НАҚШИ СОҲАҲОИ САНОАТ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Бинанда: 574 | Санаи нашр: 09 Октябр 2024

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ - пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимову иҷтисодӣ мебошад. Оид ба ин масъала “Пешвои миллат дар Паёми навбатиаш ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026 яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон “Солҳои рушди саноат” эълон карда шавад”.

Дар замони муосир вобаста ба талабот ва пешрафти тарақкиёт соҳаҳои энергетика, химия ва металлургияи ранга асоси тахассуси истеҳсолоти саноатиро дар Тоҷикистон ташкил менамоянд. Дар Тоҷикистон саноати мошинсозӣ ва металлкоркунӣ аз солҳои собиқ Ҳокимияти Шӯравӣ инкишоф ёфтааст. Ҳоло ин соҳа 758 корхонаи таъмиркунӣ ва мошинсозиро дар худ муттаҳид мекунад. Ҳама ин корхонаҳо бо истеҳсоли маҳсулоти гуногун махсус гардонида шудаанд.

Айни ҳол, шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 адад расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида ин корхонаҳо ба маблағи беш аз 60 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.

Аз ҷумла: дар ВМКБ 19 корхона, вилояти Хатлон 42 корхона, вилояти Суғд 91 корхона, дар ноҳияҳои тобеи марказ 39 корхона ва дар Душанбе 62 корхона ба истифода дода шуд. Ҳамчунин дар соли 2024 дар Тоҷикистон 251 корхонаи саноати ба фаъолият шурӯъ намуд. Ин нишондиҳанда натиҷаи хуби иқтисодӣ дар соли 2023 ва аввали соли 2024 гардид. Аз ин бар меояд, ки саноат яке аз соҳаи асосии иқтисодиёти мамлакат буда, қисми зиёди даромади миллиро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки баъди як қатор тадбирҳо дар корхонаҳои ин соҳа аз қисмҳои эҳтиётии мошину тракторҳо сар карда, то таҷҳизот ва дастгоҳҳои мураккаби бофандагӣ, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, таҷҳизот барои муассисаҳои хизмати маишию савдо ва ғайра маҳсулот низ истеҳсол менамоянд.

Саноати Тоҷикистон серсоҳа ва инкишофи комплексӣ дошта, бо техникаю технологияи ҳозирзамон ҷиҳозонида шудааст. Дар ҳайати он бештар аз 90 соҳаҳои гуногун ва намудҳои истеҳсолӣ ҷамъ оварда шудаанд. Ҳангоми гузариш ба муносибатҳои бозарӣ ва хусусӣ гардонидани як қатор корхонаю муассисаҳо, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва корхонаҳои муштарак бо ҳамкорию дастгирии сармоягузорони дохилию хориҷӣ таъсис ёфтанд. Айни замон аз миқдори умумии корхонаҳои саноатии мамлакат 945 корхонаи ғайридавлатӣ, 156 ҷамъияти саҳҳомӣ ва 48 корхонаи муштарак ба қайд гирифта шудааст.

Соҳаҳои саноати Тоҷикистон ба хусусиятҳои мақоми нав мутобиқ шуда, дар доираи чорабиниҳои ташкилию техникии илман асоснокшуда, ки самаранокии истеҳсолотро бо устувории занҷири арзиши иловашуда ва баланд бардоштани дараҷаи коркарди маҳсулот аз ашё то ба маҳсулоти тайёр таъмин карда метавонад, фаъолият менамояд.

Мувофиқи хулосаи мутахассисони соҳа, вазъи соҳаи мошинсозӣ дар кишвар ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз солҳои 2000 - ум сар карда, рӯ ба афзоиш ниҳод. Дар ин давра истеҳсоли зиёда аз 20 номгӯйи маҳсулоти нав, ба монанди трактор, мошинолот, профилҳои алюминийи рӯйпӯшшуда, арматураи сохтмонӣ, кунҷакҳои металлӣ, сими металлӣ, трансформаторҳои гуногун, ноқилҳои рӯйпӯшшуда, профилҳо ва зарфҳои пластмассӣ, ду намуд девори пенопролистиролӣ, қуттӣ барои мева ва сабзавот, гранули пластмассӣ, мехҳои сохтмонии андозаашон гуногун, симтӯрҳои металлӣ ва амсоли инҳо ба роҳ монда шудааст. Мутаасифона баъзе аз корхонаҳои мошинсозии Тоҷикистон то ҳол фаъолияти пурра надоранд, ин корхонаҳо барои фаъолият намудан ба соҳибкорон ба иҷора дода шуда, имрӯз ҳамчун анбори маҳсулоти воридотӣ истифода мешаванд ва як қисми онҳо ба соҳибкорон барои ташкили коргоҳҳои хизматрасонӣ супорида шудаанд. Яке аз чунин корхонаҳо собиқ заводи яхдонбарории «Помир» мебошад, ки соли 1964 ба истифода супорида шуда, иқтидори истеҳсолии солонаи он истеҳсоли 176 ҳазор яхдонро дар бар мегирифт. Корхона аз 7 коргоҳ иборат буда, майдонҳои истеҳсолӣ ва ёрирасони он, дар маҷмӯъ, масоҳати 3,5 гектарро ташкил мекард. Пас аз хусусигардонӣ соҳибмулкони қаблӣ натавонистанд истеҳсолу фурӯши яхдонҳоро ба шароиту талаботи бозорӣ мутобиқ гардонанд. Мисоли дигар, Ҷамъияти саҳҳомии «Корхонаи арматурбарорӣ»-и шаҳри Душанбе мебошад, ки иқтидори лоиҳавии солонаи он коркарди 30 ҳазор тонна чӯян ва латуну алюминийро ташкил медод. Корхона соли 2006 хусусӣ гардонида шуда, аз соли 2007 то соли 2015 дарҳои оҳанӣ ва конструксияҳои металлӣ истеҳсол карда, қисме аз ҷойҳои кориро нигоҳ дошт.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди соҳаҳои мазкур аз 1 марти соли 2019 «Барномаи рушди соҳаи металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» қабул гардид.

Дар Тоҷикистон барои рушди ин соҳаҳо ташкил намудани корхонаҳои саноати кӯҳӣ дар заминаи ашёи хоми маъдани кӯҳӣ ва истеҳсоли металҳои рангаю нодир яке аз соҳаҳои махсусгардонидашудаи хоҷагӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба талаботи маҳсулоти саноат ва муносибатҳои бозорӣ соҳаҳои асосӣ дар ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулот мавқеи хосро металлургияи ранга ишғол мекунанд, ки он 49,5 фоизро ташкил медиҳад.

Нишондиҳандаҳои истеҳсоли маҳсулоти асосии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо тамоюли болоравӣ дорад. Корхонаҳои «Зарафшон», «Пакрут», «Заринк» бо коҳиши ҳаҷми истеҳсоли тилло, ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой» ба хокаи бойгардондашудаи руҳу мис ва корхонаи муштараки «Анзоб» ба хокаи сурма маълум аст. Маълум мегардад, ки бо истифода аз тамоми имконияти мавҷуда дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар кишвар ба 13,5 миллиард сомонӣ мерасад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 32,1 фоизи ҳаҷми маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии кишварро ташкил медиҳад. Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки ҳаҷми истеҳсоли тилло - 115 фоиз, хокаи сурб – 144 фоиз, хокаи руҳ - 148 фоиз, хокаи сурма – 100,1 фоиз ва сурмаи металлӣ – 139,3 фоиз зиёд карда шуд.

Дар назар бояд дошт, ки танҳо тавассути ба роҳ мондани коркарди ашёи хом дар кишвар ва истеҳсоли металлҳои ранга арзиши баланди иловагӣ ба даст оварда, иқтидори содиротии кишварро ба таври назаррас афзоиш додан мумкин аст. Дар солҳои истиқлол дар соҳаи саноати маъдан 35 корхона, аз ҷумла 23 корхонаи истихроҷу коркард, 8 корхонаи заргарӣ ва 7 корхонаи истихроҷу коркарди сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ таъсис дода шудааст.

Ҳамин тариқ, соҳаҳои ояндадори мамлакат саноати коркарди металлургияи сиёҳ, ранга, мошинсозӣ ва химия мебошанд, ки ба истеҳсоли алюминийи аввалия, коркарди металлҳои сиёҳ ва ранга, истеҳсоли техникаи гуногун, тракторҳо, мошинолоти кишоварзӣ, автобусҳо дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсоливу электротехникӣ, маҳсулоти пластикӣ, маводи таркандаи саноатӣ, истеҳсоли таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ барои хатҳои технологии истеҳсоли маъдан ва семент ба роҳ монда шудааст. Аҳамияти соҳаҳои мазкур барои кам кардани вобастагии кишвар аз маҳсулоти воридотӣ, таъмини соҳаҳои гуногун бо техникаи зарурӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва диверсификатсияи (гуногуншаклии) истеҳсолоти саноатӣ бисёр муҳим мебошад.

Амонатзода М.А., н.и.г., и.в. дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top