ИФТИХОР АЗ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ

Бинанда: 104 | Санаи нашр: 20 Ноябр 2024

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми қишрҳои ҷомеа, дўстиву бародарии халқҳои сокини кишвари биҳиштосои мо мебошад. Парчами давлатӣ, ки 24 - ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад.

Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.

Ранги сурх – нишонаи муборизаҳои халқи тоҷик барои озодӣ, сулҳу субот, шуҷоат ва мардонагӣ, рамзи истиқлолияти бадастомадаро ифода менамояд. Ранги сурх ҳаммаънои мисраи зебои Суруди миллӣ: “Зи дурии замонаҳо расидаем” мебошад. Шоир муборизаҳои халқи тоҷикро аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ, муҳофизати маданият, анъанаҳои миллиро фаромўш накардан тасвир менамояд.

Ранги сафед – бахту иқболи сафед, покизагӣ ва хушбахтии халқи тоҷик аст.

Ранги сабз – маънои сарсабзӣ, фаровонӣ, табиати зебои Тоҷикистон ва абадияти мулки тоҷиконро ифода мекунад..

Дар замони лашкаркашиҳои арабҳо ба Хуросону Мовароуннаҳр аҷдодони мо зери дасти бегонагон афтоданд, лекин ҳамон рўҳу табиати саркаш, ки онро шарқшиноси маъруф Ричард Фрай “Ҳам бадбахтӣ ва ҳам хушбахтии ниёгон”-и мо шуморидааст, нагузошт, ки онҳо ба арабҳо омехта шуда, мавҷудияти халқи худро гум кунанд. Ва ин ҳам дар ҳоле буд, ки тақрибан тамоми кишварҳои ба зери дасти арабҳо афтода, забон ва маданияти аҷнабиёнро қабул карданд.

Дар дунё халқҳое буданд, ки ба ҳуҷумҳои аҷнабиён тоб наоварда, миллату забони модариашонро гум карданд ва аз саҳифаҳои зиндагӣ нопадид гардиданд. Соли 1915 олими кишваршиноси рус Н.Г. Павлов дар китоби “Таърихи тоҷикон” навиштааст: “Мо дар арафаи эҳёи нави ин миллати боистеъдод ва ҷонсахт – тоҷикон мебошем. То дами ин эҳё онҳо зиндагӣ не, балки ҳақирона рўзгузаронӣ мекарданд ва ин фақру ҳаҷз оқибати се зарбае буд, ки Чингизхон, Темур ва хонҳои Манѓит ба онҳо расонидаанд. Аз рўи инсоф бояд гуфт, ки тоҷикон то кунун халқи аз ҳама сахтҷонтаринанд, кам андар кам миллате мисли тоҷикон ба ин зарбаҳои сахт дучор омадааст, аммо агар саҳифаҳои таърихро варақгардон намоем, шоҳид мешавем, ки тоҷикон барои хеш ба муқобили душманон ва аҷнабиён муборизаҳои беамон бурдаанд.

Боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 15-солагии Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рўзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таѓйирот ворид намуда, 24 ноябр – Рўзи Парчами давлатӣ муқаррар гардида, ҳамасола ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда шавад.

Бо ибтикор ва иқдоми наҷиби бунёдгузори Тоҷикистони мустақил, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2011 дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчами давлатамон, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд. Баландии пояи он 165 метр, дарозиаш 60 метр, бараш 30 метр буда, ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид гардид. Майдоне, ки онҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир аст, “Хиёбони Парчами миллӣ” номгузорӣ шуд.

Парчами имрўзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсти кишвар доимо пойбарҷо бошад. Имрўз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва ифтихор аз рамзҳои Ватан дошта бошад ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд ва қадр кунад.

 

Мавлонбӣ Исҳоқова, китобдори калони Китобхонаи илмии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top