Бо мақсади рушди соҳаҳои хоҷагии мамлакат ва тақвият бахшидан ба рушди иқтисодиёти миллӣ, қабули консепсияи иқтисодиёти сабз аҳамияти басо муҳим дорад. Мо аз тавсеаи робитаҳо, алахусус, дар самтҳои рушди иқтисоди сабз, ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат самаранок истифода менамоем.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баён гардидааст, ки иқтисодиёти сабз, яке аз самтҳои муосири илми иқтисод буда, дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми муҳим мегузорад. Илова бар ин, дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули иқтисоди сабз, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас баён гардид.
Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди энергияи сабз мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.
Мусалам аст, ки иқтисодиёти сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли “энергияи сабз” вобастагии калон дорад. Бинобар ин, барои пешрафт ва рушди иқтисодиёти миллӣ истеҳсоли “энергияи сабз”-ро дар кишвар афзун намудан лозим меояд. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зиёд кардани истеҳсоли “энергияи сабз” таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Ҳамчунин дар ин самт зимни суханронӣ Пешвои миллат дар мубоҳисаҳои сатҳи баланд таҳти унвони “Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим” иброз доштанд: «Бо назардошти саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастрасӣ ба сатҳи сифрии партовҳои гулхонаӣ, мо ният дорем, ки иқтидорҳои худро оид ба истеҳсоли “энергияи сабз” то соли 2050 ду баробар афзоиш диҳем».
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки мувофиқи ақидаи коршиносони ташкилоти СММ, “иқтисодиёти сабз” чунин тарзи фаъолияти хоҷагидорист, ки ба боло рафтани сатҳи зиндагии одамон ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамчунин, хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад. Амалигардонии консепсияи иқтисоди сабз имкон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ он ба сатҳи иҷтимоию иқтисодии давлат таъсири мусбӣ мегузорад.
Азизова Н.А.
муаллими калони кафедраи
иқтисодиёти ҷаҳон ва
муносибатҳои байналмилалӣ