Табодули донишҷȳён ва устодон дар донишгоҳ

Ҳамкории донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатҳои хориҷӣ асосан дар самтҳои зерин амалӣ мегардад:

  • таҳия ва ба тасвиб расонидани шартномаҳо бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ва иҷрои амалии онҳо;
  • мубодилаи устодон, донишҷўён ва адабиёти таълимию методӣ;
  • таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва ташкилу гузаронидани конфронсу семинарҳои муштарак;
  • ташкили вохўриҳо бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ;
  • ташкили курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ;
  • таъмини раводиди устодон ва донишҷўёни хориҷӣ;
  • кор бо донишҷўёни хориҷӣ;
  • робита бо ҷомеа ва рушди туризм;
  • такмили сайти донишгоҳ.

Табодули донишҷȳён ва омӯзгорон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.

Табодули донишҷȳён ва омӯзгорон ба бакалаврҳо, магистрҳо ва аспирантҳо имконият фароҳам меоварад, ки дар хориҷа бо роҳи ширкат варзидан дар барномаҳои кȳтоҳмуддати таҳсилотӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ таҳсилро идома диҳанд ё таҷрибаи илмӣ ба даст оваранд.

Ҳадафи рушди барномаҳои табодули донишҷȳён ва устодон дар донишгоҳ - ин баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар намудани ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо ва фарҳангҳои гуногун, тарбияи насли ҷавони омодабуда ба ҳаёт ва кор дар ҷомеаи байналмилалии иттилоотӣ мебошад.

Табодули донишҷȳён ва омӯзгорон дар мувофиқа бо созишномаҳо байни ДДТТ ва макотибҳои олии ҳамкор амалӣ карда мешаванд.

Вазифаҳои асосии шъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ дар доираи барномаҳои табодули донишҷȳён ва омӯзгорон:

  • ҷалби олимони шинохтаи хориҷӣ;
  • тадбиқи барномаҳои табодули донишҷȳён ва омӯзгорон (иттилооотонӣ, интихоби номзадҳо, мусоидат дар таҳияи ҳуҷҷатҳо);
  • омода намудани базаи иттилоотӣ оид ба стипендияҳо ва бурсияҳои дастгирии табодули донишҷȳён ва омӯзгорон;
  • машварат ба донишҷȳен ва омӯзгорони донишгоҳ доир ба масъалаҳои ширкат варзидан дар барномаҳои байналмилалӣ ва гирифтани бурсияҳо.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top