардуми ҷумҳуриро ҷалб намуд, ин масъалаи гузоштани қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ аст, ки дар панҷсолаи минбаъда хафт самти аввалиндараҷаро дар бар гирифта, ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 - 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» пешниҳод карда шудааст.

Аз ин рӯ, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо дастур дода шудааст, ки фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, ва маблағгузории муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.

Гузашта аз ин, минбаъд дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шуда, шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ зарур дониста шудааст.

Бо ин мақсад, бо ташаббус ва пешниҳоди Ҷаноби Олӣ,  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илм ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки дар муҳлати чор моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб оид ба  таъсис додани «Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ» таҳия намуда, ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дода, илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд.

Суханони нодир ва нотакрори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи он, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия аст, бисёр ҳаяҷоновар ва саривақтӣ буда, дар ҳамин ҷо ёдоварӣ кардани суханони ҳаётан муҳими ӯ, ки аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ, то имрӯз ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа ва ҷиддӣ медиҳад, ба манфиати кор аст «… то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад». (Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024).

Худ қозоват кунед, ки имрӯзҳо барои тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф пурра рӯй оварданаш дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истода, ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат намуда, дар соҳа инчунин 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ дар мавриди татбиқ аст.

Далелҳо гувоҳи оннанд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ҳол он, ки дар соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошт. Ҳоло бошад, муассисаҳои таълимии типи нав (170 литсею гимназия) ва 4037 муассисаи доимӣ фаъолият доранд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Барои муқоиса агар, соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошта бошад, ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст. Гузашта аз ин, имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин 106 000 донишҷӯ, дар 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ - коллеҷҳо ба фаъолияти пурсамар машғуланд.

Дар шароити вусъат ёфтани ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат зарурияти ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи рӯз ҷавобгӯ, мутахассисони сатҳи касбияти баланд доштаи забондони хориҷӣ, махсусан, англисию русиро ҳидоят намуда, дастур медиҳад, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи ҳозиразамони таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешида шавад.

Гузашта аз ин, ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои супориш дода шудааст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 - 2030»-ро дар муддати ду моҳ аз нав таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат аз ҷавонон, ки 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ташкил мекунанд, ифтихор дошта, онҳоро қишри фаъолтарини ҷомеа, идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол ва масъули фардои кишвари соҳибистиқлол медонад. Ӯ бовар дорад, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

Ҷаноби Олӣ дар қатори мардуми бофарҳангамон аз қабул гардидани пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва тавассути қатъномаи махсус эълон доштани Рӯзи ҷаҳонии футбол, аз ҷаҳонӣ шудани гӯштини миллии тоҷикӣ, инчунин аз дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж - 2024-ум ифтихор дорад.

Биёд, ҳамватанони азиз, мо низ, ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва фароҳамоварии зиндагонии шоиста, бо саъю кӯшиши доимии худ кишварамонро ба мамлакати пешрафтаву обод мубаддал гардонем.

Нозимҷон Нидоев - д.и.и., и.в. профессори

кафедраи фаъолияти гумрукии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top