14-уми декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта, Қатъномаи “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” - ро қабул кард, ки ин далели дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудани Тоҷикистон мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин Қатънома пешниҳодҳои зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
- Эълон гардидани 21 - март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
- Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.
Қатъномаи номбурда аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст. Инчунин, дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси қоҳиши густурдаи криосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷро ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст.
Нишондиҳандаи асосии тағйирёбии иқлим дар кӯҳҳо ин пиряхҳо буда, ҳангоми гармшавӣ ё хунук шудан атмосфера ҳаҷми онҳоро кам ва ё баръакс зиёд мекунад. Пиряхҳои кӯҳӣ вақте ба вуҷуд меоянд, ки барфҳо дар баландкӯҳҳо ҷамъ шуда ба ях табдил меёбанд. Барои ба вуҷуд омадани пирях иқлими сард ва намнок лозим аст, ки дар давоми сол назар ба обшавии он барф зиёдтар меборад. Ҳамин ки ҳарорат баланд шуд, миқдори боришот дар кӯҳҳо кам мешавад, пирях ҷамъшавии ҳаҷми худро боз медорад ва об шудан мегирад. Пиряхҳои кӯҳӣ дар саросари ҷаҳон тақрибан 15 ҳазор сол пеш, вақте ки давраи нави гармшавии ҷаҳонӣ ба ҷои давраи яхбандӣ фаро расид, ба обшавӣ шурӯъ карданд ё ин ки ақибравии нӯги (забонаи) пирях ба мушоҳида мерасид. Обшавии босуръати пиряхҳо метавонанд барои табиат ва иқтисодиёти ноҳияҳои кӯҳӣ, ки дар онҳо шаш як ҳиссаи аҳолии курраи Замин зиндагӣ мекунад, боиси оқибатҳои фалокатовар гарданд. Мувофиқи маълумотҳо ақибравии нӯги (забонаи) пиряхи Ҳимолой дар як сол ба ҳисоби миёна 10-15 метрро ташкил медиҳад. Пиряхи Ганготри, ки дарёи Ганг аз он сарчашма мегирад ва он яке аз манбаъҳои асосии об барои 500 миллион нафар аҳолии водии Ганг мебошад, ҳар сол 30 метр кам мешавад. Дар Перу аз се як ҳиссаи пиряхҳо кам шуда истодаанд. Дар минтақаи Аврупо пиряхҳои кӯҳи Алп аз соли 1870 кам шудан гирифта, то 1 километр ақибравӣ мушоҳида гардид. Дар Зеландияи Нав ҳаҷми пиряхҳо то 11 фоиз кам шуд.Мувофиқи маълумоти Агентии Аврупо оид ба муҳити зист то соли 2050 – ум 75 фоизи пиряхҳои кӯҳӣ об мешаванд. 96,5 фоизи оби кураи Замин ҳамчун оби шӯр дар уқёнусҳо мавҷуд буда, 3,5 фоизи боқимондаро кӯлҳои оби ширин ва обҳои яхкардаи пиряхҳо ва яхҳои қутбӣ ташкил медиҳанд. Мувофиқи сарчашмаҳо пиряхҳои муосири ҷаҳон зиёда аз 16 миллион километри мураббаъ ё ин, ки 11 фоизи масоҳати заминро фаро мегиранд ва онҳо зиёда аз 25 миллион километри мукааб ях дошта, тақрибан аз се ду ҳиссаи оби тозаи ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Пиряхи бузургтарини ҷаҳон бо номи Ламберт дар Антарктидаи шарқӣ мавҷуд аст, ки қариб 14 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад. Гренландия бузургтарин ҷамъшавии ях дар рӯи замин аст, ки масоҳати он 14 миллион километри мураббаъ ва ҳаҷми ях ба 26,5 миллион километри мукааб мерасад. Берун аз минтақаҳои қутбӣ пиряхҳо тақрибан 300 ҳазор километри мураббаъро ишғол мекунанд.
Пиряхҳои бузургтарини ҷаҳон Ҳимолой, Анд, Кордилер, Алп ва пиряхи калонтарини минтақаи Осиёи Марказӣ Федченко ба ҳисоб мераванд. Дар Осиёи Марказӣ, ки пиряхҳо ҳамагӣ 5 фоизи масоҳати ҷаҳонро ишғол мекунанд, ҳиссаи онҳо дар оби дарёҳо соле 20 фоиз ва тобистон то 50 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, пиряхҳо ба раванди мубодилаи намии географӣ байни гидросфера ва тропосфера дохил мешаванд. Мусаллам аст, ки обшавии пиряхҳо яке аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим мебошад. Ҳарорати миёнаи Замин тақрибан ба 15 дараҷа расидааст ва ин баландтарин нишондод дар 3 миллион соли охир аст. Ҳар рӯз беш аз 1 миллион тонна ях об мешавад. Мувофиқи сарчашмаҳо, ҳисоб шудааст, ки то охири асри XXI ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Осиёи Марказӣ метавонад аз 3,7 то 5,6 дараҷа боло равад. Дар баробари ин, афзоиши ҳарорати зимистон аз 3,0 то 5,8 дараҷа, дар тобистон аз 3,8 то 5,5 дараҷа гарм мешавад.Баландшавии ҳарорат дар заминаи кам шудани боришот тақрибан дар тамоми минтақаҳо ба амал меояд, дар атмосфераи замин гази карбон ва дигар газҳои гулхонаӣ аз меъёр зиёд мешаванд. Ин самараи нигоҳ доштани гармиро ба вуҷуд меоварад, ки барои ба атмосфера баромадани он монеъ шуда, замин гарм мешавад ва ин боиси об шудани пиряхҳо мегардад.
Пиряхҳо бузургтарин манбаи асосии оби тоза мебошанд, ки айни ҳол дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 ҳазор пирях бо масоҳати умумии 8476,2 километри мураббаъ, ки 6 фоиз масоҳати кишварро ташкил медиҳад, ба қайд гирифта шудааст. Дар ин пиряхҳо 567 километри мукааб оби нӯшокии сифати баланддошта ҷойгир шудааст. Ин пиряхҳо манбаи ғизогирии дарёҳо буда, соле аз инҳо 13 километри мукааб об ҷорӣ мегардад. Пиряхҳо ба ҳисоби миёна 25 фоиз ғизои дарёҳоро таъмин менамояд. Гиреҳи асосии яхбандӣ дар мавзеъҳои пайвастаи қаторкӯҳҳои баландтарини кишвар, аз қабили Академияи Илмҳо, Дарвоз, Пётри Як, Ванҷ, Язғулом ҷойгир мебошанд. Пиряхҳои қаторкӯҳҳои Паси Олой, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Шоҳдара, Музкӯл ва ҳавзаи дарёи Зарафшон захира шудаанд. Дар ин гиреҳи қаторкӯҳҳо хусусияти орографӣ ва иқлимӣ барои ташаккули пиряхҳо шароити мусоид фароҳам омадааст.
Дар рӯи Замин пиряхҳои кӯҳӣ ниҳоят бисёранд. Масоҳати онҳо ҳамагӣ 1,5 фоизи масоҳати сатҳи хушкиро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии пиряхҳо дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ 17-18 ҳазор километри мурабаъ буда, 60 фоизи он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Ҳамчунин, дар ин пиряхҳо 52 фоиз захираи умумии оби нӯшокии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ маҳфуз аст. Қисми зиёди пиряхҳо дар кӯҳҳои Тоҷикистони Шарқӣ ва Марказӣ ҷой гирифтааст.
Бештари пиряхҳои Тоҷикистон асосан дар кӯҳистони Помир воқеъ гардидаанд. Дар ин минтақа тахминан 149139 пиряхи хурду калон ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии онҳо 824,1 километри мурабаъро ташкил дода, 559 километри мукааб ҳаҷми ях дорад ва дар ин пиряхҳо 144 километри мукааб об захира шудааст.
Яке аз калонтарин пиряхи кӯҳии Тоҷикистон, ки дар кӯҳҳои шимолу ғарби Помир ҷойгир шудааст, пиряхи Федченко мебошад. Пиряхи Федченко дар нишебии шарқии пайванди қаторкӯҳи Академияи Илмҳо бо силсилакӯҳи Язғулом дар баландии 6974 метр маскан гирифтааст.
Пиряхи Федченко на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон калонтарин пиряхи водигию кӯҳӣ ба шумор рафта, дар китоби «Рекордҳои замин» дохил шудааст. Дарозии ин пирях 77 километр, масоҳати он 156 километри мурабаъ, ғафсиаш 700-1000 метр, паҳноияш 3-5 километри мурабаъ ва ҳаҷми умумиаш 93,8 километри мукаабро ташкил медиҳанд. Нӯги (забонаи) он дар водии дарёи Селдара (шохоби Муғсу) то баландии 2909 м. паст фаромадааст. Пиряхи Федченко 50 шоха дошта, калонтарини онҳо Бивачий, Наливкин, Витовский, Ҷамъияти географии рус, Гармо ва ғайра мебошад, ки дар баландии аз 2900 то 7480 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Айни замон пиряхи Федченко соле бо суръати 10-16 метр таназзул ёфта истодааст. Дар 10 соли охир ин пирях беш аз 1 километр кӯтоҳ ва сатҳаш беш аз 50 метр паст фаромадааст. Қариб ҳамаи шохаҳои пиряхи Федченко аз қисми асосӣ ҷудо шуда, мустақил гаштаанд. Ин вазъият аз таназзули умумии пирях башорат медиҳад. Аз ин хотир омӯзиши минбаъдаи пирях аҳамияти калони назариявӣ ва амалӣ дорад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 45 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 16 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забонаи) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад. Суръати обшавии сатҳи пирях дар як шабонарӯз 3,5 - 6 сантиметр, дар як сол ба 2,5-3,5 метр баробар аст.
Пиряхҳо бар иловаи манбаи пурбаҳои захиравии об будан, хатар ҳам доранд. Аз 65 пиряхи ҳаракаткунандаи кӯҳҳои Осиёи Марказӣ 35 адади онҳо дар Тоҷикистон назди ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Муғсу, Обихингоб, Ванҷ, Ғунт, Сауқсой, Сурхоб ва ғайра ҷойгир шудаанд. Пиряхҳои ҳаракаткунандаи ба қайд гирифташуда гоҳ-гоҳ канда шуда, пеши дарёҳои кӯҳиро мебанданд ва хатари обхезиро ба вуҷуд меоранд. Масалан, пиряхи Хирсон, ки дар болооби дарёи Ванҷ ҷойгир шудааст, масоҳаташ 25,3 километри мурабаъ ва дарозиаш 15,8 километрро ташкил медиҳад, солҳои 1963, 1973, 1984, 2001-2002 дар як шабонарӯз 5 сантиметр ҳаракат карда, дар вақти ҳаракати харобиовар суръаташ дар як шабонарӯз ба 100 метр расида, маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад.
Ҳаракати шабонарӯзии пиряхҳои ҳаракаткунанда метавонанд ба таври муқаррарӣ аз 0,3 то 6,0 метр, дар як сол якчанд километр ва дар фосилаи кӯтоҳи шабонарӯзӣ то 100 метр ҳаракат кунанд, аз ҷумла пиряхҳои Хирс, Барс, Фортамбек, Музгазӣ, Шин-Бинӣ, Дидал, Бивачний ба ин гурӯҳ дохил мешаванд.
Минтақаи дуюми пиряхии ҷумҳурӣ қисмати кӯҳсори Ҳисору Олой ва Зарафшон буда, масоҳати умумии пиряхҳои ин минтақа 1500 километри мураббаъро ташкил медиҳанд. Миқдори пиряхҳои водии Зарафшон аз 400 адад зиёд буда, масоҳати умумии онҳо 557 километри мураббаъ, дараҷаи яхкунӣ 5,5 фоиз, ҳаҷми оби пиряхҳо 26 километри мукааб ва ҷараёни пиряхии дарёҳо дар як сол беш аз 4 километри мукаабро ташлил медиҳад.
Пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон аз 21 адад иборат аст, ки масоҳати умумии онҳо 297 километри мураббаъ мебошад.
Пиряхи Зарафшон дар нишебии ҷануби қаторкӯҳи Зарафшон воқеъ гардидааст. Нуқтаи баландтарини пиряхи Зарафшон аз сатҳи баҳр дар баландии 4900 метр ва нуқтаи пасттарини он аз сатҳи баҳр дар баландии 2770 метр ҷойгир шудааст. Майдони фарогирифтаи пиряхи мазкур бе шохаҳояш 42,5 километри мураббаъ ва бо 19 шохаи калонаш 132,6 километри мурабаъро ташкил медиҳад. Ин пирях 27,8 километр дарозӣ, аз 1,5 то 3 километр паҳноӣ, 200 метр ғафсӣ ва 15,85 километри мукааб ҳаҷми ях дорад.
Ғайр аз ин, 119 адад пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Туркистон ҷойгир шудаанд. Ин пиряхҳо дар баландии зиёда аз 2800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд. Масоҳати умумии онҳо ба 271,1 (317,9) километри мураббаъ буда, дарозии он аз 1 то 14 километр мебошад. Инчунин дар шимоли қаторкӯҳи Ҳисор бошад, 106,5 километри мураббаъ пирях ҷойгир шудааст. Умуман, ҳаҷми захираи яхи ин минтақаи дуюми пиряхии ҷумҳурӣ 36,9 километри мукааб мебошад.
Ҳамин тавр, тамоми пиряхҳои минтақаи номбаргардида, дар масоҳати 12,6 ҳазор километри мураббаъ ҷойгир шудаанд.
Пиряхи Зарафшон яке аз пиряхҳои нӯгаш (забонааш) дар пастхамӣ воқеъ гардида мебошад, ки дар баландии 2820 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Айни ҳол пиряхи Зарафшон дар давраи ақибравӣ қарор дошта, захираҳои яхи он коҳиш ёфта истодааст. Дар тӯли 70 сол суръати миёнаи ақибравии нӯги (забонаи) пиряхи водии Зарафшон зиёда аз 48 метр ба қайд гирифта шудааст. Ақибравии нӯги (забонаи) пирях бо маводҳои таҳқиқотӣ ва нишондодҳои таҷҳизоти ченкунанда низ тасдиқ гардидааст.
Мувофиқи пешгӯиҳо то соли 2050 дар Тоҷикистон якчанд ҳазор пиряхҳои хурд аз байн мераванд ва ҳаҷми ях то 25 фоиз кам мешавад. Пиряхҳое, ки масоҳати он то 1 километри мураббаъ ва камтар аз 50-60 метр аст, баъди ним аср онҳо об шуда, комилан аз байн мераванд. Пиряхҳои калонтарин то 20-30 фоиз ҳаҷми худро гум мекунанд ва ба таври амудӣ ба ақибравии то 200-300 метр талаф хоҳанд ёфт. Пиряхҳое, ки дар баландиҳои аз 4000 то 70000 метр ҷойгир шудаанд, тағйир намеёбанд.
Тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо яке аз масъалаи умумиҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ таъсири манфӣ дорад. Ба ғайр аз гармшавии бесобиқаи ҳаво дар кураи Замин, ки олимон инро ба афзоиши газҳои гулхонаӣ, бахусус гази ангидриди карбон дар қисмати болоии атмосфера бар асари сӯхтусӯзи сӯзишвории минералӣ дар фаъолияти инсон нисбат медиҳанд, боди афғонӣ, зуҳуроти метеорологии элнино, гарду чанги майдони хушкшудаи баҳри Арал, сиклонҳои гарм, обкушоӣ ва ҷоришавии об аз зери пирях низ яке аз омилҳои таъсиррасон дар обшавии босуръати пиряхҳо дониста шудаанд. Тазаккур бояд дод, ки бо таъсири ҳавои гарм миқдори обҳои ҷоришаванда аз зери пирях зиёд мешаванд ва пирях бештар «лағжанда» гардида, суръати ҳаракаташ меафзояд.
Бо назардошти моҳияти ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2010 «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030»-ро қабул намуд. Вазифаи стратегии ин барнома мониторинги фаврии яхшиносӣ оид ба ҳолати пиряхҳо ва барфҳои ҳавзаҳои тамоми дарёҳои ҷумҳурӣ бо мақсади пешгӯйии ҷараёни дарёҳо ва бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ мебошад. Дар доираи амалӣ гардонидани он бисёр тадбирҳо доир ба ҳифзи пиряхҳо ба нақша гирифта шуда, як қатор корҳои омӯзишию тадқиқотӣ ва муҳофизатӣ анҷом дода шуда, ҷорӣ намудани низоми ҷамъоварии маълумоти моҳворавӣ ва ташкили феҳристи пиряхҳо мувофиқи матлаб ба роҳ монда шудаанд.
Ҳамин тариқ, тағйирёбии умумиҷаҳонии иқлим, сол то сол гармтар шудани ҳаво яке аз мушкилоти экологие мебошад, ки тайи даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст ва оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ низ таъсиррасон буда, аллакай аз худ дарак медиҳад.
Тибқи таҳқиқоти олимони тоҷик, ҳоло бо сабаби гармшавии умумиҷаҳонии иқлим таназзули пиряхҳо авҷ гирифта, онҳо ҳар сол аз 0,8 то 1,0 фоиз масоҳати худро гум мекунанд. Бинобар сабаби тағйирёбии иқлим, ҳодисаҳои гуногуни табиӣ рух дода, боиси хисороти ҷонӣ, молӣ ва иқтисодӣ мегарданд. Дар натиҷаи баланд гардидани ҳарорати ҳаво баландшавии сатҳи оби дарёҳое, ки манбаи ғизогириашон аз ҳисоби пиряху барф мебошад (Панҷ, Ғунд, Бартанг, Ванҷ, Вахш, Обихингоб, Зарафшон ва шохобҳои онҳо) мушоҳида карда мешавад.
Пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо дар сайёра масъалаи танҳо як кишвар нест. Ин офати сустҳаракаткунанда аст ва оқибат ба ҳама кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад. Итминон дорем, ки бо пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон кишварҳои олам тадбирҳои заруриро барои нигоҳ доштани пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим сари вақт амалӣ месозанд.
Тавсияҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва амалӣ намудани тадбирҳои зерин:
- барои маҳдуд кардани тағирёбии иқлим ва наҷот додани пиряхҳо, партовҳои ҷаҳонии газҳои гулхонаӣ дар даҳсолаи оянда бояд 45% кам карда шуда, пас аз соли 2050 ба сифр баробар карда шаванд;
- арзёбии ҳолати экосистемаҳои кӯҳӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо;- рушди системаи иттилоотӣ бо истифода аз тасвирҳои моҳвораӣ оид ба пиряхҳо ва шароити гидрометеорологӣ ва мушоҳидаҳои саҳроӣ;- таҳияи тавсияҳо оид ба ҳифзи муҳити зист, омода намудани нашрияҳои илмӣ ва оммавӣ оид ба пиряхҳо (атласҳо, монографияҳо, китобҳо, албомҳо, дискҳо);- бунёди обанборҳои хурду миёна ва зиёд намудани ҷангалзорҳо дар минтақаҳои кӯҳистон.
Амонатзода Маҳбуба Ато – номзади илмҳои география, и.в. дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДДТТ