Баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва барпо намудани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд тоҷикон тавонистанд, ки бори дигар худро ҳамчун миллати мустақилу куҳан ва дорои фарҳанги қадима ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори давлатеро мустаҳкам намуд, ки тибқи арзишҳои умумибашарӣ бунёд ёфта, дар таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони худ кафолатдор мебошад.
Ин дастоварди миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик падидаи нодири таърихӣ имкон фароҳам овард, ки дар радифи амалӣ гардидани дигар ҳадафҳои муҳимму стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати гендерӣ дар амал ва самаранок татбиқ гардад. Яке аз самтҳои меҳварии сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар замони Истиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбия ва маърифатноккунонии ҷавондухтарон ташкил медиҳад. Дар ин марҳилаи кутоҳи таърихӣ ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳамқадам гардидан ба ҷомеаи мутамаддин зарурати маърифатноккунонии ҷавондухтарон ба миён омад. Аз таҷрибаи таърихӣ маълум аст, ки зани тоҷик дар ҳама давраҳо чун қишри муҳим ҷойгоҳи хосса дошт. Махсусан, дар таълиму тарбияи насли наврас мақоми зани тоҷик ҳамеша барҷаста буд ва ҳаст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи занону духтарон ва дастгирии онҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, дар ҳар мулоқот ва суханрониҳояшон мавқеи занону духтарон ва нақши созандаи онҳоро дар ҷомеа махсус таъкид менамоянд. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат, ҷалб намудани занону духтарон ба чорабиниҳои давлатию ҷамъиятӣ, барои ба ҳаёти мустақилона омода намудану дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, дар шуури онҳо бедор кардани фарҳанги оиладорӣ, риояи талаботи қонунҳои миллии амалкунандаи ҷумҳурӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида аз ҷониби Ҳукумати кишвар чораҳои муҳимму саривақтӣ дар амал татбиқ шуда истодаанд.
Ногуфта намонад, ки либоси миллӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буд. Бояд гуфт, ки яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ рӯйдоди “Тоҷикона мепӯшем” баргузор мегардад. Занону бонувони тоҷик бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули хеш, либоси атласу адрас ва чаканро ба бар намуда, дар рӯйдоди “Тоҷикона мепӯшем” фаъолона ширкат варзиданд.
Имрӯз дар замони ҷаҳонишавӣ яке аз масъалаҳое, ки давлати миллиамонро ба ташвиш овардааст ин ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ-суннатӣ мебошад, махсусан давоми даҳсолаи охир рӯй овардани ҷавонон, алалхусус,ҷавондухтарон ба арзишҳои бегона зиёд мушоҳида мешавад. Яке аз арзишҳои миллӣ ин либоси миллии суннатии занону духтарон мебошад, ки симои миллатро нишон медиҳад, ки муҳимтарин унсурҳои фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад. Сабаби асосии майли занону духтарони мо ба либоси ғайримиллӣ, тақлидкорӣ, муд шудани пӯшидани ингуна либосҳо ва намоиш додани мазҳабӣ будани худ мебошад. Аз ин ҷо бар меояд, ки пӯшидани ҳиҷоб аз рӯи эътиқоди динӣ ва ё ба роҳат ҳис кардани худ нест, яъне пӯшидани ин либосҳо аз рӯи ҳавою ҳавас ва тақлидкорӣ сурат мегирад, ки манфиати воқеӣ надорад.
Занону ҷавондухтарони тоҷик имрӯзҳо бо истифода аз шароити мусоиди фароҳамомада дар ҳама самтҳо фаъолияти назаррас доранд. Ширкати ин қишри муҳимми ҷомеаро метавон дар амалӣ намудани сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба таври назаррас мушоҳида намуд. Дар ин радиф зарур аст, ки имрӯз дар баробари мардон занон бо нақши худ дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои муқаддаси миллӣ саҳмгузор бошанд.
Ҷамила Ғафурова, мудири шуъбаи фарҳанг ва осорхонаи ДДТТ