ҲИДОЯТГАРИ РОҲИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Бинанда: 275 | Санаи нашр: 30 Сентябр 2024

«Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад.Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба эътибори омӯзгор ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа афзун гардид, зеро пешрафти тамоми соҳаҳо аз фаъолияти пурсамари омӯзгор вобаста аст. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «дар ташаккули маънавию зеҳнии ҳар фард баъди модар омӯзгор меистад. Маҳз омӯзгор хишти аввалини бинои маърифату фарҳанги ҳар инсонро мегузорад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардорем ва барои ӯ шароити мусоид, имконияти бештари ҷустуҷӯи роҳҳои наву замонавии таълиму тарбияро муҳайё созем».

Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рўзи омўзгорон таҷлил мегардад. Дар кишвари маҳбуби мо, ки маориф соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад, омўзгор мақому манзалати воло ва ифтихорӣ дорад. Бояд гуфт, ки мардуми мо ба омўзгор арҷгузоранд, ўро самимона эҳтиром мекунанд, зеро омўзгор равшангари дилҳо, машъалафрўз ва парчамбардори илму дониш ва маърифат эътироф шудааст. Аз ин рў, дар диёри мо Рўзи омўзгорон сол то сол ба таври густурда таҷлил мешавад, оммавияти бештар пайдо мекунад ва шукўҳу шаҳоматаш меафзояд.

Аслан, мардуми тоҷик аз қадим нисбат ба омўзгор таваҷҷуҳи хоса доштанд, ки байти машҳури Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ далел ба ҳамин маънист:

Агар дар ҷаҳон набвад омўзгор,

Шавад тира аз бехирад рўзгор.

Муаллим ҳамеша кӯшиш менамояд, ки бо истифодаи усулҳои муосири таълим тафаккури ихтироъкорӣ ва навовариро дар зеҳни шогирдон пайдо кунад, шогирдонро ба роҳи рост, одобу ахлоқи нек, инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо ва либоси миллӣ ҳидоят намояд.

Заҳмати омӯзгор дар назди давлат эътибори бузург дорад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», якчанд барномаҳои давлатӣ, стандартҳои таҳсилот, қабули низомномаҳо, таваҷҷуҳ ба таҳсилот, интихоби беҳтарин роҳҳои таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бунёду таъмири мактабҳо, ҳамасола баланд шудани музди меҳнати омӯзгорон, қадршиносии аҳли таълиму тарбия бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофоти соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳои муассиреанд, ки бо мақсади дастгирии омӯзгорон ва такмил бахшидани шароити фаъолияти онҳо корбаст шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиё бахшида ба Рўзи дониш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе аз ҳамеша дастгирӣ ёфтани намояндагони соҳаи маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар гардида, иброз намуданд, ки қариб 19 дарсади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ба рушди ин соҳа равона карда шудааст. Ҳамчунин дар муддати начандон тӯлонии соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва вазъи иҷтимоии омӯзгорону намояндагони соҳаи маориф маоши вазифавии омӯзгорон 21 маротиба баланд бардошта шуд, ки боиси хушнудист.

Аз ин ҷост, ки Ҳукумати мамлакат дар нақшаҳои рушди худ минбаъд низ соҳаи маорифро дар ҷойи аввал қарор медиҳад. Зеро тарбияи насли наврасу ҷавон ва бо илму дониши замонавӣ мусаллаҳ намудани онҳо маънои гузоштани хишти устувор ба ояндаи давлатро дорад. Ин аст, ки Пешвои миллат ба аҳли нишаст муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки «мо бояд хуб дарк намоем, ки фарзандон назди мо амонатанд, онҳо ояндаи мову шумо ва соҳибони фардои давлату миллат мебошанд».

Аҳли ҷомеа - падару модарон, омӯзгорон ва муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки барои ояндаи давлату миллат дар якҷоягӣ талош намоянд, насли фардоро дар беҳтарин шароиту имконот ва фазо таълиму тарбия намуда, бинои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагии Тоҷикистонро бо хиштҳои санҷидашуда мустаҳкаму қавӣ созанд.

Барои расидан ба ин мақсад боз ҳам вазифаи асосӣ ба дӯши омӯзгор – тарбиятгарони имрӯзу фардо гузошта мешавад. Дар ин масъала Пешвои миллат иброз доштанд, ки “дар сурати заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат ба шарофати фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад”.

Дар ҳақиқат, пешаи омӯзгорӣ душвору заҳматталаб, вале касби пурифтихору пуршараф аст. Омӯзгор дар ҷомеа мақому мартабаи баланд дошта, аз эҳтироми ҳамагон бархурдор аст. Аслан, бузургдошти омӯзгор барои халқи фарҳангсолори тоҷик анъанаи дерин буда, ба ин ситоишномаҳои зиёди адабиёти пуровозаву ғановатмандамон гувоҳӣ медиҳанд. Тавре шоир мефармояд:

Китоби ҳикмату маъно муаллим,

Чароғе дар раҳи фардо муаллим.

Ба неруе, ки дорад дар бисоташ,

Ҷаҳонеро кунад эҳё муаллим.

Ҳамин гуна, ситоишномаи омўзгор басо фарогиру пурмуҳтавост, он поён надорад. Ҳамаи ситоишномаҳо талқин менамоянд, ки омўзгорро самимона дўст бояд дошту эҳтиром бояд кард. Эҳтироми омўзгор эҳтироми ҷомеа ва эҳтироми арзишҳои миллист. Дар ҷомеае, ки омўзгор арзишу қимати зиёд дорад, ояндаи дурахшон ва рушди иқтисод мушоҳида мегардад.

Муаллим равшангари ҳаёт, таъминкунандаи тафаккур ва роҳкушои эҷодкориҳост.

Зиҳӣ омўзгор, қаламат тезу буро,

Ҳикмату қадрат ҳазор бодо.

 

Қурбоналӣ Кабутзода, н.и.и.,декани факултети молия ва қарзи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top