ТАЪМИНИ ФАЗОИ МУСОИД - КАФОЛАТИ РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ

Бинанда: 228 | Санаи нашр: 14 Октябр 2024

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳамаҷониба ва самаранок истифода намудани имкониятҳои истеҳсолӣ, ҳарчӣ бештар ҷорӣ намудани технологияҳои нави истеҳсолӣ, тақвият бахшидан ба сифати молу хизматрасонӣ, кам намудани хароҷоти барзиёд ва истифодаи дурусту самараноки захираҳо, содда ва шаффоф гардонидани тартиби танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда истодааст.

Зеро, фаъолияти соҳибкорӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва фароҳамсозандаи ҳаёти босаодати мардум, инчунин заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани табақаи миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «тайи бист соли охир ба кишвар беш аз 152 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст. Аз маблағи зикршудаи сармояи мустақим зиёда аз 36 миллиард сомонии он танҳо барои рушди соҳаи саноат ҷалб гардидааст.

Дар панҷ соли охир ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ беш аз 15 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз ба талаботи рушди иқтисодиёт ҷавобгӯй нест.

То соли 2025 дар кишвар татбиқи беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ пешбинӣ гардида, танҳо ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор зиёда аз 82 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад.

Дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд.

Аз ин лиҳоз, механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд васеъ ҷорӣ карда шавад».

Имрӯз бо мақсади расидан ба афзалиятҳои мазкур як зумра имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд.

Дар маҷмуъ, алҳол барои фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ, зиёда 100-ҳо номгӯйи имтиёзҳо пешбинӣ шуда, субъектҳои соҳибкориро зарур аст, ки аз имтиёз ва сабукиҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ самаранок истифода баранд.

Тибқи маълумоти Агентии омор, тариқи “Равзанаи ягона” ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар мамлакат зиёда аз 340 ҳазор субъекти хоҷагидор фаъолият менамоянд, ки ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022-юм 1300 адад зиёд мебошад.

Ҳоло рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар таъмини иқтисоди миллӣ нақши бориз дорад. Вале дар ин самт то кунун барномаи мушаххаси ягона ба ғайр аз “Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026” вуҷуд надорад. Бинобар ин, вазорату идораҳои соҳавӣ бояд барои ба таври алоҳида дар таҳия ва қабул намудани «Барнома ё Стратегияи махсуси рушди соҳибкории истеҳсолӣ то соли 2030» саҳмгузор бошанд.

Тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкорӣ айни замон бештар шуда истодаанд, ки кам намудани санҷишҳо, дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ барои гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳои андешида дар ин самт мебошанд.

Бо мақсади иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ лоиҳаи Қонун “Дар бораи низоми иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати муттаҳиднамоии муносибатҳои иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ дар доираи як санад ва то 60 дарсад кам кардани номгӯйи ҳуҷҷатҳои дахлдор таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумат маъқул дониста шудааст.

Ин тадбир расмиёти ягонаи иҷозату иҷозатномадиҳиро танзим намуда, дастрасии субъектҳои соҳибкориро барои гирифтани санадҳои иҷозатдиҳӣ сода мегардонад. Инчунин, дар натиҷаи татбиқи ислоҳот дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шумораи мақомоти санҷишӣ аз 27 ба 23 адад расонида мешавад. Инчунин, ташкил намудани Маҳзани ягона доир ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунии ин раванд дар назар дошта шудааст.

Мақсади ташкили Маҳзани мазкур автоматикунонии ҷараёни ҳамоҳангсозии баргузории санҷишҳо байни мақомоти санҷишӣ, банақшагирӣ, пешгирии такроршавӣ ва вайронкунии муҳлати гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя иборат аст.

Ҳоло барои субъектҳои соҳибкорӣ дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ, молиявӣ, хусусан қарзҳои имтиёзнок, одатан ягона роҳи рушди инкишофи фаъолияти онҳо мебошад. Бо вуҷуди мунтазам зиёд гардидани ҳаҷми қарздиҳӣ меъёри фоизи бозпардохти он ҳанӯз баланд буда, ҳамчун масъалаи ҳалтаб боқӣ мемонад. Сатҳи даромаднокӣ ба соҳибкор имкон намедиҳад, ки чунин меъёрро пардохт намояд ва боз даромади устувор ба даст орад.

Илова бар ин, чунин вазъ ба соҳибкорони истеҳсолӣ имкон намедиҳад, ки ашёи хоми заруриро ба таври кофӣ захира намуда, дар ин замина иқтидорҳои истеҳсолиии худро пурра истифода баранд.

Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ Қонун “Дар бораи савдои электронӣ”, лоиҳаи барномаҳои “Рушди соҳибкории бонувон барои давраи то соли 2030” ва “Рушди тиҷорати электронӣ”-ро таҳия намудааст, ки барои рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Аммо, гарчанде дар самти ташкили фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюлҳои мусбат мушоҳида гардад ҳам, вале сифати рушди он бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи иқтисодиёти ҷаҳон ва рақобати байналмилалӣ ҳануз ҳам ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй нест.

Бинобар ин, вазъи баамал омада моро водор месозад, ки ин бахши муҳими иқтисодиётро пайваста мавриди омӯзиш ва таҳлилу арзёбӣ қарор диҳем.

Амонов Саҳбон Сарватҷонович, н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории ДДТТ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top