АҲАМИЯТИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН

Бинанда: 206 | Санаи нашр: 26 Октябр 2024

 

Фарҳанг маҷмӯи арзишҳои моддию маънавие мебошад, ки инсоният онҳоро офарида, бо мақсади рушди маънавии шахс истифода мебарад.

Чунин як арзиши фарҳанги инсонӣ ҳуқуқ буда, дар таҳқиқоти илмии солҳои охир ақидаҳо оид ба муносибати арзишӣ ба ҳуқуқ ҳамчун ҷузъи муҳимми фарҳанги инсонӣ ҳукмрон гардида истодаанд. Фарҳанги ҳуқуқӣ тамоми арзишҳои марбут ба функсияҳои ҳуқуқ, низоми меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқ, ки ба ҳадафи он мувофиқанд дар бар мегирад. Фарҳанги ҳуқуқӣ ҳам тартиботи ҳуқуқии мавҷуда ва ҳам фаъолияти муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ-сиёсӣ ва давлатиро таъмин мекунад. Раванди ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ба умқи таърих рафта мерасад. Дар баробари пайдоиши давлат ва аввалин меъёрҳои иҷтимоӣ, кӯшишҳои шахс барои дарк кардани мавқеъ ва нақши худ дар низоми ҳуқуқӣ, бунёди намунаҳои рафтори ҳуқуқӣ ба назар мерасиданд.

Давлатҳо барои аз байн нарафтан ва устувории пояҳои давлатдорӣ диққати асосиро ба ҷавонон медоданд, зеро ҷавонон, ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ нисбат ба наврасону миёнасолон ва калонсолон неруи қавӣ доранд ва ҳам бо мақсади нигоҳ доштани тамаддун, фарҳанг, забону афкори миллатҳо хизмат намуда, меросбаранд.

Ҷавонон ҳамчун гурӯҳи асосии аҳолии кишвар, бевосита дар низоми давлатдории миллӣ дар ҳама давру замон барои рушди давлат ва миллат нақши асосиро иҷро менамоянд. Дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ дар давлатдории миллӣ диққати асосӣ ба ҷавонон дода мешуд. Зеро ин қишри ҷомеа дар дилхоҳ марҳилаи таърихӣ неруи асосии давлат ба шумор мераванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26-уми декабри соли 2019 чунин қайд намуданд: «Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад».

Аз қадим, ниёгони мо нисбат ба ҷавонон эътибори хосса медоданд, ба онҳо илму дониш ва малакаву кордониро меомӯхтанд. Махсусан, диққати асосии онҳо ба омодагии ҷавонон ба аспсаворӣ, шамшерзанӣ ва маҳорати ҷанг равона гардида, баъди супоридани санҷишҳои махсус онҳо ҳамчун ҷавони комил эътироф мегардиданд. Чи тавре ки муҳаққиқи ватанӣ А.Ғ. Холиқзода доир ба низоми ҳуқуқии тоҷикон қабл аз ислом менависад: «Қобилияти амалкунии пурраи шахс баъди ба синни 15-солагӣ расидан ба вуҷуд меомад. Дар ин вақт, маросими махсус дар ҳузури гурӯҳи бизоатмандон бо пӯшонидан ва бахшидани камарбанд ва пироҳани муқаддас иҷро мешуд». Аз ин расмиёт бармеояд, ки тоҷикон дар таърихи давлатдории худ ба ин табақаи аҳолӣ, яъне ҷавонон диққати махсус дода, маросими махсуси мустақил эътироф намудани ҷавононро доштаанд, ки бо одати пӯшонидани камарбанд ва бахшидани пироҳани муқаддас анҷом дода мешуд. Ин расмиёт гувоҳи умед доштан ба ҷавонон ва тарбия намудани онҳо баҳри рушд ва эмин нигоҳ доштани давлатдории миллӣ маҳсуб мегардид.

Бояд қайд намуд, ки ба мушкилиҳои ҷавонон дар давлатҳои Шарқи қадим низ диққат медоданд. Аз ҷумла, дар Бобулистони қадим ҷавони болаёқатро ба корҳои арзанда таъмин намудан яке аз вазифаҳои асосии давлат ба ҳисоб мерафт. Донистани падидаҳои муҳимми ҳуқуқӣ ва давлатӣ барои худогоҳӣ ва дар навбати дигар ташаккули давлат ва ҳуқуқ ва умуман рушди босуботи фарҳанги ҳуқуқӣ, ки аз он ҳосил мегардад аз ҷониби ҷавонон бениҳоят зарур мебошад. Дар ин ҷода, Қонуни шоҳ Ҳаммурапӣ (асри XVIII пеш аз милод) низ қобили таваҷҷуҳ аст. Ин ҳуҷҷат ҳамчун намунаи қонуни классикии Шарқи қадим ҳисобида мешавад. Он бори аввал ҷузъҳои фарҳанги ҳуқуқиро муаррифӣ мекунад: «... заифонро хафа накардан, адолати мазлумро барқарор кардан ....».

Тавре муҳаққиқ Ф. Тоҳиров менависад: «Дар замони дигаргуниҳои қатъии низоми иҷтимоӣ, фарҳангии ҷамъият рӯ овардан ба таърихи барпо шудан ва инкишоф ёфтани давлат ва ҳуқуқ, ҷамъбаст кардани таҷрибаи таърихии бунёди давлат ва ҳуқуқи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи то пойдор гардидани усули маъмурию бюрократӣ ва худсарии ҳокимият аҳамияти махсус дорад».

Рӯ овардан ба таърихи давлатдории гузаштагони худ ва огоҳӣ пайдо намудани ҷавонон аз падидаҳои муҳимми давлативу ҳуқуқии хеш, аз як ҷониб заминаи худшиносию худогоҳии ҷавонон мегардад ва аз ҷониби дигар бошад, заминаи ташаккули маърифати ҳуқуқии онҳо мешавад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо бо мақсади пойдор мондани арзишҳои миллӣ бояд фарҳанги ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ фарҳанги умумии ҷомеа боло бардошта шавад, ки ин бевосита аз ҷавонон шурӯъ мегардад. Воқеан, муаллифони китоби «Ҳуқуқи инсон: аз Зардушт то Куруш» дуруст қайд менамоянд, ки «…кӯр-кӯрона тақлид намудан ба низоми ҳуқуқии ғайр, ворид намудани қонуну унсурҳои бегона ба низоми ҳуқуқии тоҷик фарҳанги ҳуқуқии миллиро коҳиш дода, сабаби аз байнравии он мегардад. Чи тавре мегӯянд, миллатеро аз байн бурдан хоҳанд, нахуст фарҳангашро аз миён мебаранд. Бинобар ин, бояд фарҳанги ҳуқуқӣ, ки қисми таркибии фарҳанги умумӣ аст, ҳифз карда шавад».

Ҷавонон ҳамчун категорияи аҳолӣ аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷамъиятшиносӣ ба мисоли фалсафа, сотсиология, демография, психология, фарҳангшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ вобаста ба соҳа омӯхта мешаванд.

Фарҳанги умумии ҷомеа васеъ буда, тамоми намудҳои фарҳанг ба он дохил мешаванд. Фарҳанги ҳуқуқӣ як навъи фарҳанги умумии ҷомеа мебошад, ки дар навбати худ ба зернамудҳо ҷудо мешавад. Яке аз зернамудҳои он фарҳанги ҳуқуқи инсон буда, фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон аз дохили он бармеояд.

Фарҳанги ҳуқуқӣ дар давлатҳои ҳуқуқбунёд сатҳи дониши ҳуқуқӣ, дарки қонунҳо, қобилияти истифодабарӣ ва татбиқи онҳоро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт инъикос менамояд. Фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон як намуди фарҳанги ҳуқуқи инсон мебошад. Вижагиҳои фарҳанги ҳуқуқи инсон пеш аз ҳама дар сатҳи дониши ҳуқуқии онҳо, донистани қонунҳои амалкунандаи кишвар, риоя, иҷро ва истифодаи ин қонунҳо зоҳир мегардад. Чи тавре ки баъзе муҳаққиқон қайд менамоянд: «Дар ҷомеаи шаҳрвандии рушдёбанда ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аҳамияти хоса доранд ва ба фарҳанги умумии ҷомеа ворид карда мешаванд».

Ба андешаи Э.С. Насриддинзода «Фарҳанги ҳуқуқӣ – ин қисми таркибии фарҳанги умумии ҷомеа ва фард маҳсуб меёбад». Мувофиқи ин андеша фарҳанги ҳуқуқӣ, қисми таркибии ҳам фарҳанги умумӣ ва ҳам фарҳанги фард эътироф мешавад.

Мутобиқи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 яке аз самтҳои муҳимми сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб мешавад. Дар ин замина, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолии кишвар дар маҷмуъ ва махсусан фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон ҳамчун насли нав, самти муҳимми сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад. Мантиқист, ки ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ аз сиёсати ҳуқуқии давлат бевосита вобастагӣ дорад. Агар сатҳи фаҳмиши ҳуқуқии аҳолии кишвар баланд бошад, сиёсати ҳуқуқӣ ба таври муассир ташаккул меёбад, зеро донистани қонунҳо шаҳрвандонро барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳуқуқӣ ҳавасманд гардонида, давлатро низ ба қабул намудани меъёрҳои ҳуқуқии зарурӣ ва такмил додани низоми қонунгузорӣ водор месозад.

Воситаи муассири мубориза бо зуҳуроти номатлуб ин ташаккули фарҳанги баланд дар насли наврас, алалхусус фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад.

Бинобар ин, муҳаққиқ У.А. Азиззода дар мавриди ташаккули хуқуқи ҷиноятии шӯравӣ дар солҳои 1917-1924, қайд менамояд, ки дар ин солҳо болоравии фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсии аҳолӣ шароит фароҳам овард то мардум якҷоя бо мақомоти давлатӣ алайҳи нобаробариҳои қонунгузорӣ ва такмили он мубориза баранд. Принсипҳои баланди ахлоқӣ, завқи зебоипарастӣ, фарҳанги сиёсии ҷавонон танҳо бо роҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ ташаккул меёбанд ва бо ин робитаи ногусастанӣ доранд. Бояд қайд намуд, ки донистани қонунҳо ва муносибат ба иҷрои онҳо бояд ба ҳар як шаҳрванди ҷавон хос бошад. Ин як навъ заминаи иҷтимоишавии ҳуқуқӣ ва раванди ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон мегардад.

Марҳилаи муҳим дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон қабули Конститутсияи Тоҷикистон соли 1994 буд. Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 5-ум муқаррар менамояд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ф.Тоҳиров чунин менависад: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан бузургтарин ҳуҷҷати миллӣ ва давлатии кишварамон буда, дорои аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ мебошад. Аз ин рӯ, хуб донистани қонуни асосии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон, ки ояндаи пойдорию пешрафти миллату давлатанд, ҳам фарзу ҳам суннат аст. Бояд, ки наврасону ҷавонон усулҳову ғояҳои дар Конститутсия нишондодашударо хуб дарк карда, дар раванди ҳаёти ҳаррӯзаи худ онҳоро татбиқ карда тавонанд».

Чунин тарзи баррасии масъала аз ҷониби муҳаққиқи варзидаи ватанӣ Ф. Тоҳиров аз он гувоҳӣ медиҳад, ки муаллиф бевосита ба ҷавонон таъкид менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқиашон Конститутсия ва қонунҳои ҷориро донанд ва аз онҳо истифода намуда тавонанд. Аз андешаронии муаллиф бармеояд, ки махсусан донистани ҳуқуқу озодиҳо, Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, ҷиҳати рушди давлату миллат ва пойдор мондани онҳо барои ҷавонон муҳим ва зарур аст. Ин нуқтаи назар бори дигар муҳим будани масъалаи фарҳанги ҳуқуқии ҷавононро дар раванди ташаккули давлати ҳуқуқбунёд собит намуда, аз мавзуи тадқиқоти алоҳида будани он, гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамин тариқ, дар асоси моддаи 41- уми Конститутсия дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо дар заминаи фарҳанги баланди ҳуқуқӣ амали карда мешавад, ки ин вазифаи конститутсионии ҳар як шахс мебошад. Дар асоси моддаи 10-уми Конститутсия қонунҳо пас аз интишори расмӣ амал мекунанд. Бо мақсади шиносоии аҳолӣ ба қонунҳо меъёри мазкур муқаррар гардидааст. Яъне, як навъ алоқаманди байни моддаи 10-ум моддаи 41 - уми Конститутсия дида мешавад. Агар шахс ҳуқуқвайронкунӣ содир намуд ва баҳона пеш оварад, ки намедонист ин кирдор манъ мебошад. Дар асоси моддаи 10 - уми Конститутсия аввал посух мегирад, ки қонунҳо пас аз интишори расмӣ ба қувваи амал медароянд. Яъне, дар рӯзномаҳои расмӣ нашр мешаванд, ки шаҳрвандонро зарур аст бо онҳо шинос шаванд ва сипас бо моддаи 41- уми Конститутсия қонеъкарда мешавад, ки надонистани қонун шахсро аз ҷавобгари истисно намекунад. Аз меъёрҳои таҳлил гардида бармеояд, ки шиносоӣ бо қонунҳо баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии худ, риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо ин вазифаи конститутсионии ҳар як шахс мебошад.

Алиев Фарух Шарифович, н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top