Конститутсия чун шиноснома муаррифгари миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ баромад мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он 6-уми ноябри соли 1994 ба таври райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст ва мо имрӯз 30 - солагии қабули онро ҷашн гирифта истодаем, қонунест, ки аз ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад. Ин муҳлат барои таърих тӯлонӣ нест, аммо дар ин муддати кӯтоҳ Қонуни асосӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт. Конститутсия асоси ифодакунандаи арзишҳои ҳуқуқӣ гардида, симои муосир ва таърихии Тоҷикистонро дар худ таҷҷасум намуд. Дар ин замина, он аввалин шуда кишвари моро ба қатори кишварҳои пешрафта ворид сохт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд, ки “Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад”.
Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи амалкунанда раванди дуру дароз ва пур аз ихтилофро аз сар гузарондааст. Омили асосие, ки барои қабул намудани Конститусияи нав замина гузошт, мустақил ва соҳибихтиёр эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистонро лозим омад, ки барои муқаррар намудани асосҳои сохтори конститутсионии давлат ва гузаштан ба муносибатҳои сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қонуни асосии нав қабул кунад, то тавонад ин муносибатҳоро дар шакли нав ва бо диди нав танзим намояд. Новобаста аз вазъи ногувори сиёсӣ ва иқтисодӣ намояндагони халқ тавонистанд фикру андешаҳои неруҳо ва ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин бевосита маром ва ормонҳои мардумро дар лоиҳа инъикос намуда, рисолати таърихиашонро баҳри рушду нумӯи кишвар дар назди ҷомеа ва наслҳои оянда иҷро намоянд.
Конститутсияи амалкунанда дар муқоиса аз дигар конститутсияҳои собиқ аввалин шуда асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро пурра дар шакли нав муқаррар кард ва роҳи минбаъдаи инкишоф ва пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян кард. Аз вақти қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар самти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ватани азизамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ омада истодааст. Дар ҷомеае, ки мо зиндагӣ дорем, хеле зуд тағйирёбанда мебошад, муносибатҳои нав ба вуҷуд меоянд ва барои пурра танзим намудани онҳо моро зарур меояд қонунгузории миллиамонро низ такмил диҳем.
Конститутсияи амалкунандаи мо бунёди ҳуқуқиеро ба вуҷуд овард, ки он минбаъд ҳам метавонад ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро таъмин намояд. Тибқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистад ва эътибори олии ҳуқуқӣ дорад.
Ин талабот дар моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки “Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд”. Дар қисми аввали моддаи мазкури ин ҳуҷҷати муҳим афзалияти меъёрҳои Конститутсия нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, қарорҳои мақомоти қонунгузор, иҷроия ва ғайра) муқаррар шудаанд. Ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз Конститутсия сарчашма мегиранд ва набояд ба он зид бошанд. Дар мавриди зиддият доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия, онҳо эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, меъёрҳои Конститутсия эътибори олии ҳуқуқиро доро мебошанд. Конститутсияи замони истиқлолият аз ҷиҳати назариявӣ пурра ба талаботи қонунофаринии ҷаҳон ҷавобгӯ буда, ҳар як моддаи он бо омодагии махсуси касбӣ ва бо назардошти ирода ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми кишварамон қабул карда шудааст. Аммо то кадом сатҳ дар амал истифода шудани ин меъёрҳо ва аз бар намудани ҳуқуқҳои худ аз сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии сокинони кишварамон низ вобаста мебошад.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба шарофати шуҷоати сиёсиву маърифати баланди ҳуқуқии мардуми шарафманд ва сулҳдӯсту тамаддунофар ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул гардидааст, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд.
Олимхон Раҷабов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити ДДТТ