Мусаллам аст, ки 24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистонро таъсис дода, минбаъд ин санаро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд, ки ин рӯзҳо бо ифтихор ва шукӯҳу шаҳомати хосса дар саросари кишвар таҷлил мегардад.
Дар ҳама давру замон парчамдорӣ чун нишонаи истиқлолхоҳӣ, озодӣ ва мубориза маънидод гардидааст. Рисолати парчамдорӣ дар таърихи башар пуршараф буда, миллатҳое соҳиби парчам мешаванд, ки тавонистаанд дар ҳамаи печутоби таърих аз ҳувият ва ягонагии худ дифоъ намуда, онро дар парчами худ ифода намоянд.
Ба ин далел, Парчами миллии мо таърихи бою ғании чандинҳазорсоларо дар худ бо рамзи шери паррони ниёкони ориёӣ ва тоҷи заррини Исмоили Сомонӣ таҷассум намуда, моро бо қавмҳои ориёӣ, ки яке аз аввалин қавмҳои олам буда ойини парчамдориро ҷорӣ кардаанд, пайванд медиҳад. Илова бар ин, Парчам моро бо аввалин давлати комили миллӣ, ки тавонист рушду нумуи фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодии кишварро таъмин намуда, пойдевори миллати тоҷикро гузорад, тавъам месозад. Пас, Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзӯю ормонҳои таърихии миллату давлат аст.
Боиси тазаккур аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.
Дар ин рӯзи пурифтихор аҳолии кишвар худро бори дигар ҳамдилу ҳамнабзи он рузҳои таърихӣ дониста, садоқати худро ба ин муқаддасоти олӣ ифода менамояд.
Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд: “Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад”.
Парчам инчунин рамзи дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз қабили маориф, фарҳанг, варзиш ва иқтисод мебошад. Таҷлили рӯзи парчам мардумро илҳом мебахшад, ки аз кишвари худ ифтихор кунанд ва барои шукуфоии он сайъ намоянд.
Ҳамин тариқ, Рӯзи парчами Тоҷикистон на танҳо тантана, балки як лаҳзаи муҳим барои дарки ҳувият ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Дар марҳалаи нави давлатдорӣ ва эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ҳар як фарди Тоҷикистонро зарур аст, ки ба қадри обу хоки ин кишвар ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам бирасад, зеро муайянкунандаи давлат ин парчами миллӣ мебошад, ки дӯст доштани ин муқаддасоти миллӣ нишонаи ватандӯстӣ мебошад.
Дар ҷаҳони муосир Парчам василаи муаррифӣ намудани давлату миллатҳо буда, ҳар як давлатро аз рӯи парчаму нишонаш мешиносанд. Миллати тоҷик низ яке аз кишварҳои дорои таъриху фарҳанги пурғановат ва оламшумул дар арсаи ҷаҳонӣ башумор меравад, ки аз рӯи парчам мақому манзалати хоссаро доро буда, тули ҳазорсолаҳо ин арзиши олии миллиро ҳифз намудааст. Пас ҳар як фарди тоҷикро месазад, ки ҳамеша дар ободиву осоиштагии диёрамон саҳмгузор бошанду Парчами давлатиро ҳамеша ҳифз намуда, барои парафшон будан ва баланд бардоштани он сайъ намояд.
Имрӯз мо, тоҷикон бо Парчами миллии худ ифтихор дорем ва тамоми сайъу талоши хуро содиқонаву аҳлона ба кор мебарем, ки ин рамзи ошносози давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша парафшону пурҷило бошад. Зеро, парафшонии парчам дар миқёси ҷаҳонӣ аз минбарҳои бонуфузи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишиву сайёҳӣ боиси шаъну шараф ва сарфарозии мардуми шарифи тоҷик мебошад.
Сафаров Темурмалик Ниёзович, муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити ДДТТ