ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 508 | Санаи нашр: 10 Октябр 2024

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз доштанд, ки “Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд”.

Дар рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат бахши хусусии соҳибкорӣ нақши бузург дорад. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя такони ҷиддӣ бахшидаанд.

Соли 2022 бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба тасвиб расида буд. Дар ҳуҷҷати мазкур фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, ташкили ҷойҳои кории нав ва кам намудани санҷишҳои мақомотҳои назоратӣ пешбини шуддаст, ки он барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуд.

Дар баробари ин, Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шуда, он ҷиҳати таҳкими раванди беҳдошти фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам сохт.

Маҳз роҳандозии чораҳои мушаххас, аз қабили қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, бунёди заминаи мусоид дар самти дастгирии соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ ҳиссаи ин бахши муҳими иқтисодиёт дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуд ва он дар соли 2023 – юм 61,7 дарсадро ташкил дод. Агар дар соли 2013 даромади бахши хусусии соҳибкорӣ аз фурӯши маҳсулот 22 миллиарду 023,9 миллион сомонӣ ё 54,3 фоизро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли 2023 – юм ба 80 миллиарду 674,9 миллион сомонӣ расид.

Имрӯз бо мақсади рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва баррасии мунтазами масъалаҳои соҳа дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ таъсис дода шудаанд. Тавре дар боло зикр намудем, ҳоло ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар зиёда аз 61,7 фоизро ташкил додааст.

Дигар шудани муносибатҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, муносибатҳое, ки дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ба амал омадаанд, барои рушди иқтисодии мамлакат нақши хеле муҳим гузоштаанд. Ҳоло бо боварӣ метавон гуфт, ки соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ бемайлон рушд ёфта истодааст.

Аз ин ҷост, ки тибқи маълумоти оморӣ тариқи «Равзанаи ягона» то 1-уми апрели соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 352 ҳазору 400 адад субъекти хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 фоиз зиёд мебошад.

Аз ин шумора 318 ҳазору 502 ададашро соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 фоиз зиёд шудааст. Аз ин миқдор 47 ҳазору 39 нафар тибқи патент, 57 ҳазору 989 нафар бо шаҳодатномаи дорои шартҳои махсус, 35 ҳазору 780 нафар бо шаҳодатнома ва 177 ҳазору 694 адад ҳоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил медиҳанд.

Инчунин, ба ҳолати 1-уми апрели соли 2024 аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда дар ҳудуди ҷумҳурӣ 33 ҳазору 489 ададро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра дар кишвар 409 адад филиалу намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷии фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 1,7 фоиз зиёд аст.

Ҳамин тавр, субъектҳои фаъолияти соҳибкориро зарур аст, ки аз имтиёзу имкониятҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оқилона ва самаранок истифода намуда, ҳар лаҳзаву вақтро ғанимат дониста, ба ташкил ва истифодаи техникаҳои замони муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватаниро зиёд намуда, ба маҳсулоти воридотивазкунанда диққати махсус зоҳир намоянд ва бозори истеъмолиро бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ғанӣ гардонанд.

 

Саидмухтори Мухторзода, н.и.и., дотсент,

сардори Маркази инноватсонӣ ва парки технологии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top