Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ иҷлосияи сарнавиштсоз, миллатсоз ва наҷотбахши халқу миллати мо буд ва ҳамин тавр то абад аз хотираҳо фаромӯш нахоҳад шуд. Ин иҷлосия моро аз маргу фаношавӣ, парокандагиву парешонӣ ва бадномиву бародаркушӣ наҷот дод..
Имрӯз, баъди сию ду сол сипарӣ шудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо гуфта метавонем, ки иҷлосияи тақдирсозу миллатсози миллат ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули минбаъдаи давлатдории тоҷикон заминаи устувор гузошт.
Таърих худ ҳаками бузург аст ва месазад, ки имрӯз бо гузашти вақт он Иҷлосияи шонздаҳуми таърихиро Иҷлосияи фараҳбахш номем. Аз диди илми таърихнигорӣ саҳифаҳои фараҳбахшу дурахшони онро омӯзем ва дастраси умум гардонем. Ба ёд овардани ин санаи муҳими хотирмони таърихӣ, ки воқеан оғози аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфтан ва тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад.
Дар суханронии хеш ба муносибати яксолагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 1993 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин мазмун гуфта буданд: “Дар таърихи халқи тоҷик Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ба унвони санаи сарнавиштсози миллат асрҳои аср ёдоварӣ хоҳад шуд, чунки дар ҳаёти кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Солгарди ҳар воқеаи таърихӣ фурсатест, ки ба гузашти хеш назар карда, бурду бохтро мавриди таҳлил қарор бидиҳем”.
Аз ин хотир, омӯзиш ва таҳлили мӯшикофонаи ҳам Истиқлолияти давлатӣ ва ҳам Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ кори имрӯзу фардо ва аз рӯйи адолату талаботи қадршиносӣ гӯем, амали аввалиндараҷаи якумрии мо – тоҷикон маҳсуб меёбад.
Яке аз масъалаҳои муҳими Иҷлосия ин интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки вакилон ба ин вазифа Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод намуда, хато накарданд. Аз рӯзи аввали ба сари қудрат омадан он кас баҳри он кӯшиданд, ки ҷумҳурии азияткашидаашро аз бӯҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ раҳо диҳад. Яке аз равандҳои асосиро Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаи доғи рӯз, яъне ташкили ҷараёни музокироти байни тоҷикон бо мақсади фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ба вуҷуд овардани фазои эътимод, якдигарфаҳмӣ ва заминаҳои оштии миллӣ дар ҷомеа, ташкили раванди бозгашти фирориёни иҷборӣ, гузоштани пояҳои нави низоми давлатдорӣ, ислоҳот дар сиёсати молия ва қарзи кишвар, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ медиданд. Маҳз худшиносӣ ва бедории миллати тоҷик имкон дод, ки бо сарварии Президенти мамлакат ва мусоидати давлатҳои кафил ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расад, ки ин сана тантанаи орзую умед ва мақсадҳои наҷиби Сарвари давлатамон дар роҳи душвори истиқрори сулҳ буд.
Ман ҳамчун олим ва педагог ба хулосаҳои доктори илми таърих Усмонҷон Ғаффоров пурра мувофиқам, ки чор омили асосии равандҳоро ин тавр ба қалам додааст:
Якум, Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1991 ба Истиқлолияти миллӣ соҳиб шуд. Онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва чун гавҳараки чашм ҳифз кардан лозим буд. Маҳз аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҷомеа ба таври ҷиддӣ моҳияти баланди онро дарк намуд.
Дуюм, соҳибистиқлол будан бахти бузург аст. Дар олам курдҳо, уйғурҳо, тибетиён барин миллатҳои сернуфус ҳастанд, ки онҳо, мутаассифона, соҳиби давлати хеш нестанд. Шукр, ки тоҷикон соҳиби давлати худ бо номи Тоҷикистон буда, алҳол ба шарофати соҳибистиқлол будан, тамоми тоҷиконро бо ҳам пайвастанд.
Сеюм, маҳз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар рӯ овардан ба таърихи хеш, эҳёи он, тадқиқу таҳқиқи он мақоми калон бозид. Ба шарофати эътибори махсуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун сарвари фарҳангдӯст қадами аввалини хешро дар арсаи сиёсат дар қасри Арбоб ниҳода буд, ба мо муяссар шуд, ки таърих ва адабиёти қадимаи хешро эҳёву зинда намоем.
Чорум, Истиқлолияти Тоҷикистон ба марҳилаи комилан шинохтаи ҷаҳонии ҷумҳурӣ оғоз бахшида бошад, пас аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ кишвари мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нуфузу эътибори комил пайдо кард.
Хулоса, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ заминаи мустаҳкамкунандаи сулҳу субот, қадами бузург дар роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳаводиси бузурги таърихии миллати тоҷик дар замони муосир аст.
Қаҳҳоров Масъуд Маҳмудович, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забонҳои ДДТТ