Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Хабарҳо Ҳамкориҳои судманд

Ҳамкориҳои судманд

Ҳар сол бо ташаббуси Раёсати ДДТТ бо мақсади ҷалби довталабон ба ин боргоҳи илму маърифат якчанд гурӯҳи корӣ дар ҳайати омӯзгорону мутахассисон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода мешавад.

  

Соли равон аз 12 – ум то 15 – уми декабри соли 2018 як гурӯҳи корӣ бо роҳбарии котиби Шӯрои олимон Маҳсуддинова Р.Ғ. дар ҳайати муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкӣ Маҳмудов М.А. ва донишҷӯи курси 2 – юми ихтисоси 25010801 – баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Қодиров П.Б. бо мақсади тарғибу ташвиқ ва муаррифии зарфияти илмию омӯзгори ДДТТ ба шаҳри Норак ва ноҳияҳои Темурмалику Данғара сафари корӣ намуда, бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо ва мактаби президентии минтақаи мазкур суҳбату мулоқотҳои судманд гузарониданд.

  

Раёсати ДДТТ ба мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара Давлатзода Ф.Ш., мудири шуъбаи маорифи шаҳри Норак Набиев С.Б. ва дигар шахсони масъули соҳаи маорифи ноҳияҳои мазкур барои истиқболи гарму самимии аъзои гурӯҳи корӣ ва ҳамкориҳои судманд дар масъалаи омода намудани насли нави ояндасози кишвар изҳори сипос менамояд.

   

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Ҳамкориҳои судманд