Забони тоҷикӣ симои пайванди маҳкам бо гуишҳои хамрешаи худ забони дарӣ – форсӣ, ки дар ҷараёни даҳҳо садсолаҳои таърихӣ ҳамчун забони тамаддунбахш дар минтақаҳои густурдаи ҷаҳон аз мавқеияту азамати фарҳангии вижа бархурдор буда, зиёда аз сеяк аср, ки дар зодгоҳи худ мақоми пешина ва деринаи худро соҳиб шуда, ҳамчун асри тиллоии тамаддуни тоҷикони аҳди Сомониён, ки бо забони расмӣ, сиёсат, ҳуқуқ, иқтисод, илму фарҳанг табдил гардида буд. Бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат, акнун чанд сол аст, ки аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид, дар ҳамоишҳои бонуфузи сиёсии байналмилалӣ ҳам дар кохҳои муҳташами раёсати давлатҳои муътабар лафзи ширину шевои тоҷикӣ бо лаҳну овози дилангезаш гӯшу қалби меҳмонони воломақом ва ҳар касеро, ки ба ин хоку бум низ меояд, менавозад ва рӯҳашро фараҳ мебахшад.
Таърихи ҷомеаи башарӣ, таҷрибаи давлатҳои куҳан ва пешрафтаи дунё нишон медиҳад, ки истифода аз як забони умумӣ ба эҷоди миллат ва пайванди иҷтимоии қавии давлат неру бахшида, боиси равшании ояндаи миллат мегардад. Боиси хушбахтист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мавқеияти хоси шоистаи сиёсиву иҷтимоӣ ва илмию фарҳангиро доро мебошад.
Бо вуҷуди он, ки забони тоҷикӣ мақоми расмиро ҳануз дар замони Шӯравӣ, яъне соли 1989, соҳиб шуда буд, раванди ба забони сиёсат, иқтисод ва илму фарҳанг табдил ёфт. Самардиҳӣ ва пардохтани он дар даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баъд аз Иҷлосияи таърихсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар воқеъ пайвастани ҳадафҳои ин раванди муҳим, чун дар анҷоми муваффақиятомези дигар ҷараёнҳои ҳаётофарин ва созандае, ки кишвари моро диёри сулҳу субот, бархурдор аз ваҳдати миллӣ ва руй ба инкишоф табдил додааст, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст.
Маҳз бо талошҳои пайваста ва пурбори Сарвари давлати тоҷикон бо забони тоҷикӣ дар муддати се даҳсола барои инкишофи забон падидаи мураккабе, чун забон, ниҳоят кӯтоҳ - забони адабии миллии мо марҳалаи наверо дар такомули худ оғоз намуд.
Ҳамон тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намудааст “забони миллӣ симо ва пайкари миллат мебошад”. Аз ин рӯ вазифаи ҳар фарди меҳанпараст, огоҳу дилсӯз ба фарҳанги миллӣ ҷаззоб, зебо, солим, неруманд ва қобили созандагӣ нигоҳ доштани ин симову пайкар аст. Забон ҳам, ба монанди миллат, пир намешавад ва ҳар қадар солхӯрдатар шавад, боз ҳам ҷавонтар, шодобтар ва нерумандтар мегардад ба шарте, ки бо вай дар ниҳояти эҳтиёту зарофату назокат рафтор кунанд, онро дар ҳадди муқаддасот гиромӣ доранд. Барои покизагиву асолаташ талош варзанд, барои ҳифзи он аз “бемориҳо” ва хатарҳои доимӣ барои тақвият додан ба истиқлолияташ пайваста пайкор намоянд.
Ба ҳамин манзур Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо такрор ба такрор ба ҳамватанон, пеш аз ҳама, насли ҷавонро даъват намуда, фарҳанги ғании гузаштаи миллати худро хуб омӯзанд, аз мероси гаронбаҳои шоирону мутафаккирони асрҳои пешин баҳрабардорӣ намоянд, ба қадри тамаддун ва арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгонамон бирасанд.
Фақат омӯзиши сабақандӯзонаи таърих, расидан ба қадри давлати миллӣ, гиромидошти забони модарӣ ва дигар арзишҳои волои халқамон кумак мекунанд, беадолатиҳое, ки нисбати халқу миллати мо шудаанд, такрор нагарданд. Гироми доштани ҳар якеи мо ба арзишҳои миллӣ, ки забон яке аз аркони муҳими онҳо мебошад, омӯхтану аз бар кардан ва ба қудрати он афзудан аст. Моро зарур аст, ки ҳамеша боэҳтиёт бошем ва нагузорем, ки аз масирҳо ва ҷараёнҳои ғалат, нопокиҳое ба дарёи софу покизаи забони тоҷикӣ ворид шаванд ва ин лафзи поку мубарроро тираву олуда созанд.
Назруллозода М.Н., н.и.и., омӯзгори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмиллалии ДДТТ