КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУШДИ СОҲИБКОРИЮ БАХШИ ХУСУСӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ ДАР КИШВАР

Бинанда: 179 | Санаи нашр: 01 Ноябр 2024

Дар моддаи 12-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Асоси иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад”.

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар қонунҳои зиёд қабул карда шудаанд, ки рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро таъмин менамоянд. Дар байни онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» – ро номбар кардан мумкин аст, ки онҳо таконбахшандаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 омадааст: «Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯи менамояд».

Инчунин, дар назди масъулин вазифагузорӣ намуданд: «Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки барои баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт тадбирҳои сари вақтиро амалӣ созанд ва ташаббусҳои соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд».

Ҳамин тавр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар кишвар ва минтақаҳои он диққати аввалиндараҷа медиҳанд.

Дар ҷумҳурӣ ва минтақаҳои он соҳибкорӣ дар ҳақиқат бо суръати баланд рушд намуда, шумораи сохторҳои соҳибкорӣ дар кишвар ва минтақаҳои он сол аз сол меафзояд.

Дар солҳои 2016-2023 шумораи субъектҳои хоҷагидор 58,46% (аз 446695 то 707813 воҳид) афзудааст. Шумораи шахсони ҳуқуқӣ 23,16% (аз 42358 воҳид то 52134 воҳид), филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ 43,32% (аз 494 воҳид то 708 воҳид) зиёд шудааст. Суръати афзоиши бештар дар шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба назар мерасад – 62,18% (аз 403843 нафар то 654971 нафар). Бояд қайд намуд, ки стратегияи пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон мусоидат намуд, ки шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар минтақаҳои мамлакат мутаносибан афзояд.Дар солҳои 2016-2023 шумораи субъектҳои хоҷагидор дар ВМКБ бо суръати баландтар афзудааст (2,04 баробар). Дар вилояти Суғд суръати афзоиши шумораи онҳо 160,53%, дар шаҳри Душанбе – 158,27%, вилояти Хатлон – 157,09% ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 152,61%- ро ташкил додааст. Аммо шумораи шахсони ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо суръати 115,35% ва ВМКБ бо суръати 116,88% афзудааст, ки аз ҳисоби миёнаи ҷумҳурӣ ва дигар минтақаҳо пасттар мебошад. Умуман, суръати афзоиши шахсони ҳуқуқӣ чи дар ҷумҳурӣ ва чи дар ҳамаи минтақаҳо суст мебошад. Суръати афзоиши шумораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ нисбатан зиёд афзуда бошанд ҳам, вале миқдори онҳо чи дар ҷумҳурӣ ва чи дар минтақаҳои кишвар кам мебошанд. Бинобар ин, ба масъалаи ҳар чи бештар зиёд намудани онҳо бояд кӯшишҳои иловагӣ намуд. Суръати афзоиши соҳибкорони инфиродӣ қаноатманд буда, дар оянда боз барои бештар афзудани миқдори онҳо бояд аҳамияти бештар дода шавад.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликиятро, аз ҷумла моликияти хусусиро қонунан асоснок намудааст. Соҳибкорони инфиродӣ моликиятдорони хусусӣ ба ҳисоб рафта, онҳо дар асоси патент ва шаҳодатнома фаъолияти худро ташкил менамоянд. Қисми муайяни онҳо ҳамчун хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар аввали соли 2023 дар мамлакат 377640 нафар дар асоси патент, 91045 нафар дар асоси шаҳодатнома ва 186286 нафари онҳо ҳамчун хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамуданд. Чи тавре, ки аз рақамҳо бармеоянд, аз ҷамъи умумии корхонаҳо дар соли 2022 –юм 77,45%-и онҳо хусусӣ ва коллективӣ, 20,2% давлатӣ буданд ва ҳамагӣ 2,4%-и онҳо дигар шаклҳои моликиятро доранд. Рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳиссаи корхонаҳои бахши хусусӣ ва коллективӣ дар ҷамъи умумии онҳо сол аз сол меафзояд. Агар шумораи умумии корхонаҳо 23,1% афзуда бошад, шумораи корхонаҳои хусусӣ бо суръати баландтар, яъне 25,6% ва шумораи корхонаҳои давлатӣ бошад, бо суръати пасттар ҳамагӣ 12,7% афзудааст. Умуман, мавқеи бахши хусусӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар сол аз сол афзуда истодааст. Бояд қайд намуд, ки новобаста ба он, ки суръати афзоиши дигар намудҳои моликият (моликияти омехта, моликияти шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шаҳрвандон ва шахсони бетаба) баланд аст (43,1%), вале шумораи онҳо кам мебошад. Дар соли 2016 ҳамагӣ 854 адад, дар соли 2020 – 1052 адад ва дар соли 2022 – юм 1222 адад корхонаҳои шаклҳои номбаршудаи моликият мавҷуд буданд, ки нокифоя мебошад. Барои таъмини афзоиши онҳо кӯшиш намудан лозим аст.Яке аз роҳҳои муҳимтарини рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ва минтақаҳои он бо сармояи зарурӣ таъмин намудани иқтисодиёти мамлакат мебошад.

Дар соли 2022 ба иқтисодиёти мамлакат қариб 2576,8 млн. доллар сармояҳои хориҷӣ ҷалб карда шудаанд. Агар дар доираи минтақаҳо муқоиса намоем, пас маълум мешавад, ки 62,36%-и сармояҳо ба шаҳри Душанбе рост меояд, 31,75% ба вилояти Суғд, 4,55% ба вилояти Хатлон, 1,39% ба НТҶ ва ҳамагӣ 0,002% ба ВМКБ. Бинобар ин, дар оянда ҳар чи бештар ҷалб намудани сармояҳо ба иқтисодиёти ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон мувофиқи мақсад мебошад.

Дар натиҷаи рушди фаъолияти соҳибкорӣ, гуногуншаклии моликият ва сармоягузориҳо иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он бо суръати баланд рушд меёбанд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар, ки нишондиҳандаи ниҳоии фаъолияти истеҳсолии воҳидҳо – намояндаҳои иқтисодиро чи дар соҳаҳои истеҳсоли неъматҳои моддӣ, чи дар соҳаҳои хизматрасонии ғайримоддӣ тавсиф менамояд, бо суръати баланд афзуда истодааст. Ин нишондиҳанда бо арзиши молҳо ва хизматрасониҳо, ки воҳидҳои иқтисодӣ барои истифодаи ниҳоӣ истеҳсол кардаанд, чен карда мешавад ва дар худ ҷамъи маблағи арзиши изофаи соҳаҳоро бо нархҳои асосӣ, ҳамчунин андозҳои холис инъикос мекунад. Мувофиқи рақамҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2022 маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамасола нисбат ба соли пешгузашта дар доираи 106,93 - 109,4%-и афзудааст. Фақат соли 2020 истисно мебошад, ки нишондиҳандаи номбаршуда бо суръати нисбатан камтар, яъне 104,4% зиёд шудааст, ки ба ҳодисаи COVID-19 вобастагӣ дорад.Рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар мамлакат дар соли 2022 назар ба соли 2016 –ум 218,0% афзудааст, ки ин нишондиҳандаи баланд ҳисоб мешавад. Нисбатан суръати баландтари афзоиши маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар вилояти Хатлон (231,4%) ва вилояти Суғд (231,4%) амалӣ гаштааст. Дар шаҳри Душанбе суръати афзоиш 206,8% ва НТҶ – 215,1 % - ро ташкил намуд. Суръати пасттари афзоиши маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ВМКБ (162,3%) ба назар мерасад.

Хулоса, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рушди соҳибкорӣ, шаклҳои гуногуни моликият, хусусан бахши хусусӣ ва сармоягузориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он суръати баланди рушди иқтисодии кишварро таъмин намуда истодаанд. Дар натиҷа дар мамлакат ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт (саноат, хоҷагии қишлоқ, сохтмон, нақлиёт, алоқа, савдо, сайёҳӣ, бонкдорӣ, таҳсилот, тандурустӣ ва ғайра) рушди устувор доранд. Бинобар ин, дар оянда ба рушди соҳибкорӣ, бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ дар кишвар ва минтақаҳои он диққати бештар додан лозим аст.

Аминов Фотеҳҷон Иномҷонович, н.и.и., дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top