Таърихи мактабу маориф дар марҳилаҳои гуногуни тараққиёти ҷамъият рушди бемайлони соҳаи маорифро дар сатҳи гуногун ёд дорад. Омӯзгорӣ аз бошарафтарин касб дар ҳама давру замон ба шумор рафта, машаққати зиёдро дар тарбияи насли наврас, ки ояндасози миллатанд, талаб менамояд.
Марҳилаи муосири ташаккули назария ва амалияи низоми мактабу маориф, ки таълиму тарбия ҷузъи таркибии он аст, бо саъю талошҳои Пешвои миллат ҷиддан вобаста мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба арсаи сиёсат қадам гузоштан соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории хеш эълон дошта, ба таҷдиди мактаб ва таълиму тарбия таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.Чи гунае, ки дар Паёми навбатии худ соли 2023 қайд намуданд: “Аз 1-уми июли соли 2024 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф ва стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд. Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.
Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем.
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.
Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.
Бояд қайд кард, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат имтиёзҳои омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф давра ба давра татбиқ гардида, барои баланд бардоштани нақш ва мақоми омӯзгор ва маориф заминаҳои нави устуворро ба вуҷуд оварда истодаанд.
Омӯзгор шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мушфиқу ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Тавре бузургон гуфтаанд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Замони муосир, ки дунёи онро фазои электронӣ фаро гирифтааст, барои омӯзгорон ҳам осонӣ ва ҳам мушкилоти зиёд эҷод намудааст. Зеро таҷрибаҳои солҳои охир нишон дод, ки давлатҳои абарқудрат дар кишварҳои кӯчак мактабҳои хешро бунёд намуда, барои пиёда намудани ғаразҳои сиёсии худ замина тайёр мекунанд. Ҳар фарди худшинос, ки имрӯз касби омӯзгориро интихоб намудааст ва ба тарбияи насли наврас машғул аст, бояд ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсии баланд дошта, манфиати ҷамъиятро ҳамеша аз манфиати шахсиаш боло гузошта тавонад.
Омӯзгор – шахси дорои таҳсилоти касбӣ мебошад, ки ба таълиму тарбия машғул аст. Омӯзгорро имрӯз метавон ба равшангари шоми тори шогирдон ташбеҳ дода, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.
Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест.
Омӯзгор ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳии инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, омӯзгор низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Омӯзгорро оинаи рӯзгори халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.
Омӯзгор аз ҳар як норасоиву носазоиҳо ва беаҳамиятии шогирдони худ ба изтироб меафтад. Қуввати худро барои тарбияи фарзанди мардум дареғ намедорад. Устод бо машаққатҳои зиёду бепоён шогирдонро ба воя расонида, соҳибмаълумот мегардонад ва ҳар илме, ки дар ҷавонӣ аз бар мекунанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Ба қавли Шайх Саъдии бузургвор:
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
Даме ки устод шогирди ба ҷон парвардаашро рӯи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самари хуб додааст. Ӯ меболад, ки тавонистааст, маҳсули заҳмати беандоза ва дастранҷи заҳматталаби хешро бо бузурге пайвастааст.
Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш соли 2024 қайд намуданд: “Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шаъну шарафи омӯзгор таҳти кафолат ва муҳофизати қонун қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад”.
Хушбахт онест, ки сазовори номи бузурги устодӣ ё омӯзгорӣ гаштааст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф буда, омӯзгор нафарест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварӣ аст. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намегардад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олими бузурге сохт. Даме, ки шогирди омӯзгор шахси обрӯманд мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи омӯзгорашро гирифта, аз ӯ розист, ки рафтори накӯяш омӯхтаст. Агар устод моро ба роҳи рост ҳидоят намекард, мо ҳеҷ гоҳ шарафманду комёб намегаштем. Заҳмати беандозаи омӯзгори бузург тавонист роҳбалади шогирди пурзаковат гашта, соҳибмаълумоташ гардонд.
Ҳамин тариқ, омӯзгор касест роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғаразу ислоҳкори ҳама норасоиву нуқсонҳои инсон аст. Омӯзгор пешвою омӯзандаи алфози накӯ, таҷассумгари ростию ростқавлист, ки машҳуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори нек омӯхтааст.
Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.
Абдураҳмон Ҳакимзода, н.и.и, муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДТТ