Садаи ХХ дар таърихи инсоният бо воқеаҳову ҳодисаҳои худ дар хотираҳои инсоният асрҳои аср боқӣ мемонад. Ба таври мисол Ҷанги якуми ҷаҳон, Ҷанги дуюми ҷаҳон ё истифодаи яроқи ҳастаӣ ва ғайраҳо, ки милёнҳо нафарро қурбон намуда, дар дили инсоният доғ гузошт. Дар баробари воқеаҳои манфии ин аср боз руйдодҳои мусбатеро ном бурдан мумкин аст, ки ба тақдири аксар халқҳои ҷаҳон, ки солҳои сол мустамликаи кишварҳои абарқудрат буданд, соҳиби давлатҳои миллӣ гардида, рушд карда истодаанд.
Мардумони Осиёи Миёна аз ҳамин гуна халқҳо мебошанд. Дар ибтидои асри ХХ дар Осиёи Миёна се давлат - ҶМШС Туркистон (1918), ҶХШ Бухоро (1920) ва Хоразм (1920) ташкил гардид.
Ҳанӯз асосгузори давлати Шуравӣ В.И. Ленин дар яке аз баромадҳои худ чунин қайд намуда буд “Мо исроркорона мегуфтем, ки аз ҷорӣ кардани ҳуқуқи худмуайнкунии миллатҳо дар замони сотсиализм даст кашидан ба кори сотсиализм хиёнат кардан мебошад” ки баъдтар барномаи кори давлати Шуравӣ дар Осиёи Марказӣ оид ба масъалаи тақсимоти марзӣ - миллӣ гардид.
Давраи аввали тақсимот солҳои 1917 – 1920-умро дар бар мегирад. Дар ин давра бо фармони В.И. Ленин соли 1919 комиссияе таъсис ёфт, ки он бо номи “Комиссияи туркистонӣ” машҳур аст. Азбаски ба вожаи Туркистон ифода кардани минтақаи Осиёи Миёна пас аз истилои Русияи подшоҳӣ маъмул гардид, комиссияи мазкур низ бо ҳамин ном ба фаъолият шуруъ кард. Ин комиссияи дар ҳудуди ҶМШС Туркистон бояд се давлат бо номҳои Узбекия, Қирғизия ва Туркменияро таъсис медод. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ, ки тамоми қаламрави Русияи Шӯравӣ, аз ҷумла Осиёи Миёнаро фаро гирифт, нагузошт ин барнома роҳандозӣ шавад.
Сабабҳои гузаронидани тақсимоти миллӣ - марзӣ дар Осиёи Миёна аз нигоҳи муҳақиқон гуногунанд: Ба андешаи С. Раҷабов ангезаҳои тақсимоти миллӣ - марзӣ чунин аст:
1. Таъмини пурраи амалӣ гардонидани ҳуқуқи халқҳои Осиёи Миёна барои худмуайянкунӣ то ташаккули Ҷумҳурии шуравии сотсиалистӣ, ҷумҳурии мухтор ва ё вилояти мухтор;
2. Боз ҳам наздиктар кардани шӯроҳо бо оммаи халқ, иштироки ҳарчи бештари оммаи меҳнаткашони халқҳои Осиёи Миёна дар идора кардани давлат ва мустаҳкам намудани сохти Давлати Шӯравӣ;
3. Асосҳои мустаҳками сулҳи байни миллатҳоро дар асоси ҳамкориҳои наздику бародарона ва дӯстии байни халқҳои Осиёи Миёна ташкил додан;
4. Тезонидани суръати ташаккулёбӣ ва инкишофи миллатҳои сотсиалистии тоҷикон, узбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо, қароқалпоқҳо ва инкишофи минбаъдаи иқтисодиёт ва маданияти сотсиалистӣ;
Муҳаққиқи масъалаи тақсимоти миллӣ - марзӣ Раҳим Масов зарурати гузаронидани тақсимоти миллӣ-марзиро чунин шарҳ додаст: Давлати шӯравӣ давлати ҷавон буд ва барои осон идора кардани Осиёи Миёна масъалаи тақсимотро пеш гузоштанд ва намехост минтақаро аз даст диҳад.
Олими дигари тоҷик Абдуллоҳ Ғафуров зарурати тақсимотро дар омили зерин мебинад: “Тақсимоти миллию марзӣ дар Осиёи Марказӣ барои он ба Давлати Шуравӣ муҳим буд, ки дар ибтидои асри бист идеологияи пантуркизм дар Осиёи Марказӣ бисёр амиқ реша давонида буд ва чун давлати ҷавони шӯравӣ мехост Осиёи Марказӣ кисми таркиби давлати шӯравӣ бошад ба ҳамин идеологияи пантуркизм марзбандии ба истилоҳ миллиро муқобил гузошт.
Хулосаи банда чунин аст, ки дар сарзамини Осиёи Миёна ду омил сабаби тақсимоти миллии марзӣ шуда буд. Якум, омили табиӣ, яъне хоҳ нохоҳ дар сарзамини Осиёи Миёна тақсимот сурат мегирифт, бе дахолати давлати Шуравӣ. Дуюм, омили таърихӣ, яъне чизе сабаб мешуд ва ин ҳам давлати Шуравӣ гардид.
Сабабҳои зикршуда солҳои 1920-1924 бори дуюм дар ин сарзамин тақсимоти миллии марзиро ба миён овард. Моҳи феврали соли 1924 аввалин бор андешаи тақсимоти Осиёи Миёна ба ҷумҳуриҳои алоҳида ва мухтор ба таври расмӣ дар съезди 12-уми Шуроҳои Туркистон номбар шуд. Раиси Шӯрои нозирон Файзулло Хоҷаев гуфт, ки дар асоси ҳудуди ду ҷумҳурии Осиёи Миёна - Туркистон ва Бухоро Республикаи Ӯзбекистон бо вилояти мухтори Тоҷикистон дар ҳайати он ва Республикаи Туркманистон ташкил карда шаванд. Аз ҳисоби вилоятҳои қазоқнишини Туркистон Республикаи Қирғизистон ва мухторияти қазоқҳо дар ҳайъати он таъсис ёбад. Бори дуюм Файзулло Хоҷаев рӯзи 10-уми марти соли 1924 суханронӣ кард ва ин дафъа таркиби Вилояти мухтори тоҷиконро муқаррар намуд.
6-уми сентябри соли 1924 марзҳои Вилояти мухтори Тоҷикистон ба тарзи қотеъ дар ҷаласаи Комиссияи марзӣ ва 7 сентябр дар Бюрои КМ дар Осиёи Миёна ба тасвиб расид. Вай гуфт, ин вилоят бояд дар ҳайати тоҷикони Масчо ва Ғарм таъсис дода шавад. Баъди талошҳои Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, ки ба Сталин мактуб равон намуда буд идеяи вилояти мухтор ба ҷумҳурии мухтор иваз карда шуд. Сентябру октябри соли 1924 марзбандии миллии Осиёи Миёна дар тасвибномаҳои мақомоти олии давлатии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва ИҶШС сурати қонунро гирифт. 11 октябри соли 1924 Бюрои Сиёсии КМ РКБ (б) гузориши комиссияро таҳти раёсати В.В. Куйбышев шунид. Бюрои сиёсӣ зарур донист, ки Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ба ҷои вилояти мухтори тоҷикон) дар таркиби ҶШС Ӯзбекистон созмон дода шавад. Ҳамин тавр 14-уми октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон таъсис дода шуд.
Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон сарзаминҳоеро муттаҳид мекард, ки дар онҳо ғолибан тоҷикон будубош доштанд; масоҳати умумиаш 135620 километри мураббаъ, аҳолиаш 739503 нафар. Аз ҶХШ Бухоро вилоятҳои Душанбе, Ғарм, Қӯрғонтеппа Кӯлоб ва тумани Қаратоғи вилояти Сариосиё, аз ҶМШС Туркистон ноҳияҳо, (вилоятҳо)-и Уротеппа (Истаравшан) ва Панҷакент ба Тоҷикистон ҳамроҳ шуданд. Баъдтар (моҳи январи соли 1925) ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон вилояти Помир шомил гардид, ки сипас номи Вилояти мухтори Бадахшонро гирифт. 26 ноябри соли 1924 дар Тошканд Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон - нахустин ҳукумати Тоҷикистони Шӯравӣ - таҳти раёсати Нусратулло Махсум Лутфуллоев таъсис ёфт.
Аҳамияти таърихии тақсимоти миллӣ-марзӣ пеш аз ҳама дар он аст, ки дар ҳаёти сиёсии мардуми сарзамин, аз ҷумла тоҷикон дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд овард. Ба туфайли амалӣ гардидани он Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил ёфт. ки ин як қадами бузург ба сӯи ҷумҳурии мустақил буд.
16-уми октябри соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ табдил дода шуд.
24-уми августи соли 1990 иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС қабул намуд.
9-уми сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12) Изҳорот «Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро эълон намуда, қарори махсуси хешро «Дар бораи эълон шудани истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд.
Хулоса, маҳз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1924 ва Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1929 ба соҳибистиқлол гардидани кишвар дар соли 1991 замина гузоштанд. Имсол мо садумин солгарди давлат бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем ва бо пешравию ободкориҳое, ки бо ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омаданд, Ватани маҳбуби мо ҳоло ба яке аз кишварҳои ободу пешрафта, ки дар ҷаҳон ба 6 ташаббуси байналмилалӣ асос гузоштааст, табдил ёфтааст.
Муҳаммадсафои Исматуллои Саъдуллозода, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ