Дар ҷаҳони паҳновари имрӯза ҳар як давлат барои шиносонидани худ нишону парчам дорад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.
Ҳақиқатан, давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон таърих ва суннати қадимаро дорост. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёту навиштаҷот, инчунин деворнигораҳои мухталиф, ки то ба имрӯз боқӣ мондаанд, ҳануз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус будани Парчамро нишон медиҳанд.
Аввалин Парчами тоҷикон бо номи «Дирафши Ковиён» маълум буда, чун қадимтарин намоде (рамзе) аз ваҳдат ва ягонагии давлатдории дуюмин сулолаи Ориёӣ-Каёниён хабар медиҳад ва онро "Ахтари Ковиёнӣ" низ номидаанд. «Диравши Ковиён» то замони сукути давлати Сосониён Дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд. Шакли он дар давраи Сосониён тағйир ёфт. Дар қисми болои он таҷассуми паррандаи зарин - мурғи Ҳумо ҷой дода шуд ва дар бахши мураббаи он бошад қиматтарин сангҳо насб гардидаанд.
Дар асрҳои қадим вожаҳои "ахтар" ва "дирафш"-ро ба маънои "нишон" ва "парчам" ба кор мебурданд. Вожаи"ахтар"-ро дар бузургтарин фарҳангҳои форсӣ ба маънои "ситора", ба маънои маҷозӣ ситора (ситораи бахту толеъ, бахту иқбол), алам, роъят ва парчам низ навиштаанд. Вожаи "дирафш" бошад аз вожаҳои дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партав афкандан, тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст.
Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар милатту давлат будааст, ки ба хотираи ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо намудаанд. Мо метавонем аз ҳамаи он воқеаҳои пурпечутоби таърих, аз он ҳашамат, ифтихор, мардонагиву далерӣ, ватандӯстиву инсонигарии родмардоне, ки имрӯз қаҳрамонони қариб ҳамаи осори таърихӣ ва паҳлавонӣ маҳсуб мешаванд хабардор бошем. Чуноне, ки дар «Шоҳнома»-и устод Абулқосим Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо Дирафши хоси худро доштааст. Дар адабиёти бою оламгири мо, бахусус дар “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ вожаи “гурд”, “гурдон” ва вожаҳои “гурдони сафшикан”, “гурдони шерафкан”, “гурдони номовар”, “гурдони пилтан” ба маънии паҳлавон, баҳодур, далеру шуҷоъ, боақлу бохирад, бебоку қаҳрамон, ватанпарвару инсондӯст ва намунаи ибрати ҷавонмардон омадааст, ки аз қаҳрамонию диловарӣ, садоқату сарсупурдагии гурдон ба халқу меҳан ва шоҳону саркардагони кишвару лашкари он, ки зери Парчами Ватани хеш ҷамъ омада, ба майдони набарду корнамоӣ по ниҳодаанд, дарак медиҳад. Номҳои бисёр шоҳону паҳлавонон, гурдони ҷасуру диловар чун Каюмарс, Сиёмак, Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед, Фаридун ва Салму Туру Эраҷ, Соми Наримон, Зол, Рустам, Қоран, Гударз, Гев, Бежан, Сиёвуш, Тус, Исфандиёр, , Афросиёб, Суҳроб, Пирон, Ағрирас, Гарсеваз, Пилсам, Ашкбўс, Комус, паҳлавондухтарон чун Зарин, Гурдофарид марзу бум ва ҳама муқаддасоти сарзамини бостонии моро аз ҳуҷум ва таҷовузи аҷнабиён дифою ҳифз кардаанд, ҳусни таърихи пурифтихори миллати куҳанбунёди мо мебошанд, ки дар «Худоинома»-ҳо ва «Шоҳнома»-ҳо, дар «Авасто» ва дигар китобҳои давраи паҳлавӣ ва исломӣ низ ба монанди «Таърихи Табарӣ», «Ахбори мулуки Аҷам» дида мешавад.
Мардуми шуҷоъ, сарбозони далер, ҳомиёни Ватан баҳри озодӣ, истиқлолият ва мустақилияти хеш мисли Шераку Фрада, Спитамену Деваштич, Абӯмуслиму Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Мавлонзода, Восеъ артишҳои халқӣ мураттаб намуда, тавонистанд, ки бар зидди қувваҳои таҷовузкор истодагарӣ кунанд. Бале, ҳар фарде, ки ифтихори ватандорӣ дорад, ҳифзу ҳимояи Ватан, марзу буми он вазифа ва қарзи аввалиндараҷаи ў дар назди виҷдон аст.
«Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи мардуми Тоҷикистон аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст» - чунин гуфта буданд дар яке аз суханронии хеш Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Тоҷикистони азизи мо тибқи муқаррароти меъёри давлатдорӣ соҳиби ҳудуд, Сарқонун, Парчам, Нишон, Суруди миллии худ мебошад. Парчами Тоҷикистон бо рамзи рангҳояш ҷаҳониёнро ба анъанаҳои миллӣ ва қаҳрамониҳои тоҷикон ошно месозад. Парчами миллӣ имрӯз чун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзараамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед-сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамадун ва фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустакил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Агар ҳама фарзандони меҳани биҳиштосоямон аз олами расму русум ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гарданд, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ дар андак вақт ба шумори давлатҳои тараққикарда ва мутамаддин ворид хоҳад гашт. Парчами миллӣ рамзи гиромдошти яке аз мукаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару роҳнамои мардуми кишварамон ба суи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад.
Истиқлолияти давлатӣ барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои таърихи халқи тоҷик, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон-Тоҷикистон шароити мусоидро фароҳам овардааст.
Ин бахти мост, ки Ватанамон–Тоҷикистони биҳиштосоро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари соҳибистиқлол, озод эътироф кардааст. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд.
Парафшон будани Парҷами Тоҷикистон дар қатори парчами дигар давлатҳо, дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ, ки ифодагар иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми бофарҳанги куҳанбунёд мебошад, мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизамон мебошад.
Парчам нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. Эҳтиромона муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад.
Мо шаҳрвандони Тоҷикистон бояд аз Парчами миллии худ ифтихор намуда, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандон, хусусан ба ҷавонону наврасон талқин намоем ва мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рўд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар пешрафти давлати воқеан дунявӣ, ягона, демократӣ, соҳибихтиёри Тоҷикистон саҳми босазо гузошта, ба номи миллати хеш ифтихор кунем.
Сангова Фирӯза Холмуродовна, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ