Мавриди зикр аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, санаи 28.12.2024 ироа гардид дастурест ва роҳнамоест баҳри таъмини ояндаи созандаи миллат.
Истифодаи технологияи рақамӣ ва ба хусус фановариҳои рақамӣ дар ташаккул ва вусъатёбии иқтисодиёти инноватсионӣ заминаи воқеӣ гузошта истодаанд. Бинобар ин, равандҳои рақамисозӣ ва зеҳнии сунъӣ, ки дар иқтисодиёт ба вуқӯъ мепайванданд, раванди ҳамҷояшавии сармояи инсониро, ки дар он донишҳои рақамӣ ва таҳсилоти рақамӣ нақши махсус доранд, ба таври назаррас тағйир додааст. Изҳороти мазкурро он далел тасдиқ мекунад, ки падидаи нав бо номи «иқтисоди рақамӣ» пайдо гардид, ки дар меҳвари он дониш, таҷриба, ноу-хау дороиҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Дар ин асос, системаи нишондиҳандаҳое зарур аст, ки дараҷаи тараққиёти соҳаи саноатро, ки ба дониш талаботи зиёд доранд, инъикос намояд.
Таҷрибаи муосири идоракунӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дар шароити рушди босуръати иқтисодиёти ҷаҳон, низоми рақамикунонии фаъолияти тамоми соҳаҳо, яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди иқтисодиёти миллиро маҳсуб меёбад. Мутахасссисони дорои салоҳиятҳои рақамӣ ҷузъи асосии соҳаи хизматрасонӣ ба ҳисоб рафта, онҳо маҳсулоти гуногунро дар шакли электронӣ пешниҳоди ниёзмандон мегардонанд. Ҳамзамон, бо рушд кардани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ доираи имкониятҳои бозор васеъ шуда, дар он давра ба давра хизматрасониҳои нав ба нав ворид мешаванд ва ин ҳам ба рушди иқтисоди рақамӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст ва дар ин замина баҳри татбиқи барномаҳои бузурги иқтисодӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад. Бинобар ин, вобаста ба амалишавии ин барномаҳо, технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ амалан татбиқ гардида, мувофиқи равандҳои ҷаҳонишавӣ дар фаъолияти тамоми корхонаҳо новобаста аз шакли моликият роҳандозӣ шуда истодааст.
Сарвари маҳбуби миллат зикр намуданд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки «дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуд».
Сарвари дурандеши мо, вазифагузорӣ намуданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.
Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста шуд.
Тавре ки, маълум аст аксари кишварҳои пешоҳанг ва қудратманд бо нерӯи инсонӣ ва иқтидори тавоно, яъне моликияти зеҳнӣ ба маром дар рушду такомули иқтисодиёти хеш натиҷаҳои назаррасро соҳибанд. Маҳз, сармояи инсонӣ яке аз муҳимтарин омилиест, ки дар он тафаккури эҷодӣ, арзишҳои зеҳнӣ, маҳорату истеъдод, салоҳияту касбият ва иқтидори шахсият дар бозори меҳнат арзёбӣ мегардад. Сармояи инсонӣ нерӯи созанда, потенсиали меҳнатӣ, захираи арзишманд ва таъминкунандаи омили муваффақияти ташкилот дар фазои рақобат бо такия ба рақамикунонии фаъолият ба ҳисоб меравад. Сармояи инсонӣ аз саломатӣ, дониш, таҷриба ва малакаҳое сарчашма мегирад, ки одамон барои таъмин ояндаи ҳаёти худ онро пайваста ҳифз ва такмил хоҳанд дод. Сармояи инсонӣ нерӯ ё қувваест, ки баҳри рушди иқтисодиёти миллӣ ва татбиқи стратегия нақши калидӣ дорад.
Сармояи инсонӣ захираи асосии истеҳсолии дар ихтиёри корхона буда, барои афзун намудани дороиҳо ва таъмини фаъолияти самарабахш хизмат менамояд. Сармояи инсонӣ маҷмӯи донишу салоҳиятҳо, сифатҳою арзишҳо, истеъдоду қобилиятҳое, ки дороию сарватмандии инсонро метавонад дучанд намояд, агар онҳоро баҳри мафиятбахшии ҷомеа ва тафаккури шахсӣ сафарбар намуда тавонӣ.
Ҳадафҳои созанда ва барномаву стратегияҳои миллиро метавон татбиқ намуд, агар нерӯ ва сармояи инсонии рақобаттавонро дар ихтиёр дошта бошем. Дар воқеъ чунин потенсиал ва нерӯи созандаи миллати баору баномуси мо дар ихтиёр дорад ва қодир аст бо садоқат, бо виқор, бо шарафмандӣ, бо ташаббус, бо такия ба ҳидоятҳои созанда, бо боварӣ ояндаи Тоҷикистонро дурахшон созад.
Дар татбиқи ин иқдому стратегияҳои миллӣ бояд такия ба нерӯи инсонӣ, моликияти зеҳнӣ ва мутахассисони касбии дорои масъулияту салоҳиятҳои зарурӣ гузошта шавад ва дар ин самт боз ҳам нақши созандаро бояд омӯзгорони асил ба даст гирифта бошанд.
Воқеан, Паёми Президенти маҳбуби мо, барои кулли мардуми шарифи Тоҷикистон на танҳо дастур ё роҳнамо, балки барнома ё қадамҳои устувор баҳри таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ, сазовор ҷашн гирифтани 35 солагии Иди миллии тоҷикистониён хоҳад буд. Дар ин роҳ қувваю иқтидори зеҳнӣ, масъулияту заҳмати пайваста, нерӯи созанда, амну осоиштагиву муттаҳидӣ, нангу номуси миллӣ ва азму иродаи қавӣ моро беш аз пеш зарур аст.
д.и.и., дотсент Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич