КОНСТИТУТСИЯ БА ЗИММАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА ВАКОЛАТИ НАЗОРАТИ ИҶРОИ ҚОНУНҲОРО ГУЗОШТ

Бинанда: 157 | Санаи нашр: 04 Ноябр 2024

Тоҷикон пас аз ҳазор сол Истиқлолияти давлатиро ба даст оварданд, вале нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо барои миллат осон набуд. Соҳибистиқлолияти давлатӣ шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёрии ҳар як миллату халқ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, танҳо он кафолат медиҳад, ки миллат низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш барад ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамқадам бошад.

Қабули Конститутсия ҳамчун дастоварди арзишмандтарини мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдорӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

6-уми ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути райъпурсии умумихалқӣ ин санади сарнавиштсозро, ки нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ мансуб мешавад, қабул намуд, ки он раҳнамои тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи руҳии ватандӯстиву худшиносии мардуми тоҷик гардид.

Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор ва ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот дар он ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.

Сӣ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд, ки Қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду маром ва арзишҳое, ки Конститутсия ба он асос ёфтааст исбот гардид.

Асосҳои ҳуқуқии конститутсионии ташкил ва фаъолияти мақомоти прокуратура дар Тоҷикистон аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки боби 9 моддаҳои 93-97-и он ба мақомоти прокуратура бахшида шудааст.

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламравӣ Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеъи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамояд (моддаи 93 Конститутсия). Ин меъёр гарчӣ нисбат ба ҳолатҳои ҳуқуқӣ-конститутсияи пешина дар хусуси вазъи прокуратураҳои Тоҷикистон мухтасартар аст, вале мазмуни чуқур дошта, ҳамаи самтҳои фаъолияти онҳоро дар бар мегирад. Назорати прокурорӣ яке аз кафолатҳои конститутсионии таъмини қонуният мебошад ва дар шаклҳои гуногун амалӣ гардонида мешавад.

Моддаи 94 Конститутсия муқаррар намуд, ки низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро Прокурори генералӣ сарварӣ мекунад, ӯ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул мебошад.

Дар моддаи 69 Конститутсия тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани Прокурори генералӣ, дар моддаи 95 ба муҳлати 5 сол ба вазифа таъин шудани ӯ муқаррар карда шудааст.

Ҷиҳати пешгирии таъсиррасонӣ ба фаъолияти прокурорҳо дар моддаи 96 Конститутсия мушаххас гардидааст, ки дар асоси он “Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд”.

Қонуни конститутионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бори аввал 11 марти соли 1996 қабул гардид, ки самаранокии назорати прокурориро дар тамоми самтҳои фаъолият баланд бардошт. Қонуни мазкур аз 9 боб ва 63 модда иборат буд.

25 июли соли 2005 Қонуни конститутионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд, ки аз 25 июли соли 2005 мавриди амал қарор дорад.

Дар шароити созмон додани давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи адолатпарвар ва арзиши олӣ эълон намудани ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд нақши назорати прокурорӣ дучанд афзуда, чун яке аз кафолатҳои муҳими ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат баромад менамояд.

Дар моддаи тафсиршаванда як намуди мустақили фаъолияти давлат – назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо муайян карда шудааст, ки вай дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз ҷониби Прокурори генералӣ ва прокурорҳои ба ӯ тобеъ ба амал бароварда мешавад.

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун моҳияти назорати прокурориро ташкил намуда, тибқи ин моддаи тафсиршаванда чун таъиноти конститутсионии мақомоти прокуратура арзёбӣ карда мешавад. Бинобар ин, ҳангоми батанзимдарории ҳуқуқии муносибатҳои мурофиавӣ, ки бо иштироки прокурор сурат мегирад, муайян намудани самтҳои дигари фаъолияти мақомоти прокуратура - назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо нақши муайянкунанда дошта, таъиноти конститутсионии онро муайян менамояд.

Моддаи тафсиршаванда таҳти мафҳуми «назорат» ҳаракатҳои мушоҳидавии прокурорро аз болои фаъолияти мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, динӣ, шахсони мансабдор, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеиро дар назар дошта, дар айни ҳол дахолат ба фаъолияти мақомот ва шахсони номбурдаро истисно мекунад. Аз ин рӯ, Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он ваколати ҳидоят карданро барои иҷрои амали ба рафти кори истеҳсолот ё хоҷагидорӣ вобастабуда надошта, танҳо ба қонунвайронкунӣ роҳ надодан ё риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро талаб мекунанд.

Назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз кафолатҳои риояи воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳсуб ёфта, самти асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти мақомоти прокуратура дар замони муосир ба ҳисоб меравад.

Масъалаи мазкурро олими шинохтаи тоҷик, д.и.ҳ. С.Кенҷаев бо дарки баланди маънӣ тақвият бахшида, ақидаеро рӯи кор овардаанд, ки назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки конститутсия онро арзиши олӣ эълон намуд «соҳаи мустақили назорат ҳисоб меёбад. Зеро вай дорои матлаб, мақсади назоратӣ ва ваколати ба худ хос аст».

Дар робита ба ин, моддаи 5 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст, ки назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд (моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти прокуратура мансуб мешавад.

Чунин муқаррароти Қонуни конститутсионии зикргардида шаҳодати он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд муҳимияти хоса дошта, нақши прокуратура ҳамчун мақомоти назоратӣ дар таъмини онҳо хеле муҳим мебошад. Самти мазкури фаъолияти мақомоти прокуратура дар вазъияти имрӯзаи таърихӣ механизми боз ҳам самаранок гардида, дар ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавқеи муҳимро иҷро менамояд.

Давлати ҳуқуқбунёд ба риояи ҳуқуқу озодиҳои шахс аҳамияти махсус медиҳад. Дар робита бо ин, Тоҷикистон ҳамчун кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд, узви фаъоли ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷонибдори арзишҳои ҷомеаи адолатпарвар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро бемайлон риоя менамояд, бар замми ин пайваста барои амалигардонии ҳуқуқу озодиҳои ба шаҳрвандон додашуда шароити заруриро муҳайё менамояд.

Таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истисно бар дӯши тамоми мақомот гузоштааст. Маҳз аз ҳамин бармеояд, ки қонунгузор то чӣ андоза ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи хоса дорад.

Мавзуи назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин ҳаракату амали қонунӣ ва актҳои ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои ҷумҳуриявӣ, корхонаву муассисаҳо, мақомотҳои назорат, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ва ғ. ба риоя намудани меъёрҳои конститутсионӣ ва нишондоду талаботи қонун, ки дар онҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нишон дода шудааст дар бар мегирад.

Мақсади асосии назорати прокурорӣ ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таъмини талаботу принсипҳои конститутсионӣ ва ҳимояи тартибот ва шароити риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд иборат мебошад. Вазифаи мақомоти прокуратура - ин ноил шудан ба чунин вазъест, ки ҳуқуқу озодиҳои мазкур аз тарафи тамоми мақомот, шахсони мансабдор ва дигар ашхос воқеан риоя мегарданд, шаҳрвандон эътимоди қавӣ доранд, ки ҳуқуқу манфиатҳои онҳо бидуни ягон шакку шубҳа ҳимоятпазир мешавад ва онҳо дар сурати поймол гаштани ин ҳуқуқу озодиҳо метавонанд ба ёрии мақомоти давлатии дахлдор, аз ҷумла мақомоти прокуратура, умедворӣ дошта бошанд.

Дар ин росто мо бар он назарем, ки «мақсади назорат, ки прокурор дар фаъолияти хеш амалӣ месозад, аз таъмини талаботу принсипҳои конститутсионӣ ва ҳимояи тартибот ва шароити риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд иборат мебошад».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таҷзия накардааст, аммо дар асоси таҳлилҳои назарии меъёрҳои конститутсионӣ ва байналмилалӣ онҳоро ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст:

1) ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ – ҳуқуқ ба ҳаёт; ҳуқуқ ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он; ҳуқуқи ҳифзи судӣ; шаъну шарафи шахсӣ; худшиносии миллию фарҳангӣ; озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ; маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахсӣ; дахлнопазирии манзил; озодии сухан, нашр ва ақида; озодии виҷдон, яъне динеро пайравӣ кардан ё накардан;

2) ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ – ҳуқуқи муттаҳид шудан; ҳуқуқи иштирок дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта; ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ; ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти давлатӣ; ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма;

3) ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ – озодии соҳибкорӣ; ҳуқуқи моликият ва мерос; ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ; ҳуқуқи ташкили оила ва ҳифзи он; ҳуқуқи истироҳат; ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ; ҳуқуқи таҳсил; ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа.

Вазифаҳои назорати прокурорӣ ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фармонҳо ва дастурҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинҳои ӯ муайян карда шудааст.

Принсипи конститутсионии баробарии ҳамаро дар назди қонун, ки онро давлат кафолат медиҳад барои ташкили кор ва фаъолияти назорати прокурорӣ воситаи асосӣ мебошад. Қонун ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳар як шаҳрвандро қатъи назар аз миллат, нажот, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиро кафолат медиҳад..

Ин вазифаҳо то андозае бо вазифаҳое, ки аз ҷониби прокуророн зимни амалигардонии назорати умумӣ ҷиҳати иҷрои қонунҳо ҳаллу фасл мегарданд, мувофиқат мекунанд.

Чорабиниҳои назоратӣ дар навбати аввал бояд дар он мақомоти давлатие гузаронида шаванд, ки бар дӯши онҳо вазифаи назорат бурдан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вогузор гаштааст, чунки ҳолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ғолибан ба он вобастагӣ дорад.

Агар тартиби судии баррасии баҳсҳои ба вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд алоқаманд муқаррар шуда бошад, прокурор метавонад аз ҳуқуқи бо даъво ба суд муроҷиат кардан баҳри ҳимояи манфиатҳои шаҳрванд истифода намояд.

Яке аз вазифаҳои асоситарини мақомоти прокуратура ҳамчун мақоми ҳимоякунандаи ҳуқуқ ин дифоъ аз манфиатҳои ҷамъиятӣ ва шахсӣ мебошад. Агар ба муҳтаво ва моҳияти назорати прокурорӣ дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд назар афканем, чунин бармеояд, ки доираи он чор гурӯҳи одамонро фарогир шудааст:

1) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне шахсоне, ки дар рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шудаанд;

2) шаҳрвандони хориҷӣ, яъне шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надошта, шаҳрванди давлати хориҷӣ мебошанд;

3) шахсони дорои душаҳрвандӣ, яъне онҳое, ки мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон дорои ҳам шаҳрвандии давлати хориҷӣ ва шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

4) шахсони бешаҳрвандӣ, яъне онҳое, ки тибқи қонунгузории ягон давлат шаҳрванди он ҳисобида нашудаанд.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрвандони Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст. Масалан, онҳо ҳуқуқи интихоб намудан ва интихоб шудан ба мақомотҳои намояндагии ҳокимияти давлатӣ надоранд, ба истиснои ҳолатҳои дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинигардида ба хизмати давлатӣ роҳ дода намешаванд ва ғайра.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ ва равшан таҷассум ёфта, роҳу механизм ва тартибу шароити дар ҳаёт ҷорӣ намудани онҳо дар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мушаххасан нишон дода шудааст.

Мирзоева Қутфинисо Азизқуловна, н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top