Оре, чӣ калимаи муқаддас - муаллим, омӯзгор, роҳнамо, тарбиятгар. Дар радифи вожаҳои Ватан, Модар, омӯзгор низ калимаест, ки ба инсон аз овони кӯдакӣ шинос аст. Бо шунидани ин вожаи муқаддас дар зеҳни ҳар як инсон як шахсияти бузург, омӯзандаи илму дониш, фарҳанг, маънавиёт таҷассум меёбад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидайн ва гоҳе бештар аз онҳо дар таълиму тарбияи фарзанд саҳмгузор аст. Ӯ шахсест, ки қалби бузурги пур аз меҳр, муҳаббат ва самимият дорад. Ӯ шахсест, ки нисфи зиндагии хешро барои ҳар яки мо инсонҳо ҳадя менамояд ва аз ин қатрае ҳам озурда намешавад. Ӯ шахсест, ки ҳамеша барои ҳамагон ғамхор буда, ҳеҷ вақт кӯмакашро дареғ намедорад. Дар ҷавоби ҳамаи ин меҳрубониҳо ҳеҷ чизро талаб намекунад. Солҳо мегузаранд, ҷомеа пеш меравад, арзишҳо тағйир меёбанд, аммо мақому манзалати омӯзгор бояд тағйир наёбад.
Муаллим машъалафрӯзи шоми тира, ки бо нури худ дунёро мунаввар мекунад ва гармӣ мебахшад. Сарчашмаи тамоми хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани шогирдони муваффақ маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз фарзанди инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзонад, ки чандон кори осон нест. Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳи инсон аст. Тавре, ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти мустақилона ва ояндаи дурахшон омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегуянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонхоро бартараф мекунанд. Яъне, омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар як ҳарфи ӯ, ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.
То имрӯз қаламе ихтироъ нашудааст, ки бузургии омӯзгорро рӯи қоғаз биёрад, рассоме ба дунё наомадааст, ки симои ҳақиқии омӯзгорро тасвир намояд. Аммо ба қадри кофӣ дар ҳар давру замон бузургон кӯшиш намуданд, ки ба андозае ҳам бошад омӯзгорро васф намоянд. Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорро дар меҳвари марказии ҷомеа қарор дода, иброз карданд, ки «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад». Ба ақидаи К.Д. Ушинский «Муаллим, то даме, ки зинда аст, мехонад. Ҳамин ки аз хондан бозмонд, симои муаллимиаш низ барҳам мехӯрад». Ба ақидаи А.С. Макаренко «Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хизмат намекард, зиндагӣ як лаҳза ҳам пеш намерафт». Л.Н. Толстойи бузург гуфтанд, ки «беҳтарин омӯзгор онест, ки меҳру муҳаббат нисбати касбро бо меҳру муҳаббат нисбати шогирдонаш муттаҳид менамояд». Агар ин рӯйхатро давом дихем, итмом надорад, зеро бузургии омӯзгорро васф намудан онҳое тавонистанд, ки худ омӯзгоранд. Мегӯянд омӯзгорӣ касб аст, аммо розӣ шудан бо ин ақида кори баҳсталаб мебошад. Омӯзгорӣ чизест, волотар аз касб. На ҳар кас омӯзгор шуда метавонад. Танҳо он шахсоне, ки қалби пур аз меҳр, дорои сабру таҳаммул ва ба касбашон то охир содиқона хизмат менамояд, метавонанд омӯзгор шудан. Танҳо омӯзгор қодир аст, аз тифле, ки аз олами маънӣ хабардор нест, олим, мутахассисро тайёр намояд ва дар ниҳоди ӯ як шахсиятро ба воя расонад. Танҳо онҳое унвони баланди омӯзгориро соҳиб мешаванд, ки дарк мекунанд, омӯзгорӣ на танҳо касб, балки орзӯи дерина мебошад.
Хулоса, ин бузургшахсро ҳар чанд васф кунем боз ҳам кам аст. Танҳо дуо мекунем, ки ҳамеша тансиҳат бошад, баҳори умрашон хазониро набинад, дар ҷодаи пешакардааш муваффақ бошад. Ҳамду сано бод ба омӯзгор, офарандаи илму маърифат ва равшангари ҳаёт. Ҳақ бар ҷониби касест, ки гуфтааст «Ҷаҳон гар зар бувад, заргар муаллим».
Сабрина Ясакиева, муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДТТ