(Бахшида ба рӯзи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар ҷаҳони муосир зимни татқиқотҳои илмии мутахассисону олимони кишварҳои гуногун ва асарҳои илмии зиёд офаридашуда нақши махсуси соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории хурду миёна дар муносибатҳои иқтисодӣ муайян карда шудааст, ки он, пеш аз ҳама дар муносибатҳои ғайримуқаррарию инноватсионӣ ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳангоми пешбурди соҳибкорӣ зуҳур меёбанд.
Соҳибкории хурду миёна нисбат ба соҳибкории калон дар баробари афзалиятҳои чандирӣ ва суръати баланди мутобиқшавӣ бо шароитҳои зудтағйирёбандаи берунӣ ва истифодаи босуръати навгониҳо, инчунин ба ташаккулёбӣ ва устуворшавии табақаи миёнаи аҳолӣ ва таъмини аҳолӣ бо шуғли доимӣ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон бо ин, рушди соҳибкорӣ ба ташаккулёбии хусусиятҳои мусбӣ ва самтгирии арзишманди шахсият дар ҷомеа тавассути иҷрои корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва амалҳои хайру эҳсонкорӣ мусоидат мекунад.
Ҳамин тавр, соҳибкорӣ натанҳо функсияҳои иқтисодиро иҷро мекунад, инчунин бо ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсон робитаи мустақимро доро мебошад.
Дар байни хоҳишҳои иҷтимоии табақаи соҳибкори аҳолӣ имкониятҳои амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ тавассути татбиқи механизми манфиатҳои бахши хусусӣ нақши махсусро доро мебошад. Имкониятҳои мазкур омилҳои рушди соҳибкориро ташаккул медиҳанд.
Омили асосии ба соҳибкорӣ шуғл варзидани фардиятҳои алоҳида мавҷудияти қобилиятҳои психологияҳои иқтисодӣ, ки таваккал карда тавонистан ва бурд карданро тавлид менамояд.
Ба андешаи мо зарурати таҳқиқи ҳамаҷонибаи назарияи соҳибкорӣ ба он вобаста аст, ки аввалан таърихи рушди афкори иқтисодӣ оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ, хусусан офаридаҳои олимони соҳаи иқтисод, ки бевосита таҳқиқ карда, саҳми худро ба назарияи соҳибкорӣ гузоштаанд, бояд аз назари мутобиқат ба сатҳи муосири пешрафти илму техника ва муносибатҳои субъектҳои иқтисодӣ омӯхта, объективона арзёбӣ гарданд.
Ҳамзамон бо ин, таҷрибаҳои қаблӣ ва муосири ташаккулёбии соҳибкорӣ ҳам дар кишварҳои пешрафта ва ҳам дар мамлакатҳои рушдёбанда, инчунин ҳолати кунунии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуктаи назари илмӣ хулосабарорӣ карда шавад.
Аз ҷониби дигар, мушаххассозии мафҳуми соҳибкорӣ дар робита ба рушди консептуаливу институтсионалии он имкон медиҳад, ки нақш ва мавқеи соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ амиқ карда шавад.
Аз ин лиҳоз, масъалаҳои рушди назарияи соҳибкорӣ, табиати пайдоиши он, махсусиятҳо ва мавқеи соҳибкорӣ дар иқтисодиёт мавзуи таҳқиқи олимону таҳқиқотчиёни зиёд интихоб гардидааст.
Тибқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ ва ташаккули фазои сармоягузорӣ дар кишвар ҳамчун вазифаи стратегӣ ва омили муҳими таҷдиди иқтисоди миллӣ муайян шудааст.
Сиёсати иқтисодии давлат самти дигари рушди соҳибкорӣ мебошад. Таҳлилҳои мо муайян намуд, ки соҳибкорӣ ҳамчун институти иқтисодӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ вобаста бо сохти ҷамъиятӣ ташаккул ёфта, дар робита ба фазои мавҷуда фаъолияти хос роҳандозӣ намудааст.
Насимҷон Давлатов, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДДТТ