Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик санаи тақдирсоз маҳсуб меёбад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Давлат тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд».
Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохтори давлатиро муайян мекунад, ташкили мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро ба танзим медарорад, принсипҳои низоми интихобот, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандонро муқаррар мекунад.
Конститутсия дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию молиявӣ нақши асосӣ дошта, он қоидаҳоеро дар бар мегирад, ки асоси ҳамаи зербахшҳо ва институтҳои ҳуқуқи молиявиро ташкил медиҳанд.
Тавре ки аз моддаи 12-уми Конститутсия бармеояд асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медихад.
Дар моддаи 13-уми Конститутсия қайд гардидааст, ки «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад».
Моддаи 45–уми Конститутсия муносибатҳои андозиро дар давлат муқаррар мекунад, ки дар он қайд гардидааст: «додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад. Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд».
Моддаи 59-уми Конститутсия муқаррар мекунад, ки лоиҳаи қонун дар бораи буҷет, оид ба муқаррар кардан ва бекор кардани андозҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад. Қонун дар бораи буҷети давлатӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда шуда, он иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад.
Тибқи моддаи 77-уми Конститутсия Маҷлиси вакилони халқ буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналиро муайян менамояд.
Ҳамин тариқ, муносибатҳои иқтисодию молиявие, ки дар Конститутсия дарҷ гардидаанд, заминаи устувор барои қабули дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти иқтисод ва молия мебошанд.
Сияршоҳ Раҳматов, муаллими калони кафедраи молияи ДДТТ