(бахшида ба Рӯзи байналхалқии кооператсия)
Кооператсияи матлубот системаи серсоҳаи иқтисодист, ки хусусиятҳои он бо характери дугонаи кооператсия алоқаманд буда, вазифаи иҷтимоӣ ва фаъолияти тиҷоратиро вобаста ба фурӯши мол, харид ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба ҳам мепайвандад. Соҳаи афзалиятноки кооператсияи матлубот савдо ба ҳисоб рафта, нақши он дар рушди иқтисодиёти кишвар, хусусан, дар деҳот беназир аст.
Аз таърихи ҳаракати кооперативӣ бар меояд, ки он дар Тоҷикистони ҳозира аввалҳои асри ХХ оғоз гардидааст. Ташкили аввалин ҷамъияти кооперативии истеъмолгарон, ҳамчун ташкилоти ҷамъиятиву хоҷагӣ ба соли 1916 мутааллиқ буда, аввалин кооператив дар уезди Хуҷанд ба фаъолият оғоз намудааст.
Бояд қайд намуд, ки ҷамъияти истеъмолгарон дар асоси Оиннома таъсис ёфта, асоси кооператсияро озодона дохил шудан ба узвияти кооператсия, тарзи идоракунии демократӣ ва назоратро дарбар мегирифт, ки то ба ҳол асоси ҳаракати кооперативиро дар тамоми дунё ташкил менамояд. Бори аввал чунин ҷамъият соли 1919 дар шаҳри Конибодом таъсис ёфта, соли 1922 миқдори чунин ташкилотҳо ба 29 адад расид. Таъсиси кооператив дар шаҳри Истаравшан такони ҷиддие барои қувват гирифтани ҳаракати кооперативӣ дар ин сарзамин гардид..
Соли 1921 дар шаҳри Тошканд Бюрои Осиёи Миёнагии Сентросоюз таъсис дода шуд, ки он ташкилоти кооперативии «Турксоюз»-ро иваз намуд.
Ба хотири таъмини фаъолияти босамар аввалҳои соли 1922 фаъолияти кооператсияи матлубот ба сохтори нав мутобиқ кунонида шуд. Дар натиҷа «Иттифоқи истеъмолгарони Хуҷанд» баъди ҷудо шудан аз «Турксоюз» як шабакаи савдо бо 16 адад дӯкони фурӯши маҳсулотро қабул намуд.
Моҳи октябри соли 1924 Ҷумҳурии автономии Шуравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки пойтахташ шаҳри Душанбе эълон гардид. Маҳз ҳамин сол, соли таърихӣ барои ояндаи кооператсияи матлуботи Тоҷикистон гардид. Соли 1924 Иттифоқи ҷамъиятҳои истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо номи «Узбекбирляшув» ва Маркази ҷумҳуриявии кооператсияи матлуботи Тоҷикистон таъсис ёфта, кооператсияи матлуботи Тоҷикистон 5 кооператив ва 14 дӯконро дар бар гирифта, шумораи аъзоёнаш 1173 нафарро ташкил медод.
Дар соли 1925 ҷамъияти истеъмолкунандагони шаҳри Душанбе таъсис ёфта, ҳамзамон ҷамъияти истеъмолкунандагони Қаратоғ низ ба қайд гирифта шуд.
Моҳи октябри соли 1928 ҷамъиятҳои истеъмолгарони Ғарм, Ҷилликӯл, Сарой Камар, Обигарму Янгибозор таъсис ёфтанд. Соли 1929 баробари таъсисёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳаёти кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ низ дигаргуниҳои ҷиддие ба амал омад. Дар ҷаласаи Шурои комисарони халқи РСС Тоҷикистон 18 июли соли 1929 қарори махсус «Оид ба ташкили Иттифоқи ҷамъиятҳои истеъмолгарони Тоҷикистон - «Матлуботи тоҷик» қабул карда шуд, ки оғози фаъолияти онро 1–уми октябри соли 1929 эълон намуд. Вакилони Анҷумани 1 – уми кооператсия 29 октябри соли 1929 дар бораи Иттифоқи истеъмолгарони мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуданд.
Давраи нави рушди кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ оғоз гардид ва бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин ниҳоди мардумӣ асос гузошта шуд.
Имрӯз дар сохтори Иттифоқи Тоҷикматлубот раёсати иттифоқи ҷамъияти матлуботи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, ки ду ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мурғоб ва Рӯшон, инчунин намояндаи ИҶМ ВМКБ дар ноҳияи Шуғнон, Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим ва Роштқалъаро дар бар мегирад, фаъолият доранд.
Дар Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд бошад - ҷамъияти матлуботи ноҳияи Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Fафуров, Деваштич, Зафарообод, Истарафшан, шаҳри Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Мастҷоҳи Кӯҳӣ, Панҷакент, Чаббор Расулов, Шаҳристон, бозори марказии шаҳри Истарафшан, Конибодом ва ноҳияи Спитамен муттаҳид шуда, фаъолияти босамарро пеш мебаранд.
Дар Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Хатлон - ҷамъияти матлуботи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Вахш, Восеъ, Данғара, Дӯстӣ, Ёвон, Кӯлоб, Қубодиён, Ҳамадонӣ, Мӯъминобод, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус муттаҳид шудаанд. Инчунин идораи маҳсулоттайёркунии ноҳияи Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, бозори ноҳияи Балҷувон, Дӯстӣ, Панҷ ва ҶДММ «Кооператор»-и шаҳри Кӯлоб дохиланд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҷамъиятҳои матлуботи шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, ноҳияҳои Варзоб, Лахш, Нуробод, Рашт, Рӯдакӣ, Тоҷикобод ва Файзобод фаъолият менамоянд.
Дар сохтори Тоҷикматлубот фаъолияти таълимиро Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва литсейи ДДТТ пеш мебаранд. Бахусус нақши ДДТТ дар тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнати кишвар ва байналмилалӣ беназир аст.
Бояд тазаккур дод, ки мутобиқи резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 16 декабри соли 1992, № 47/90 ва муқаррароти Алянси байналхалқии кооперативӣ ҳар сол дар тамоми ҷаҳон шанбеи аввали моҳи июл Рӯзи байналхалқии кооператсия қайд карда мешавад.
Бо назардошти ин, мо ҳама кормандони Иттифоқи матлуботи Тоҷикистонро бо ин рӯз аз номи тамоми устодон, кормандон ва донишҷуёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон табрик ва муборакбод намуда, ба онҳо саломатӣ, расидан ба мақсад ва ҳиссагузор буданро дар рушди босуботи Тоҷикистони биҳиштосо орзумандем.
Раҷабов Раҷаб Кучакович, д.и.и., профессори ДДТТ, Корманди шоистаи Иттифоқи матлуботи Тоҷикистон.