Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро бо дастгирии 153 кишвари ҷаҳон якдилона қабул кард.
Мувофиқи ин Қатънома пешниҳодҳои зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд:
- Эълон гардидани 21 - март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
- Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.
Барои тоҷикону тоҷикистониён боиси ифтихор аст, ки кишвари мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.
Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо як шакли ҳамкорӣ дар самти ҳамоҳанг сохтани барномаҳою лоиҳаҳои байналмилалӣ ва миллии дар саросари ҷаҳон татбиқшаванда мебошад. Муносибати ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ ҳам ба натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ ва ҳам ба самаранокии иқтисодии он таъсири ҳадди аксар мерасонад. Ҳамкории байналмиллалӣ, ки имрӯз оғоз мешавад, чунин муносибатҳо ва фаҳмиши мушкилотеро, ки барои ҷомеа барои муддати тӯлонӣ нафъ хоҳад дод, бунёд хоҳад кард.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2-юми декабри соли 2023 дар ҳамоиши сарони «Гурӯҳи 77 ва Чин» зимни Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим таъкид карда буданд, ки тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо гардида, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад.
То имрӯз аз 13000 пирях дар Тоҷикистон беш аз ҳазораш комилан об шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки ҳудуди 6 дарсади қаламрави Тоҷикистонро пиряхҳо ташкил медиҳанд ва 55,4 дарсади манбаъҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.
Дар Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои то соли 2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 қабул гардидааст, қайд мегардад, ки “Тағйирот ва тағйирпазирии иқлим ба захираҳои оби ҶумҳурииТоҷикистон таъсири зиёд дорад. Тибқи маълумоти мавҷуда дар даҳсолаҳои охир ҳарорати миёнаи ҳаво дар Тоҷикистон 0,7-1,9 дараҷа боло рафта, тақрибан ҳазор адад пиряхҳои хурд аллакай об шудаанд. Бо сабаби он, ки сарчашмаи асосии дарёҳои Тоҷикистон пиряхҳо мебошанд, ин дар давраҳои миёна ва дарозмуддат ба кам шудани оби онҳо оварда мерасонад”.
Гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлим ба баландкӯҳҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. Ба эҳтимоли зиёд пиряхҳо зудтар об мешаванд ва ин на танҳо ба тавозуни оби ҳавзаи баҳри Арал таъсир мерасонад, балки ба офатҳои табиӣ, аз қабили ярч, обхезӣ ва хурӯҷи кӯлҳои пиряхӣ низ оварда мерасонад ва ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии минтақа таъсир мерасонад. Аммо дар ин самт то ҳол таҳқиқоти назаррас ба анҷом нарасидааст ва донишу маълумоти боэътимоди кофӣ вуҷуд надорад.
Пас аз барҳамхурии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон механизмҳои ҳамкориро таҳия карданд. Созмони минтақавии Фонди байналмилалии наҷоти Арал имкон медиҳанд, ки баҳсҳо ва низоъҳо оид ба захираҳои об пешгирӣ карда шаванд. Сарони кишварҳои минтақа борҳо пойбанди худро ба ҳадафҳои муштараки идоракунии об эълон карда, созмонҳои байналмилалӣ дар бунёди сохторҳо ва платформаҳои ҳамкорӣ мусоидат намудаанд. Маълум гардид, ки масъала на танҳо ба идоракунии об, балки ба муҳити зист, энергетика, захираҳои об ва амнияти озуқаворӣ баҳри таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, сулҳу шукуфоии минтақа дахл дорад.
Санадҳои ҳуқуқие, ки масъалаи ҳифзи пиряхҳоро танзим мекунанд, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида иборат аст.
Дар фарқият аз Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ҳифзи пиряхҳо” истилоҳи пиряхҳои фаромарзӣ истифода гардидааст. Тибқи моддаи 17 Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии пиряхҳои фаромарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ, мониторинг, арзёбӣ ва ҳифзи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Аммо мутаассифона, дар ин қонун мафҳуми “пиряхҳои фаромарзӣ” оварда нашудааст.
Аз моддаи 1 Муоҳида оид ба муҳофизат ва истифодаи обҳои фаромарзӣ ва кўлҳои байналмилалӣ аз 17 марти соли 1992 бармеояд, ки «Обҳои фаромарзӣ дилхоҳ обҳои рўизаминӣ ва зеризаминӣ мебошанд, ки сарҳади ду ва зиёда давлатро ташкил медиҳанд ё убур мекунанд ё дар чунин сарҳад ҷойгиранд; дар он ҳолатҳое, ки агар обҳои фаромарзӣ бевосита ба баҳр ҷорӣ мешаванд, ҳадди чунин обҳои фаромарзӣ бо хати росте маҳдуд мешаванд, ки даҳанаи онҳоро байни нуқтаҳои дар хати хурди обҳои соҳили онҳо ҷойгирбуда убур мекунанд».
Новобаста аз он ки Тоҷикистон ин муоҳидаро ҳоло ба тавсиб нарасондааст, мафҳуми “обҳои фаромарзӣ”-и дар он овардашуда метавонад мафҳуми “пиряхҳои фаромарзӣ”-ро ифода намояд.
Аз ин рӯ, мувофиқи мақсад мебуд, ки дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” мафҳуми пиряхҳои фаромарзӣ дода шавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи моддаи 5 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ҳамаи объектҳои об ва захираҳои оби дар онҳо мавҷудбударо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин заминҳои ишғолнамудаи онҳо бо минтақаҳои ҳифзи обро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, пиряхҳо объекти алоҳидаи обро ташкил дода, ҳифзи он аз тарафи ин қонуни мураттабшуда низ ба роҳ монда мешавад. Аз ин рӯ, бояд байни Кодекси об ва қонуни ҳифзи пиряхҳо бояд ҳамоҳангӣ, мувофиқат ҷой дошта бошаду, мавзӯъҳои танзими онҳо ҷудо бошанд.
Тибқи банди 2 моддаи 5 Қонун “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ, грантҳо ва маблағҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбад. Ҳамчунин, дар ташаккули ин фонд бояд мамлакатҳои поёноби Осиёи Марказӣ, ки аз оби дар пиряхҳои Тоҷикистон ташаккулёфта истифода мебаранд, саҳмгузор бошанд, зеро ҳифзи пиряхҳо ба манфиати тамоми ҳавзаи баҳри Арал нигаронида шудааст.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба он калон аст, тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мувофиқи мақсад мебуд, ки шумораи ҷойҳои буҷавӣ барои омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи таҳқиқ ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар зиёд карда шавад.
Бобохониён Довуд Маҳмадраҷаб – ассистенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ