Волотарин дастовард ин соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буд, ки бо қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 амалӣ гардид.
Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Эълони истиқлолияти давлатӣ, дигаргунии куллӣ дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар, зарурияти қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба миён гузоштанд, зеро таҳия ва қабули Конститутсия ва қонунҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ яке аз омилҳои асосии устувории иҷтимоию инкишофи мӯътадили ҳаёти сиёсии ҷомеа мебошанд.
Таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мантиқан натиҷаи амалӣ гардидани аввалин тадбирҳои мушаххаси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Дар давоми солҳои авввали соҳибистиқлолии кишвар як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд, ки ба раванди таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави давлат заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.
Вале кӯшиши ҷиддии таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳиб шудан ба истиқлоли мамлакат соли 1992 сурат гирифт.
Марҳилаи нави таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ баъд аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарор шудани сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ ва таъсиси мақоми нави ҳокимияти давлатӣ оғоз шуд. Баъдан Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми августи соли 1990 «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳайати нави Комиссияи конститутсиониро таҳти роҳбарии Раиси Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ намуд.
Комиссияи конститутсионӣ бо дарки масъулият, таҳлили аслии воқеият ва бо дарназардошти мавҷуд набудани омилҳои асосии шакли идоракунии Ҷумҳурии парламентӣ, аз ҷумла набудани ҳизбу созмонҳои ботаҷриба ва амсоли онҳо ба хулосаи ягона расид, ки дар давраи гузариш лоиҳаи шакли Ҷумҳурии президентӣ мувофиқи мақсад аст ва ин лоиҳа ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия шуд.
6 ноябри соли 1994 лоиҳаи Конститутсия, ки барои раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод шуда буд, қабул гардид. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ хеле муассир буд ва зиёда аз 87% иштироккунандагон лоиҳаро дастгирӣ намуданд ва сарнавишти сохти давлатдориро муайян намуданд.
Конститутсияе, ки аз ҷониби мардум пазируфта шуд, ба арзишҳои башарӣ такя намуда, дорои як силсила хусусиятҳои хос ва вижаи мушаххас мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофу сабти асли соҳибихтиёрии мардуми Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Муқаддимаи Конститутсия бо суханони «Мо, халқи Тоҷикистон, хамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем» оғоз меёбад. Мувофиқи ин ҳидояти Конститутсия халқи Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти таърихӣ сарнавишти хешро муайян кард ва давлатдории худро тақвият мебахшад. Ин андеша дар Конститутсия ба худ хусусияти меъёрӣ гирифта, халқ ба сифати «баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ» эътироф шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба мафҳуми таркибии халқро муайян намуда, тасарруфи ҳокимияти давлатиро аз ҷониби кадом як созмоне, гурӯҳе ва ё фарде манъ эълон кардааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷзияи ҳокимиятро ба сифати пояи аслии давлати ҳуқуқбунёд муайян намуда, дар моддаи 9 чунин ҳидоят медиҳад: “Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад». Илми давлатшиносӣ ақидаи иҷтимоии ҳокимиятро низ мавриди баррасии хеш қарор дода, собит сохтааст, ки ҳокимият воҳид аст ва манбаи ягонаи он халқ мебошад. Конститутсияи Тоҷикистон низоми «худдорӣ ва мувофиқатро» ба сифати пояи асли таҷзияи ҳокимият дар Тоҷикистон эътироф намудааст.
Аввалин маротиба дар таърихи навини кишвар Конститутсия имконияти инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон кард ва ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иштирокашонро дар фаъолияти он муқаррар намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳуриро мустаҳкам намуда, аз роҳи эътирофи давлатдорӣ ҷумҳурии навъи президентиро муайян кард.
Конститутсия Тоҷикистонро ба сифати давлати воҳиду ягона эълон намуд. Аз ин роҳ хусусияти созмонёбии маъмурию марзӣ ва таносуби давлат ба сифати кулл бо қисмҳои таркибии худ муайян шудааст.
Конститутсияи Тоҷикистон принсипҳои ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти қонунгузору иҷроия, судию прокуратура ва ҳокимияти маҳаллиро баён намудааст. Дар он инчунин асосҳои танзими хуқуқии як силсила падидаҳои муҳими сиёсӣ аз қабили, интихобот, раъйпурсии умумӣ, эълони ҳолати фавқуллода, тартиби тағйири Конститутсия ва ғайра сабт шудааст.
Конститутсия, ки 30 сол муқаддам мардуми Тоҷикистон бо мақсади рушди ояндаи кишвари хеш қабул кард, бешубҳа, ба хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ, милливу анъанавӣ, мазҳабиву таърихии кишвар такя мекунад. Қабули Конститутсия бузургтарин воқеаест, ки дар таърихи Тоҷикистон рух дод ва навтарин дигаргуниҳоро дар соҳаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишар ба вуҷуд овард. Инчунин, қабули Конститутсия саҳифаи нави таърихи сиёсии Тоҷикистонро боз намуд ва низоми миллии давлатдориро поягузорӣ кард. Ҷавҳари фалсафии Конститутсия аз андешаҳои адлу адолат, озодию истиқлол, баробарҳуқуқии тамоми афроди башар сарчашма мегирад.
Конститусияи Тоҷикистон заминаи комили миллӣ дорад. Он ба оини давлатдории куҳанбунёди тоҷикон иртибот дошта, ҳамчунин ифодагари ғояҳои миллӣ ва кӯшишҳои бардавому муборизаҳои ватанхоҳонаи фарзандони озодихоҳ баҳри расидан ба давлатдорӣ ва соҳибистиқлолӣ мебошад.
Ҳамзамон ба ин хусусияти умдааш дар таҳияи Конститутсияи Тоҷикистон мактаби таҷрибаи пешқадами халқҳои мутамаддини дорои Конститутсияи хеш омӯхтаву ба назар гирифта шудааст.
Воқеан, муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусиятҳои асосии конститутсияро ҳамчун ҳуҷҷати идеологӣ, ҳуқуқӣ ва қонуни асосӣ инъикос менамояд. Яъне воқеияти ҳаёти ҷамъиятӣ хоҳиш, маром, ирода ва манфиати ҳар кас ва ҳар гурӯҳро новобаста аз мақоми ҷамъиятӣ ифода карда, ба инкишофи мӯътадили ҷомеа, ки вазифаи функсионалии конститутсия мебошад, мусоидат менамояд. Аз ин ҷиҳат Конститутсия хусусияти волоият пайдо карда, дар асоси он тамоми қонунҳо, санадҳои меъёрӣ, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, қарорҳои ҳукуматӣ қабул мегарданд. Бо ифодаи иродаи умумии мардум таъмини имконияти ҳуқуқии баробар дар ҳаёт конститутсия ба муқаддасоти миллӣ табдил ёфта, эҳтиром ва риояи бечунучарои он шарти ҳатмӣ мегардад.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ, баробар, мустаҳкам ва бо овоздиҳии пинҳони бо иштироки ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ сурат мегирад, ки ҳамаи ин аслу усул бунёди низоми демократии интихобот ва ҷомеаи демократиро ташкил медиҳад.
Муҳимтарин навоварие, ки дар асоси тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ворид шуданд, иборат аз қабули қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон мебошад, ки ин амалия хоси давлатҳои муосири пешрафтаю баёнгари хусусияти демократӣ доштани ҳам ҷомеа ва ҳам худи Конститутсия мебошад. Маҳз ин меъёри Конститутсия намояндагони миллатро, ки мустақиман аз ҷониби мардум интихоб шудаанд, аз ин хақ бархурдор сохта, онҳоро ба сифати маъсулони сарнавишти иқтисодии кишвар эътироф намудааст.
Тағйиру иловаҳо дар қисмати хокимияти иҷроия асосан марбути салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ки ба ӯ хаққи мустақилона таъсис ва барҳам додани вазорату кумитаҳои давлатӣ, пешниҳоди мустақилонаи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба воситаи раъйпурсии умумихалқӣ, хаққи мустақилонаи таъин ва озод намудани намояндагони салоҳиятдори Тоҷикистон ва ғайраро додааст.
Ба ҳамин тартиб таҳия ва қабули аввалин Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон ва се маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо (26-сентябри соли 1999-ум, 22-июни соли 2003-юм ва 22 майи соли 2016-ум) ба он дар марҳилаҳои гуногун ва хеле мушкилу тамоми муносибатҳои ҷамъиятиро ба раванди конститутсионӣ мувофиқи иродаю хоҳиши халқ дохил намуда, ба ислоҳоти конститутсионӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард. Ҳам Конститутсия ва ҳам тағйиру иловаҳо ба он воқеияти замони худро инъикос намуда, бунёди низоми сиёсии навинро поя гузоштанд, ки он аз низоми сиёсии Ҷумҳурии Шӯрави Сотсиалистии Тоҷикистон ба куллӣ тафовут дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти нақш ва мавқеи ҳар яке аз унсурҳои низоми сиёсии ҷомеа ба таври умумӣ асли худмухтории созмонию вазифаи иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муқаррар намудааст. Воқеан, имрӯз баъди сипарӣ намудани таҷрибаи талхи таърихиамон, ба ҳамагон маълум аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз нигоҳи таъсисёбӣ ва фаъолияти оинномавиашон ба сифати унсурҳои комилҳуқуқи низоми сиёсӣ мустақиланд. Аммо онҳо ҳаққи мудохила карданро ба умури давлатӣ надоранд. Намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ тибқи ҳидояти Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон ҳақ доранд дар интихобот иштирок намуда, намояндагони худро дар мақомоти интихобӣ дошта бошанд, лекин онҳо наметавонанд тамоми дастгоҳи давлатиро зери тасарруфи ҳизби худ қарор диҳанд.
Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу суббот дар мамлакат имсол мо 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн мегирем, ки он 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.
Конститутсия ҳамчун санади олии қонунгузорӣ, сарчашмаи ягонаи тамоми қонунҳо, асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоии ҷомеаро муқаррар карда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад ва ба инкишфи мӯътадили кишвар заминаи устувори ҳуқуқиро фароҳам овард.
Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фазилати волои мардум, мақому манзалат ва пойдории Конститутсияи ҷумҳурӣ чунин фармудаанд: «Халқе, ки дар замираш тухми бунёдкорӣ, созандагӣ реша дорад, ба ояндаи нек умед баста метавонад. Конститутсияи кишвари мо аз замири халқ рӯидааст. Он моро ба ояндаи неку обод раҳнамоӣ мекунад».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз ҳама Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти сиёсию иҷтимоии ҳар як шаҳрванди кишварамонро таъмин менамояд, он чун як Қонунномаи кулли шаҳрвандони мамлакат новобаста аз ирқу нажод, миллату мансубияти динӣ ҳуқуқи ҳар як шаҳрвандро дар доираи қонунҳои амалкунанда таъмин намуда, ба онҳо кафолати зиндагии осудаю бофароғат, саодат, хушрӯзию шукуфоиро муҳайё месозад.
Мавлонзода Фарзонаи Усмон, ассистенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ