КОНСТИТУТСИЯ – РОҲНАМОИ МИЛЛАТ

Бинанда: 159 | Санаи нашр: 04 Ноябр 2024

Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад ва артиш мебошад. Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат Конститутсия - қонуни асосии худро дорад, ки дар он сохт ва низоми давлатдорӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон муайян шудааст. Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад, зеро дар он асосҳои сохтори давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ танзим гардидаанд. Бояд қайд кард, ки ҳар як шахс уҳдадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя ва иҷро намуда, дар доираи меъёрҳои он кору фаъолият намояд.

Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик ва муҳимтарин рӯйдоди таърихии халқи тоҷик мебошад. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирию талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи устувори халқи тоҷик санади тақдирсоз - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Дар дебочаи Конститутсия хислату армонҳои миллати тоҷик нуҳуфтааст. “Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем”.

Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои давлатиро мушаххас гардонид.

Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормонҳои халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гуногунандешӣ заминаи мусоид ва эътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Конститутсияи қабулгардида ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардида, дар доираи сиёсати дарҳои кушода бо зиёда аз 180 кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Ҳамзамон, меъёрҳои Конститутсия барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ замина гузошта, дар як муддати кӯтоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони ба узвияти созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ пазируфта шуданро муҳаё намуд.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан роҳнамои миллат маҳсуб ёфта, ҳуҷҷати мукаммале ҳаст, ки ба қатори даҳ конститутсияҳои беҳтарини дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шомил гардидааст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар вазифадор аст, ки ба ин ҳуҷҷати тақдирсоз ва роҳнамои давлату миллат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром гузошта, дар доираи он амал намояд.

Ҳакимов Шаҳбоз Шодибоевич, ассистенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top