Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, минтақаҳои кӯҳӣ, обҳои шифобахш ва табиати нотакрори худро барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ бояд самаранок истифода барад. Сайёҳӣ симои мамлакат буда, одамон дар хориҷи кишвар давлатро пеш аз ҳама аз рӯи имиҷи он ҳамчун мавзеи сайёҳӣ дар асоси гуфтугӯ бо сайёҳон мешиносанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ буда, мероси бойи таърихию фарҳангӣ барои эҳё ва рушди соҳаи сайёҳӣ дорад. Соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, барои рушди иқтисодиёт имкониятҳо фароҳам меоарад.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидан ба соҳаи сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар тамоми манотиқи кишвар ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалли худ чораҳои зарурӣ андешида шуда, минтақаҳои сайёҳӣ, роҳҳои автомобилгард, ёдгориҳои таърихӣ, осоишгоҳҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти сайёҳӣ обод ва сатҳи сифати хизматрасонии онҳо беҳтар карда шуд.
Бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти зарурати рушди инфрасохтори деҳот солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуда буд.
Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуданд: “Дар солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст.
Вале таъкид менамоям, ки имкониятҳои барои рушди соҳа истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд”.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ корхонаҳои саноати сайёҳӣ ҳарчи бештар зарурияти таҳияи молу хизматрасониҳои навро дарк карда истодаанд. Муайян ва қонеъ гардонидани талаботҳои инсонӣ ва ҷамъиятӣ яке аз вазифаҳои муҳими маркетинги инноватсионӣ дар сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷадвали 1.
Рӯйхати иншоотҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ бо як қатор кишварҳои олам созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонидааст. Дар Тоҷикистон низоми соддакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 112 кишвари ҷаҳон ва низоми электронии раводид ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст.
Дар ин радиф, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии кишвар зиёд гардида, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардид. Ҳамзамон, роҳандозии тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 12 кишвари ҷаҳон, фаъолияти зиёда аз 100 ширкати сайёҳӣ, сохтмон ва таҷдиду азнавсозии як қатор инфрасохтори сайёҳӣ барои воридшавии ҷумҳурӣ ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.
Айни замон дар бораи Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар олами ғарб маълумот кофӣ нест ва он иттилооте, ки одамон дар бораи ҷумҳурии мо медонанд, на ҳама вақт саҳеҳ аст. Сайёҳон аз сафари худ амният, меҳмоннавозӣ ва қаноатмандии баландро интизор мешаванд. Муваффақ шудан ба қонеъ гардонидани чунин талаботҳо маънои онро дорад, ки давлат шуҳрати баландро барои худ дар ҷаҳон ба даст овардааст. Ин занҷири самаранокеро ба вуҷуд меорад, ки на танҳо ба рушди бахши сайёҳӣ, балки ба густариши муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, аз ҷумла воридоти сармояи хориҷӣ низ мусоидат мекунад.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти дахлдори соҳаи сайёҳӣ ва сохторҳои соҳибкорӣ бо ҷалби шарикони рушд мониторинг ва арзёбии стратегияро мегузаронад ва ҳисоботи солонаро оид ба рафти амалисозии стратегия ба Шурои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳисоботи панҷсоларо оид ба натиҷаи амалисозии стратегия ба Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ пешниҳод менамояд.
Расми 1. Шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(дар солҳои 2018-2022, адад)
Агар дар соли 2018 шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар кишвар 146 ададро ташкил медод, дар соли 2022 ин шумора ба 235 адад ё 89 адад зиёд гардида, аз самараи дастгирию имтиёзҳои додаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳадафи асосии ширкатҳои сайёҳӣ дар шароити рақобат тоб овардан ва миқдори зиёди мизоҷонро ҷалб намудан мебошад. Маҳз тавассути инноватсия имконият аст, ки инро ба даст оварем. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сол аз сол ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ зиёд гардида истодааст.Ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ саривақтӣ арзёбӣ гардида, дар радифи ин ташаббуси фарогир Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ бо мақсади муаррифии фарҳанги асил, ҳунарҳои маҳаллӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардумии кишварҳои узви созмон мавзуи Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ барои соли 2020 - Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот эълон дошта буд.
Расми 2. Шумораи шаҳрвандони хориҷие ба ҳайси сайёҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд (дар солҳои 2018-2022, млн. нафар)
Аз таҳлилҳо маълум мегардад, ки дар соли 2022 шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, бо назардошти ҳама намуди мақсадҳои сафар (хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра) 1151,9 ҳаз. нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 634,3 ҳазор нафар ё 2,2 баробар зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 999,3 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ (тибқи методологияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ) арзёбӣ мегарданд, ки нисбат ба соли 2021 ба 3,4 баробар зиёд шудааст.
Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои ИДМ ворид шудаанд, 1094,1 ҳазор нафар (95,0 фоиз аз шумораи умумӣ), аз он 950,1 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ ва давлатҳои хориҷи дур 57,8 ҳазор нафар (мутаносибан 5,0 фоиз аз шумораи умумӣ), аз он 49,2 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ буданд.
Расми 3. Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҳайси сайёҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ИДМ ворид шудаанд (дар соли 2022, ҳаз. нафар)
Миқдори зиёди шаҳрвандони хориҷии ба ҷумҳурӣ воридшуда, аз давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла, аз Ӯзбекистон-777,6 ҳазор нафар (71,0%), Русия-279,9 ҳазор нафар (25,6%), Қазоқистон-25,0 ҳазор нафар (2,3%), Қирғизистон-3,8 ҳазор нафар (0,3%) ва ғайра мебошанд.
Миқдори сайёҳони воридшуда аз давлатҳои хориҷи дур ба монанди: Афғонистон-3,3 ҳазор нафар (0,3%), Чин-5,4 ҳазор нафар (0,5%), Туркия-7,3 ҳазор нафар (0,6%), Ҳиндӯстон-3,4 ҳазор нафар (0,3%), Эрон-4,3 ҳазор нафар (0,4%), ИМА-6,9 ҳазор нафар (0,6%), Покистон-1,6 ҳазор нафар (0,1%), Олмон-3,0 ҳазор нафар (0,3%) мебошанд.
Расми 4. Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҳайси сайёҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мамлакатҳои хориҷи дур ворид шудаанд (дар соли 2022, ҳаз. нафар)
Шумораи сайёҳони дохилие, ки тавассути ширкатҳои сайёҳӣ дар соли 2022 ба хориҷа сафар намуданд 2649,7 нафарро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2021 ба 1235,5 нафар баробар буд.
Расми 5. Шумораи сайёҳони дохилие, ки ба хориҷа сафар намуданд, (дар солҳои 2018-2022 нафар)
Дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 183 меҳмонхона (бо назардошти шахсони воқеӣ) 6 - меҳмонхонаи 5 ситорадор, 20 - меҳмонхонаи 4 ситорадор, 16 - меҳмонхонаи 3 ситорадор, 3 - меҳмонхонаи 2 ситорадор, 2 - меҳмонхонаи 1 ситорадор ва 136-меҳмонхонаи бедараҷа фаъолият кардаанд.
Рушди сайёҳӣ аз шароити табиӣ ва муҳити атроф вобастагии калон дошта, фарҳанги миллӣ, урфу одат, таомҳо ва нӯшокиҳои миллӣ, таърих ва осори фарҳангиро дар бар гирифта, заминаи асосӣ барои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз, рушди соҳаи сайёҳӣ бояд аз як насл ба насли дигар якҷо бо фаъолият нисбати ҳифзи табиат ва муҳити атроф, осори ниёгон, дастгирии фарҳанг ва тамаддуни маҳаллӣ, расму оин, касбу ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шавад.
Асоси тиҷорати соҳаи сайёҳӣ ба афзалиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ мувофиқ мебошад ва бинобар ин бахши мазкур яке аз беҳтарин соҳаҳо барои таъмини мувозинати аслии устувории экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки маҳз дастгирии давлатӣ ва мусоидат намудан ба самаранокии раванди фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва субъектҳои хоҷагидории сайёҳиро таъмин намуда метавонад. Яке аз омилҳои муҳим ин маблағгузории давлатӣ барои таблиғоти ширкатҳои миллии сайёҳӣ мебошад.
Бо мақсади самаранок намудани соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ зарур аст, самтҳои гуногуни мукаммалгардонии идоракунии рушди сайёҳӣ амалӣ карда шавад.
Ҳамин тариқ, рушди сайёҳӣ дар маҷмуъ метавонад ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар, ташкили ҷойҳои кории нав таъсири назаррас расонида, ба баланд бардоштани обрую эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ, ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, инчунин суботи иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат намояд.
Мирзон Некруз, н.и.и, и.в. дотсент, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, Абдураҳмон Ҳакимзода, н.и.и, муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДТТ