САҲМИ МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲИЮ РЕКРЕАТСИОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

Бинанда: 274 | Санаи нашр: 08 Октябр 2024

Сайёҳӣ - яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ, ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар ҷаҳони муосир соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои босуръат тараққикунандаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва нишондиҳандаи тағйироти некуаҳволии ҷомеа ба ҳисоб рафта, раванди он баҳри қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба истироҳат ва беҳтар намудани сифати зиндагии онҳо нигаронида шудааст.

Дар ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ дар сатҳи давлатӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ эътироф шудааст. Рушди тиҷорати соҳаи сайёҳӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ мавҷудияти захираҳои сайёҳиро тақозо мекунад. Сайёҳ ба он мавзеъҳое сафар мекунад, ки дар ҳудуди интихобкардааш “Захираҳои сайёҳӣ” бо иқтидорҳои хуб сайёҳро қонеъ гардонанд. “Захираҳои сайёҳӣ” чун занҷир аз якчанд зинаи сарватҳои таҳқиқшуда ва идоракунанда иборат мебошанд: 1) табиат ва унсурҳои он; 2) таъриху фарҳанг; 3) иқтисодию иҷтимоӣ; 4) хизматрасониҳои сайёҳӣ ва рекреатсионӣ; 5) иттилоотӣ; 6) хизматрасониҳои техникию идоракунӣ, ки талаботи ташрифоварандагонро қонеъ мегардонанд.

Ба онҳо объектҳо ё падидаҳои табиию иқлимӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, маърифатӣ, меъморӣ ва археологӣ, илмию истеҳсолӣ, динӣ ва дигар объект ё падидаҳое дохил мешаванд, ки талаботу мақсадҳои сайёҳонро қонеъ намуда, ба раванди фаъолият, барқарорсозӣ ва рушди неруи ҷисмонӣ ва руҳии сайёҳон мусоидат менамояд.

Солҳои охир рушди сайёҳӣ дар кишвар яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. То солҳои 2030 - юм Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳаи сайёҳиаш устувор дар минтақаву сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшуда хоҳад гардид. Сайёҳӣ ҳамчун меҳвари таъсиси ҷойҳои корӣ дар шаҳру минтақаҳои дурдасти мамлакат, инчунин коҳиш ёфтани муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ барои табақаи миёнаи аҳолиро дар деҳот таъмин мекунад, нақши муҳим дорад.

Мутахассисон муайян намуданд, ки дар оянда талабот ба истироҳат аз 943 ҳазор то бо 1,5 миллион ҷой мерасад. Вобаста ба ин, дар оянда барои тамоми намудҳои истироҳат на камтар аз 270 ҳазор километри мураббаъ майдони рекреатсиониро тайёр намудан лозим аст.

Дар робита бо рушди ҷаҳонии соҳаи сайёҳӣ вақтҳои охир чунин мафҳум, ба монанди мавзеъҳои сайёҳӣ пайдо шуд. Мафҳуми мазкур ҳамчун қаламрави георафӣ буда, дорои захираҳои муайяни рекреатсионӣ ва иқтидори ташкили фаъолияти гуногуни сайёҳӣ мебошад. Бо назардошти ҷойгиршавии марказҳои сайёҳию рекреатсионӣ вобаста ба шароит ва хусусиятҳои табиӣ, ҳудуди Тоҷикистонро ба чор мавзеъи сайёҳию рекреатсионӣ ҷудо намуданд: 1) Шимолӣ; 2) Марказӣ; 3) ҷанубу ғарбӣ; 4) Помир.

ҳар яке аз ин мавзеъҳо дорои шароити табиӣ, мавқею иншоотҳои географию сайёҳӣ ва муолиҷавии ба худ хос мебошанд. ҳангоми бунёди иншоотҳои истиқоматӣ ва истироҳатию муолиҷавӣ бояд ин омилҳо дар ҳамешагӣ ба инобат гирифта шаванд. Вобаста ба мавзеъҳои зикргардида, ташаккулёбии ноҳияҳои сайёҳӣ дар асоси табиат такя менамояд.

Муассисаҳои табобатию солимгардонии мавзеъҳои сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон

Бо назардошти захираҳои сайёҳию рекреатсионӣ ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 15 роҳҳои сайёҳӣ вуҷуд дорад, ки он роҳтайкунии ҳавоӣ, роҳи оҳан, автомобилӣ ва пиёдагардиро дар бар мегирад. Роҳҳои мошингард ва нақбҳое, ки солҳои охир сохта шудаанд, барои минбаъда равнақ ёфтани соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамоянд ва он ба яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи Тоҷикистон табдил меёбад.

Нишондиҳандаҳои омории сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023

 

Аз таҳлили ҷадвали мазкур муайян гардид, ки барои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар кишвар амалӣ гардонидани тадбирҳои муайян, ки тақозои бозори ҷаҳонии сайёҳӣ мебошанд, муҳим арзёбӣ мегардад. Дар соли 2023 шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд 1 млн. 358 ҳазор сайёҳ ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 - юм 358 ҳазор сайёҳ зиёд мебошад.

Бинобар ин, истифода бурдани имконият ва иқтидорҳои сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон барои ҳал намудани бисёр масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ имконияти васеъ фароҳам меоварад. Пеш аз ҳама, муаррифӣ намудани кишвар, паст намудани сатҳи бекорӣ, кам шудани муҳоҷират, афзоиши даромади буҷаи давлат, ба ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ ва ба ҳамин васила паст намудани сатҳи камбизоатӣ мегардад.

Ҳомидзода Ғулом., н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top