Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба як қатор самтҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд, аз ҷумла оид ба масъалаи рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ки дар замони муосир бисёр ҳам мубрам аст, изҳори андеша намуданд.
Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Ва ба ин васила Пешвои миллат, ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд.
Нисбати ин масъала ибрози андеша намуданд, ки низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ, равияи омода намудани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шаванд.
Ҳамчунин қайд намуданд, ки дар ин раванд, муҳайё намудани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун ба онҳо, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешаванд.
Ҳамзмон таъкид намуданд, ки дар замони муосир, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, яке аз масъалаҳои муҳиму зарурӣ барои соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ-иҷтимоӣ, алалхусус соҳаҳои воқеии иқтисодиёт мубадал гардидааст, инчунин метавонад ба самаранокии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат намояд.
н.и.и., и.в., дтосент Назруллозода М.Н.