Истилоҳи “конститутсия” (аз калимаи лотинӣ “constitutio” – муқаррарот, сохтор, барпо намудан) маънояш сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олӣ мебошад. Аз замоне, ки аввалин конститутсия қабул гардид, то имрӯз қариб тамоми давлатҳои ҷаҳон конститутсияи худро қабул карданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар шароити имрӯза нақш ва аҳамияти конститутсия дар рушди ҷомеа ниҳоят назаррас мебошад, зеро конститутсия муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим дароварда, заминаи асосии ташаккули давлатдории миллиро ташкил медиҳад.
Дар шароити кунунӣ ҷомеаи инсониро бе танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Бо ҳамин мазмун, давлатҳои имрӯза санаде қабул мекунанд, ки он иродаи халқу миллатро ифода намуда, дар он умеду ормонҳои халқу миллат таҷассум гардидааст ва роҳнамои ояндаи дурахшони давлату миллат аст. Бевосита дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон нақши бузургро фарзанди барӯманди халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати шоиста кардаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».
Аз ин рӯ, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол санади асосии муқарраркунандаи меъёрҳои ҳуқуқӣ – Конститутсия қабул шудааст, ки он тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсиро фаро гирифтааст. Меъёрҳои Конститутсия мустақиман ва бевосита амал намуда, муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мавриди танзим қарор медиҳанд. Конститутсия ҳуҷҷатест, ки дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, сарчашмаи ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.
Донистани Конститутсия ва эҳтиром гузоштан ба меъёрҳои он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахс, аз ҷумла насли навраси худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпараст буда, омӯзиши он ҳамчун санади волои ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷавонон мусоидат менамояд. Афзалияти Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар он аст, ки боби алоҳидаи он бевосита оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шудааст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат эътироф гардида, озодии аслиро ба халқи тоҷик ҳадя намуд. Далели ин гуфтаҳо меъёри моддаи 14-уми Конститутсия шуда метавонад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия ҳифз мешаванд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд.
Дар замони ҳозира халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият баромад карда, онро бевосита тавассути интихоботи Президент ва вакилон амалӣ мегардонад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути хусусиятҳои худ муттаҳидкунандаи тамоми халқу миллат аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирода ва манфиати халқи кишвари азизамонро ҳифз карда, мувофиқи ин иродаю манфиатҳо меъёрҳоеро муқаррар намудааст, ки сохтори давлат, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, тарзи ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва ҳолати ҳуқуқии дигар субъектонро муайян менамояд. Меъёрҳои Конститутсия асоси қонунгузории мамлакатро ташкил медиҳанд, чунки тамоми қонунҳо ва санадҳое, ки қабул мешаванд набояд хилофи Конститутсия бошад.
Мавриди тазаккур аст, ки яке аз падидаҳои муҳимтарини дигаре, ки Конститутсия муқаррар кардааст, ин эътирофи вазифаҳои инсон ва шаҳрванд аст. Қобили қайд аст, ки ҳуқуқ бе уҳдадорӣ вуҷуд дошта наметавонад. Халқ уҳдадориҳои конститутсиониро тавассути иродаи худ қабул карда, иҷрои онҳоро бар дӯши худ гирифтааст, ки ин яке аз хусусиятҳои арзиши олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин қайд кардан бамаврид аст, ки Конститутсия ҳамчун санади танзимкунандаи ҳаёти ҷомеа барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат медиҳад. Барои озодона дар ҷомеа амал кардан ва интихоби озодонаи қоидаҳои рафтори худ, шахс метавонад аз меъёрҳои дахлдори Конститутсия истифода намояд.
Тахмина Сангканова, ассистенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ