ИСТИҚЛОЛИЯТ – НИШОНАИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА БАҚОИ МИЛЛАТ

Бинанда: 184 | Санаи нашр: 06 Сентябр 2024

Истиқлолият - бузургтарин рӯйдоди таърихӣ волотарин, арзишмандтарин ва бебаҳотарин дастоварди халқ ва давлати Тоҷикистон дар охири асри ХХ маҳсуб меёбад, ки он ҳамчун муқаддасоти миллӣ–давлатӣ нақши калидиро соҳиб аст.

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванд рамзи олии давлатдорӣ, нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, як неъмати бебаҳо баҳри давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори созандагӣ ба хотири таъмини бахт ва саодати воқеии миллатҳо, шарафу эътибор ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Ба ҳама маълум аст, ки тоҷикон истиқлолияти давлатии худро баъди 1100 сол, 9 сентябри соли 1991 эълон доштанд, яъне соҳиби давлати миллии худ гаштанд. Вале душманону бадбинон ва хоинони миллати қадимбунёд марзу буми моро ором нагузошта, рӯзҳои сахт, сарду нангинро ба сари мо бор карданд. Ҳатто фарзандони гумроҳшуда ва ноогоҳ аз ҳуввияти худ, аз миллати озода дар ин амалҳо бар зидди бародарони хеш фаъолият мекарданд, ки барои инсони боидрок бисёр дилрешкунанда мебошад. Ин зиддиятҳо боиси бесару сомон шудан, гуреза шудан ва талафоти ҷонии мардуми шариф, ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ (солҳои 1992-1997) дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва навбунёд гардид. Ҳодисаҳои рухдодаи ниҳоят нангини ҷанги хонумонсӯз рӯз ба рӯз дар дили мардум яъсу ноумедӣ зам мекард.

 Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки минбаъд “Иҷлосияи тақдирсоз” ном гирифт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардид ва дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанги кишварамон роиҷ гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуда, муҳимтар аз ҳама шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

 Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил маҳсуб меёбанд, барои ҳифзи марзу буми Тоҷикистон ва таҳти назорати доимӣ гирифтани сарҳади давлат таъсис дода шуданд. Дар ин хусус, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид карданд:”Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”.

 Ҳазорон бор шукр, ҳамду сано ба Худованд мегӯем, ки камоли воқеии фарзандони фарзонаи миллати некноми тоҷик ба ин ҳама бадбахтиҳо, нооромиҳо ва ватансӯзиҳо 27 –уми июни соли 1997 нуқтаи оромӣ гузоштанд, ки Эмомалӣ Раҳмон яке аз ин беҳтаринҳост, ки ҳамеша “Аҳсан ба ту марди майдон, марди сухан ва амал, эй Қаҳрамони тоҷик!” мегӯем. Ифтихормандем, аз он ки миллати шарифи тоҷик соҳиби чунин фарзанди закиву дилсӯз, бунёдкору сулҳофар ва фарҳангофар мебошад, ки бо ҳисси миллатдӯстӣ ва хештаншиносӣ, ҳамчун ватандори асил ва абармарди таърих баҳри ҳифзи марзу буми аҷдодоии хеш, нангу номуси миллӣ, аз нав ба ҳам овардани мардуми пароканда ва роҳгумзадаи ин сарзамин аз ҷону умри ҷавони хеш гузашт намуд. Ҳама хурду калон шоҳиди он ҳастем, ки оқибат некномию некпиндорӣ ва армонҳои миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллати тоҷикон унвон дод.

Мо модарон хоҳони онем, ки фарзандонамон ба қадри заҳмат, дониш, меҳнат, ҷоннисорӣ, шоҳкориҳои мардони ватандӯсту шердили кишварамон, ки тамоми ҳастияшонро баҳри мустаҳкам ва пойдории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳаёти озоду осоишта, пешравии илму техника, иқтисодиёт фидо намудаанд, бирасанд ва кору пайкори мардони шуҷоъро ҳеҷ гоҳ аз лаҳни хотир набароранд. Дар баробари ин гуфтаҳо, аз мактаби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд худ огоҳ бошанд ва корномаи ҷовидаи ин шахси муътабару нотакрорро ба наслҳои оянда расонда тавонанд.

Дастовардҳои давлати биҳиштосоямон муддати сию се соли соҳибистиқлолии кишвар (1991-2024) таҳти роҳбарии марде чун ситораи тобнок аз табори хираду заковат ва андеша, инсони ташаббускору башардӯсту хайрхоҳ, таҳкимбахшандаи худшиносиву худогоҳӣ, болобарандаи ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, халқпарварӣ, саробони миллат, сиёсатмадори сулҳофару фарҳангофар, меъмори ваҳдат, барқарорсозандаи сулҳу суботи комил, бунёдкор ва рушдиҳанда дар таъмини устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, шахсияте, ки қалби саршор аз меҳру муҳаббатро нисбати инсоният соҳиб аст, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти имрӯзаи ҷомеа ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти инсонӣ ба таври хеле возеҳу равшан дарк ва эҳсос мешаванд.

Истиқлолият мардуми парешонро зери Парчами миллӣ дар фазои сулҳу субот муттаҳид намуда, имконият додааст, ки дар пайи ҳал намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат ҳаммаром бошанд.

Барои тамоми мардуми Тоҷикистон даврони Истиқлолият имконияти воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Бояд қайд кард, ки истеъдоди нодиру беҳамтои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ӯ дар роҳи тайнамудаи худ ва азму иродаи қавии миллати дорои таъриху фарҳанги бостонӣ баҳри расидан ба рукнҳои давлатдорӣ ва таҳким бахшидан ба пояҳои Истиқлолияти давлатиро хеле олӣ ба эътибор гирифта, саъю кӯшиш намуданд, ки бо донишҳои марбут ба худшиносии миллӣ симои ҳар як шаҳрванди мамлакатамонро, хусусан наврасону ҷавононро мунаввар созанд. То ин ки насли худогоҳи миллат васоити донишҳои илмию сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию фарҳангӣ, худшиносии миллӣ, ки сарчашмаи хушбахтиҳои мо маҳсуб меёбад, тамоми арзишҳо ва ҳуввияти миллиро аз равандҳои хатарафзои ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ дошта тавониста, дар ҷаҳон давлати навбунёди соҳибистиқлоли тоҷиконро пойдору бақо бимонад.

Бинобар ин, бояд ҳар яки мову шумо, шаҳрванди хештаншиносу худогоҳ баҳри пешравии ватани худ, Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю кӯшиш намоем, дар ҳама соҳаҳо фаъолияти пурсамару бонатиҷа нишон диҳем, ҳамеша дар ҳолати “Омода бош!” қарор дошта бошем ва мисли варзишгарони муваффақи ватанӣ, “Иштироккунандагони Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2024”, ибораи зебои “Тоҷикистон ба пеш!”-ро сидқан, самимона, озодона, бовиқорона аз минбарҳои бузурги ҷаҳонӣ бо ифтихор Парчами Тоҷикистонро бардошта, дар байни дигар миллатҳо иброз менамоянд, орзумандам, ки мову шумо низ сарбаландона ин ибораи хушмаъноро дар Ватани хеш гуфта тавонем.

Фирӯза Сангова, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top